ТУ ДАР МОӢ, ВАТАН, МОЕМ ДАР ТУ

Ватан аз мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёт аст.

 Дар осори классикони адабиёти бештар аз ҳазору дусадсолаи мо, ҳамчунин, оҳангҳои тасвир, тараннум, эҳсос ва пазмонии Ватан ба гӯш расида, ба торҳои нозуки қалб нохун мезананд. Рӯдакӣ месуруд:
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме...
Чӣ будани гармӣ ва ҳароратеро, ки ба эҳсоси Ватан вобаста аст, гумоне, Абулқосим Фирдавсӣ боз ҳам дақиқтар идрок месохт. «Шоҳнома»-и безавол достони ҳамосавист ва лабрез аз ҳисси ватанпарварона. Камоли Хуҷандӣ ва Заҳириддин Бобур, бо тақозои тақдир, бештарин умри худ дар муҳоҷират гузаронданд.  Ватанро, ки пазмон шуданд, эҳсоси қалб фурӯ нишонда натавониста, ба даст қалам мегирифтанд.
Мегӯяд, Ватан ин макон аст, муҳаббати ватандорӣ замон надорад. Ҳақ ва рост аст...
Мавзӯи Ватан ҳамеша замонавист. Вақте дар ин бобат менависанд, меҳру муҳаббат, дӯстдорию садоқати онҳоеро, ки нисбати ин диёри маҳбуб доранд, ба қалам меоранд. Ҳазорон шеъру суруд офарида шудаанд дар ин мавзӯъ. Вале ин мавзӯъ боз дилҳоро ба ҷунбиш оварда ва эҳсос рӯи коғаз мерезад.
Чӣ ҳаёт ва чӣ адабиёт – дарсхонаи бузург.
Бояд Ватанро омӯхт, дар бораи Ватан чӣ ва чӣ тавр навиштанро омӯхт. Зимнан, нафақат дар ин мавзӯъ чизе нависӣ, ҳатто дар бораи Ватан, ки муҳаббаташ аз муҳаббати модар кам нест, ба хаёл равӣ, ба қавли маъруф, фикрҳо чун донаи гавҳар ба риштаи тасвир мегузаранд.
Ту хуршеду шарарҳоем мисле,
Зи ту нури саҳарҳоем мисле.
Ватан, эй модари ҷон, дар тани ту
Дилу ҷону ҷигарҳоем мисле.
***
Чӣ хуш, боғу чаманро дӯстдорӣ,
Чӣ хуш, гулпираҳанро дӯстдорӣ.
Чу фарзанде, ки дорад дӯст модар,
Чӣ хуш, модар-ватанро дӯстдорӣ.
Бале, он гуна фарзандро ба модар, ҳазорон риштаҳои меҳр ҳамватанонро ба Ватан мепайвандад. Тавъам ба дӯст надоштани модар Ватанро дӯст надоштан – тасаввурнопазир. 
Ватан – ҳарфи бузург. Натанҳо сарҳарф, меарзад он пурра бо ҳарфҳои калон навишта шавад. Чизе, ки рост омад, дар бораи он наменависанд. Шеър ё суруд дар ин мавзӯъ бояд зодаи эҳсоси баланд бошад. Гармии қалб дар он ҳис гардад. Вале эҳтимол на ҳар кас шарҳ дода тавонад  маъниҳои амиқ дар шеъри ватанпарастонаро. Муҳимаш, вай мутаассир бошад аз ин гуна шеър ва ҳамин ҳиссиёт чун сутун ӯро устувор дорад. Ба маъние, ба ҳар кас савганди вафо бошанд ҳарфу баёнҳое, ки воқеан ватандӯстонаанд:
Гар ӯ не ҷонфидо, марди Ватан нест,
Ҷаҳондору ҷаҳонгарди Ватан нест.
***
Ватан байроқ дар бомат дилафрӯз,
Дилоро субҳату шомат дилафрӯз.
Ватан гӯем, равшан мешавад дил,
Ба номат ҷон фидо, 
номат дилафрӯз.
Шеър ва суруд дар бораи Ватан воситаи пуртаъсире буда, дар онҳо қиёфаи нотакрор, зебоиҳои ин сарзамин, ки ҷаҳониёнро мафтун гардонда, бо рангҳои дилкаш инъикос меёбанд. Ватан ифодаи мавҳуми бо нафаси баланд садодода нест, балки воқеияти кулл – диёри озод ва ободест, ки дар он умр ба сар мебарем. Он ягона аст. Мисли модар якто, вале модарест бисёрфарзанд:
Туро, эй модари бисёрфарзанд,
Ҳазору сад ҳазоронем дилбанд.
Дарахти сабз, баргу решаатро
Ҳазору сад ҳазоронем пайванд.
Сухан дар бораи ту ронда бо меҳр,
Туро мо модари ҷон хонда бо меҳр.
Ватан, яктоиву мо миллионҳо
Дар атрофат туро печонда бо меҳр.
Тавре фарзанд назди падару модар  қарздори умрона аст, дар назди Ватани  маҳбуб қарздории ҳамватанҳо  дар бисёр шеъру суруд, ки самимона садо медиҳанд, талқин меёбад. Шоири мардумии Ӯзбекистон Иқбол Мирзо таъкид менамояд, ин Ватан, ки такягоҳ ва мояи ифтихор аст, дар навбати аввал барои ҳар яки мо қадру қимат ҳадя намуд. Таъсири бузурги озодие, ки истиқлол ато кард, дар ҳуррияти қалб, рӯҳия ва тафаккурамон намоён мегардад.
Адабиёт агар тадқиқгари рӯҳияти инсон аст, шеърҳое, ки дар васфи ватананд, дар ҷодаи поксозии қалб, идроки зебоӣ ва бузургиҳои ин сарзамин хидмат мекунанд.
Дар ин тавр шеъру суруд, худ аз худ, тозафикрӣ, тафаккури озодона ба зуҳур меоянд. Ба ботин равшанӣ ворид месозанд.  Ҳастии кас аз ифтихор лабрез менамоянд. Дар рӯҳи арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани авлоди ҷавонро низ шеърҳои ватанпарастона таъсири беқиёс доранд.
Мегӯянд, барои ватанпарвар будан дар роҳи рушду ривоҷи ин Ватан бояд корҳои бузург ва сазовор  кард. Вале ҷавоне, ки ҳанӯз аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, ватанпарвар нест?
Шоира Мунаввара дар ҷавоби ин суол мегӯяд, корҳои бузург баҳри равнақи Ватан кардан амалест, ки барои иҷрои он на ҳар кас имконият дорад. Барои ин дар нуқтаҳои гардишноки таърих тақдир шахсони алоҳидаро меофарад.
Вале барои Ватан зиндагӣ кардан имкониятест, ки ҳамаамон дорем. Масалан, худро аз корҳои бад нигоҳ дорем, то имкон будан ба шуғлҳои фоиданок вақти худ гузаронем, ёру диёр, падару модарон аз мо ризоманданд.
Дигар, ҳамеша ватан нагуфта ҳам дӯстдори ин Ватан будан мумкин.
Қавл дигар, амал дигар бошад, ин риё,  дурӯягиву бас. Ватангӯии забон не, ватандӯстдории дил аз ҳама муҳимтар аст. Вале бо батакрор «Ватан» гуфтан, шеър ё суруд дар васфи диёр шунидан қалб дар худ як виқор ҳис мекунад. Бо батакрор пӯшидани як либос оҳари он мерезад, аммо бо бисёр ватангӯиҳо оҳари ин сухан намерезад. Ҳиндустониҳо «Банди мотарам» (суруд дар бораи Ватан)-ро ҳар ҷо ва ҳамеша беҳуда вирди забон намесозанд.
Бо амри сарнавишт дур аз Ватан дар пазмонии он умр  гузарондагон хеле зиёд. Шукри он ки мо дар мусофират не, дар хонаи худ – оғӯши ин диёр. Ба хотирҷамъ дар манзили худ зистан, дар Ватане, ки пушту паноҳи ҳамаи мост, шукри зиндагӣ кардан чӣ расад.
Ту дар моӣ, Ватан, моем дар ту,
Дилу ҷонӣ, ки осоем дар ту.
Ҳазорон ҷои шукру ҷои шодӣ,
Ки нури дидаҳо, ҷоем дар ту.

***

Ватан, дар рӯи модар акс рӯят,
Равон чун меҳри модар сабзҷӯят.
Биҳишт оғӯши ту в-оғӯши модар,
Чу бӯи модарон дилҷӯст бӯят.

***
Кушоӣ ту дари меҳру муҳаббат,
Кушоӣ ту бари меҳру муҳаббат.
Назар дӯзам ба боғу бӯстонат
Бубинам манзари меҳру муҳаббат.

***
Азиз астӣ, Ватан, бо модариат,
Ба модар монӣ бо меҳрофариат.
Ба дил, бар дидаи фарзанд ҷоӣ
Чу модар бо дилу ҷонпарвариат.

Ш. МУҲАММАД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: