ТУҒЁНИ ЭҲСОС

Дар ҷумҳуриамон, баробари ба амал татбиқ намудани ислоҳоти васеъмиқёс, ба тарбияи ҷавонони умедбахш ва рӯйи об баромадани истеъдоди онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар ҷумҳуриамон, баробари ба амал татбиқ намудани ислоҳоти васеъмиқёс, ба тарбияи ҷавонони умедбахш ва рӯйи об баромадани истеъдоди онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ба қарибӣ дар Хонаи фотосуратҳои пойтахт намоишгоҳи шахсии донишҷӯйи курси дуюми факултаи санъати тасвирӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд Мадина Акмалхонова таҳти номи «Туғёни эҳсос» боз гардид.
Дар намоишгоҳ беш аз 60 кори эҷодии донишҷӯ, ки бино ба техникаи гуногуни санъати тасвирӣ, мисли натюрморт, манзара, анималистика анҷом дода шудаанд, ба маъраз гузошта шуд. Дар онҳо манзараҳои нотакрори кишварамон, замини ҳосилхези он, фаслҳои сол ва олами ҳайвонот тасвиркорӣ шудаанд. 
Наққошиҳои ӯ диққати бинандаро мерабоянд, ба андеша водор месозанд. Тасвири  анималистии наққош — «Эҳтирос» бештар диққати тамошобинонро ҷалб намуд. Ду аспи дар он тасвирёфта, мисли ин аст, ки «Туғёни эҳсос»-и муаллифро ифода менамоянд.
Хатмкардаи коллеҷи наққошии ҷумҳуриявии ба номи П. Бенков — Мадина соли 2001 дар шаҳри  Тошканд дида ба дунё кушодааст. Соли 2016 дар ҷашнвораи «Art-Navo», ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда буд, ширкат ҷуста, ҷойи якумро гирифтааст.

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: