ТОШРАБОТ БА ДЕҲАИ ЗАМОНАВӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Роҳбари давлатамон 2 марти соли ҷорӣ ҳангоми ташриф ба вилояти Навоӣ бинобар ободсозии ҳудудҳо як қатор вазифаҳоро муайян карда буд.

Айни замон дар доираи барномаи «Деҳаи обод» дар бобати куллан тағйир додани инфрасохтори ҳудудҳои дурдасти вилоят, баланд бардоштани фаровонҳолии аҳолӣ, қиёфаи замонавӣ додан ба биноҳои куҳна корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. 
Аз ҷумла, дар асоси барномаи дузинавӣ дар деҳот бинобар сохтмони объектҳои савдо, маишӣ, хизматрасонӣ як қатор чораву тадбирҳо роҳандозӣ шуданд. Бо мақсади дастгирии фаъолияти   гармхона, паррандапарварӣ ва соҳаҳои дигари фаъолияти оилавӣ вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуда, иҷрои вазифаҳои муайяншуда таъмин мегардад.
Фармони Президент «Дар бораи барномаи «Деҳаи обод» аз 29 марти соли 2018 ва қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ бинобар амалисозии барномаи «Деҳаи обод» дар соли 2018» дар ин бобат дастурамали муҳим мегарданд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мазкур ба қиёфаи замонавӣ овардани деҳот, баланд бардоштани маданият ва дараҷаи зиндагии аҳолӣ дар назар дошта шудааст.
Дар доираи барнома дар деҳаи Тошработи ноҳияи Кармана низ якчанд хонавода интихоб ва дар асоси талабҳои шаҳрсозии замонавӣ таъмир карда мешавад.
– Айни замон сохтмонҳои ғайриқонунӣ ё бетартиби деҳот вайрон карда, қиёфаи ҳудуд тағйир дода мешавад, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳия Д. Эргашев. – Аз ҳама муҳимаш ин ки дар ҷараёни таҷдиди деҳот ба масъалаҳое мисли аҳволи иҷтимоии аҳолӣ, маданияти аз ҳаёта самаранок истифода бурдан, таъминоти газ, қувваи барқ эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар асоси нақшаи муайяншуда таъмири шабакаи барқии 60-километрии ҳудуд, 47 километр қубури газ дар назар дошта шудааст. Барои хонаводаҳое, ки гази табиӣ расида нарафтааст, кашидани шабакаи нави гази 2-километра барои аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ба корҳои ивазкунии симчӯбҳо бо бетонияш, таҷдиди қубурҳои оби нӯшокӣ, ба тартиб овардани кабели алоқа эътибори алоҳида дода мешавад. Ҳамчунин, 19 километр роҳи дохилии деҳа асфалтпӯш карда хоҳад шуд. Бинои ду мактаби таълими умумӣ таъмири капиталӣ карда мешавад. Муассисаи таълими томактабӣ ба намуди замонавӣ оварда мешавад. Нуқтаи тиббии оилавии деҳа ҳам ба қиёфаи замонавӣ расонда шуда, ба сифати муассисаи шинами саломатӣ аз нав ба кор шурӯъ мекунад.
Ин гуна корҳои нек ва хайрхоҳона, ки дар сартосари мамлакат амалӣ карда мешаванд, дар одамон  баробари баланд бардоштани ташаббускорӣ, ғайрат ва шуҷоат эҳсоси умед ба ояндаро устувор месозанд.

Н. РАҲИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: