Ба наздикӣ Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон дар пойтахт барои журналистони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ихтиёриён доир ба мавзӯи “Дар таҳким бахшидани тамоюлҳои шаҳрвандии глобалӣ нақши РАО” тренинги байналхалқии Медиалаборатория – 2021-ро баргузор намуд.
Ба наздикӣ Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон дар пойтахт барои журналистони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ихтиёриён доир ба мавзӯи “Дар таҳким бахшидани тамоюлҳои шаҳрвандии глобалӣ нақши РАО” тренинги байналхалқии Медиалаборатория – 2021-ро баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо кӯмаки Вазорати федоролии корҳои хориҷии Олмон, Ваколатхонаи ҷамъияти ҳамкории байналхалқии Олмон дар Ӯзбекистон (GIZ) ва филиали Ассотсиатсияи университетҳои халқии немис (DVV) сурат гирифт.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳким бахшидани робитаи шабакаҳои ҳудудии РАО ва ҷавонон ба хотири тарғиби ғояҳои шаҳрвандии глобалӣ ва пешгирии экстремизми маҷбурӣ, табодули таҷриба бобати таҳким бахшидани тамоюлҳои кушодадилию таҳаммулпазирӣ бобати равшан намудани масъалаҳои тарғиби ғояҳои шаҳрвандии глобалӣ ва пешгирии экстремизми маҷбурӣ дар РАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд кардани омилкории иштирокчиён буд.
Иштироккунандагон таъкид намуданд, ки моҳи июли соли ҷорӣ роҳбари давлатамон дар анҷумани байналхалқие, ки таҳти мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи байниякдигарии минтақавӣ” ба сухан баромада, 10 пешниҳодро доир ба таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба миён гузошт. Яке аз онҳо якҷоя кардани саъю ҳаракатҳо алайҳи таҳдидҳо ба суботу бехатарии минтақа мебошад. Ӯзбекистон ҷонибдори субот, рушди барқарор ва таҳким бахшидани робитаҳо дар минтақа аст. Дар ин кори муҳим ба расонаҳои ахбори оммавии кишварҳои Осиёи Марказӣ эътибори калон дода шуд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки барои равшан намудани ғояву тамоюлҳои мазкур, дарк намудани моҳияти масъалаҳо бояд журналистон дониши чуқур дошта бошанд. Ин ҷиҳати масъала дар маркази диққати иштирокдорони тренинг қарор гирифт. Иштирокдорон дар доираи чорабинӣ баромади тренеру экспертҳои миллӣ ва нутқи мутахассисони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро шунида, табодули афкор намуданд, аз якдигар тарзи корбарӣ омӯхтанд.
Дар поёни чорабинӣ таъкид гардид, ки баҳри иҷрои лоиҳаҳои маърифатӣ, табодули ахбору таҷриба байни журналистон дар байни Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон ва се созмони медиа: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба тасвиб расондани Мемориандум дар мадди назар аст.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.