Соли ҷорӣ бо корҳое, ки бинобар панҷ ташаббуси Президент дар ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд амалӣ шуданд, ҳайатҳои вилоятҳо омада, бо дигаргуниҳо шинос гардида, таҷриба андӯхтанд.
Сипас, дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ идомаву густариш пайдо карданд. Баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, дар байни онҳо васеъ тарғиб намудани китобхонӣ яке аз панҷ ташаббуси Президент ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ба такмил додани маънавияти ҷавонон, барои онҳо шароити мусоид фароҳам овардан яке аз самтҳои асосии кор аст.
Навобод аз деҳаҳои зебонманзар дар ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд мебошад, ки бо мардуми шариф ва табиати дилрабои худ касро мафтун мекунад. Аз номаш ҳам маълум аст, ки ба тозагӣ обод кардаанд онро. Мардуми маҳаллӣ асосан тоҷикони мастчоҳӣ мебошанд, ки солҳои 50-60-уми асри гузашта ба ин ҷо кӯчида омадаанд. Дар суханронӣ, доду гирифт, урфу одат, маросимҳо анъанаи гузаштагони худро ҳифз мекунанд.
Мо моҳи майи соли 2017 ба муносибати Рӯзи ёдбуди шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ ба мактаби рақами 9-уми ноҳия рафта будем. Дар ҳамон вақт маълум шуд, ки ин мардум адабиёти миллиашро хеле хуб омӯхтаву ҳифз карда меояд. Вақте ки ровии маърака шеър мехонд, ҳамаи ҳозирон дар сатрҳои гардон бо ӯ ҳамовоз мешуданд ва танҳояш намегузоштанд. Он вақт шеърхонии бачагонро дида ҳаваси кас меомад, ки дар ин ҷо мардум кӯшиш мекунанд, адабиёт пеш равад, забони тоҷикӣ равнақ пайдо кунад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ дар Ӯзбекистон имрӯзҳо беш аз 1,5 млн. аҳолиро тоҷикон ташкил мекунанд, дар беш аз 245 мактаби тоҷикӣ ё дузабона фарзандони халқ таҳсил мегиранд. Аммо шукри Худованд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев бо дарназардошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва эҳтиёҷи маънавии онҳо сафи мактабҳои тоҷикӣ зиёд мешаванд. Дар деҳаи Навобод мардум аз он ки аз чунин бахт бархурдор шудаанд, ҳисси ифтихор мекунанд.
То соли хониши гузашта бачаҳои сокинони деҳа фақат дар як мактаб – мактаби рақами 9 таълиму тарбия мегирифтанд. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ баъди сохта супурда шудани мактаби нави рақами 43, ки қаблан тобеи мактаби рақами 9 буду акнун ба мактаби мустақил табдил ёфт, таҳсил дар ду мактаб идома пайдо кард. Алҳол ба зиёда аз 250 нафар донишомӯзон муаллимон дарс медиҳанд.
–Кӯшиш мекунем, ки таълими тоҷикӣ ба сатҳи баланд бардошта шавад. Дар мактаб донишомӯзони боистеъдод зиёданд, онҳоро тарбия карда, ба хизмати халқу Ватан сафарбар намудан вазифаи мост. Дар чунин як замоне, ки эҳтирому эътибори омӯзгор дар ҷомеа рӯз ба рӯз баланд мешавад, мактаб даргоҳи дӯстдоштаи омӯзгорону донишомӯзон мегардад. Ба ин хотир, дар мактаб ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки нисбати тарбияи шогирдон бефарқ бошад. Ҷамоаи мо аз як гиребон сар бароварда кор мекунад, – мегӯяд директори мактаб Абдувосеъ Рабиев.–Ҳоло бист нафар омӯзгор ба донишомӯзон аз фанҳои гуногун дарс медиҳанд. Дар байни онҳо устодони кордидаву ботаҷриба низ ҳастанд, ки ба муаллимони навроҳ кӯмак мерасонанд.
Аз ҳама муҳимаш ин ки боз як мактаби нав ба забони тоҷикӣ дар ноҳияи Бӯка ифтитоҳ шуд. Фарзандони мардуми маҳал аз масофаи 7 километр ба мактаб меомаданд, ки мактаби рақами 9 барои баъзеи онҳо дурӣ мекард.
Ҳангоми гаштугузор дар синфхонаҳо аз китобхонаи мактаб дидан кардем, дар як синфи васеъ китобҳо ҷой гирифта буданд. Баъди суҳбат бо мудири китобхона Диловар Ёров маълум шуд, ки мактаб нав бошад ҳам, аллакай китобҳои дарсӣ расонда дода шудаанд.
– Мо минбаъд мехоҳем, ки сафи китобҳо, аз ҷумла, китобҳои бадеиро зиёд кунем. Зеро барои васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва шуури донишомӯзон китобҳои бадеӣ аҳамияти зиёд доранд, – гуфт мудири китобхона Д. Ёров.
Аз навиштаҷоти тоҷикие, ки дар плакату баннерҳо ифода ёфта буданд, маълум буд, ки ҷамоаи мактаб нисбати забону фарҳанги худ бефарқ нест.
– Мо инҳоро супориш дода созонда овардем. Модом ки мактаби мо тоҷикӣ аст, чӣ гуна мумкин аст, ки навиштаҷот ва асбобҳои аёнӣ ба ин забон вуҷуд надошта бошанд? Агар инсон нисбати фарҳанги худ эҳтиром дошта бошад, барои ҳама кор имкон меёбад, – гуфт ҳини суҳбат омӯзгор Ҳоҷӣ Ҳоҷиев.
Дар ин мактаб аз оғози соли таҳсил шоҳбайтҳои тоҷикиро дар пештоқи синфу роҳравҳо насб кардаанд. Махсусан, фарҳангдӯстии муаллими забону адабиёти тоҷик Сулаймон Содиқов ба донишомӯзон таъсири амиқ гузоштааст, ба ин хотир, аксари онҳо шеърхону шеърдонанд ва ҳангоме ки шеъре хонда мешавад, ҳама бо меҳр ба он гӯш фаро меоранд.
– Мо пайрави Рӯдакиву Фирдавсиву Лоиқу дигарон ҳастем, агар шогирдони мо аз осори онҳо нахонанду бебаҳра монанд, пас, аз муаллими забону адабиёт чӣ фоида аст? Вақте кас забону адабиёти миллати худашро мукаммал медонад, барои омӯхтани забону фарҳанги халқҳои дигар роҳ кушода мешавад, – гуфт Сулаймон Содиқов.
Мавсуф дар чорабиниҳои миқёси ҷумҳурӣ низ бо шогирдони худ фаъол ширкат меварзад ва дар пешбурди фанҳои забон ва адабиёти тоҷик саҳмгузор аст. Бо назардошти таҷрибаи педагогиаш ҳамчун озмоишгар дар экспертизаи китобҳои дарсии тоҷикӣ низ ҷалб карда мешавад.
– Ҳамаи шуморо бо кушода шудани чунин як мактаби нав табрик мекунам. Зеро дар ноҳия кушода шудани дувумин мактаби тоҷикӣ хеле аҳамият дорад. Бояд бигӯям, ки муаллимӣ аз қадим дар хуни мардуми мо буд ва мемонад, – гуфт раиси Маркази миллии мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Ҷаъфар Холмуъминов.
Чӣ қадар завқу хушнудӣ бахшидани мактаби навро шояд сокинони маҳалла, аз ҷумла, наврасону ҷавонон амиқтар ҳис кунанд, зеро инак, «дар кӯчаи онҳо ҳам тӯй аст». Дар ташаккули ҳар як шахс мавқеи аввалиндараҷа доштани мактабро бошад, устод Айнӣ чунин ба қалам дода буданд:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям,
Одам нашавад касе магар аз мактаб.
Хусрав ҲАМИДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.