Дар шаҳри Самарқанд барои тренерони минтақавии комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавии интихоботӣ, ки интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шӯроҳои маҳаллиро мегузаронанд, аз рӯйи омодагӣ ва гузаронидани интихобот машғулотҳои хонишӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар рафти машғулотҳо, ки чор рӯз давом кард, донишу малакаи тренерони минтақавӣ такмил ёфта, ба онҳо навгониву тағйироти интихоботи имсола фаҳмонида шуд.
Дар семинари омӯзишӣ профессор-устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд маърӯзаҳо намуда, дар бораи тағйироту иловаҳои қонунгузории интихобот, таҷрибаи байналмилалӣ ва амалиёти миллӣ, камбудиҳое, ки дар интихоботи пешина роҳ дода шудаанд ва масъалаҳои пешгирии онҳо маълумот доданд.
Аз ҷумла, дар рафти тренингҳо дар мавзӯъҳои «Системаи омехтаи интихобот ва хусусиятҳои хоси он», «Сохтор ва ҷиҳатҳои асосии фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ», «Кор бо рӯйхати интихобкунандагон дар интихобот», «Таҷҳизонидани биноҳое, ки комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҷойгир шудаанд ва ташкили овоздиҳии пеш аз мӯҳлат», «Ҳамкории комиссияи қитъавии интихобот бо дигар иштирокчиёни ҷараёни интихобот (ВАО, мушоҳидон, намояндагони мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ)» маърӯзаҳо карданд.
Инчунин, тавассути машғулотҳои амалӣ тартиби корбарии комиссияи қитъаи интихоботӣ дар рӯзи овоздиҳӣ, ҳисоб кардани овозҳо ва пур кардани ҳисобот фаҳмонида шуд.
Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.