ТОШЛОҚИҲО АВВАЛИН ШУДА КОРВОНИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО ТАШКИЛ КАРДАНД

Пахтакорони зарбдори ноҳияи Тошлоқ имсол дар вилояти Фарғона аз аввалинҳо шуда ба чидани ҳосили пахта ва ба пунктҳо интиқол додани он шурӯъ карданд.

Пахтакорони зарбдори ноҳияи Тошлоқ имсол дар вилояти Фарғона аз аввалинҳо шуда ба чидани ҳосили пахта ва ба пунктҳо интиқол додани он шурӯъ карданд. Чунин корвони мошину тракторҳои пурборро пункти қабули марбути ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Expo Kollor Prin Teks” пазируфт.
Гуфта мешавад, ки ин ҷамъият дар ноҳияи Тошлоқ ба парвариши тарзи кластерии кишти пахта машғул мебошад. Роҳбари он Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев ба таври таҷрибавӣ ҳокими ноҳия таъин гардид. Вай Шуҳрат Абдусаломовро иваз намуд, ки соли 2018 ба ин мақом таъин гардида, моҳи июн барои корношоямӣ аз тарафи сарвари давлат аз вазифа озод карда шуд.
Деҳқонони ноҳияи Тошлоқ соли равон дар 5 ҳазору 120 гектар майдон кишту парвариши пахтаро ба роҳ мондаанд. Тамоми корҳои вобаста ба парвариши пахта бар асоси қоидаҳои замонавии агротехникӣ гузаронида шуданд.
— Барои ҷамъоварии ҳосили расондаамон 100 отряди чинакчиёнро ташкил намудем. Дар айни ҳол ҳудуди ҳазор нафар чинакчиён ба мавсими ғунучини пахта ҷалб карда хоҳанд шуд. Аксарияти чинакчиён коргарони хоҷагиҳои кластерӣ ва фермерии ноҳия мебошанд. Ҳамчунин, барои кумак ба пахтакорон аз нерӯи ихтиёриён низ истифода хоҳад шуд, — мегӯяд ҳокими ноҳия Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев.
Вай афзуд, ки тибқи супоришоти шартномавӣ ноҳияи Тошлоқ соли равон ба хирмани давлат 16 ҳазор тонна “тиллои сафед” месупорад. Барои иҷрои ин нақша ҳамаи шароити созгор фароҳам оварда шудаанд. Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев мегӯяд, пахтаи ҷамъоваришуда сари вақт тавассути мошинҳову тракторҳои присепдор ба пункти қабул интиқол дода мешавад.
— Мо бояд аз обу ҳавои мусоид истифода барем ва дар чинаки якум аз майдонҳои пахта ҳадди ақал беш аз 70 дарсади супоришоти пахтасупориро ба ҷо оварем, — иброз дошт Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев.
Ногуфта намонад, ки ҳокими ноҳияи Тошлоқ ҳамзамон директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди кластери бофандагии пахтаи «Expo Kollor Prin Teks» низ мебошад. 
Маълум шуд, ки дар айни ҳол коргарони хоҷагии фермерии “Умидли тонг файзи” таҳти роҳбарии О.Мирзоматов суръати чиниши дастии пахтаро беш аз пеш вусъат бахшидаанд. Ин хоҷагӣ дар майдони 48 гектар кишту парвариши пахтаро ба роҳ мондааст.
— Соли гузашта низ ҳосили майдонҳои пахтаамон хеле хуб буд. Мо супоришоти шартномавиро сарбаландона иҷро карда будем. Имсол аз рӯи ҳосили рӯёндашуда фатҳи марраи 50-сентнериро мадди назар дорем, — мегӯяд роҳбари хоҷагии фермерии “Умидли тонг файзи” О.Мирзоматов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: