ТУ ХУД РАМЗИ ВАФО ҲАСТӢ...

Аз қадимулайём нафосату назокат, вафову садоқат, ақлу фаросат ва фидокорӣ барин фазилатҳо ба ҳусни ботиниву зоҳирии занон афзудаанд, ахлоқи ҳамидаи онҳоро ташаккул додаанд.

Беҳтарин манзумаву сурудҳо, достону дубайтиҳо, асарҳои санъат, қасру кӯшкҳои таърихӣ дар сартосари ҷаҳон маҳз ба занон бахшида шудаанд.
Моҳи августи соли 1992 ба шуъбаи барномаҳои тоҷикии Ширкати телевизиону радиои Ӯзбекистон, ба ҳайси муҳаррири бахши мусиқӣ ба кор сар кардам. Бо ходимони шуъба, ки дар байни онҳо Кимиёапаи мошиннавис низ буд, шинос шудам. Кимиёапаи қоматбаланд ва ситорагарму меҳрубон маводҳои барномаро зуд ва бехато чоп мекард. Баъди шиносоӣ донистам, ки ӯ завҷаи шоир Ҷонибеки Қувноқ мебошад, ки дар ҳамчун эҷодкори асил ба камол расидани ӯ саҳм гузоштааст.
Кимиё Қувноқова 15 июни соли 1948 дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Самарқанд (Ҷиззахи ҳозира) дида ба дунё кушодааст. Падару модари ӯ инсонҳои меҳнаткаш ва маърифатпарвар буданд. Падараш Ҳаким Эргашев солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ ва муҳосибӣ фаъолият бурдааст. Кимиёапа дар мактаби деҳаи Порашт то синфи сеюм ва дар мактаби рақами 1-уми ба номи Максим Горкии маркази Фориш то синфи 8 таҳсил гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна ба шуъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Самарқанд дохил шуд. Баробари таҳсил дар китобхонаи Институти такмили ихтисоси Самарқанд кор кард.
– Соли 1967 бо Ҷонибек ҳамхона шуда, ба шаҳри Тошканд омадем. Аз ҳамон сол сар карда то соли 1984 дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ҳамчун мошиннавис кор кардам. Мактаби мошиннависӣ, мусаҳҳеҳӣ ва ҷобаҷогузории калимаву ҷумларо маҳз дар ҳамин даргоҳ омӯхтам,– гуфт ҳангоми суҳбат мусоҳиби мо. – Бо Ҷонибек 24 сол зиндагӣ кардем. Солҳои аввал иҷоранишин будем, баробари тарбияи фарзандон, кор дар рӯзнома, ба рӯнавис ва ислоҳи шеъру тарҷумаҳои шоир то қадри имкон кӯмак мерасондам. Чанде дар маҷаллаи «Гулистон», ки сармуҳаррираш Асқад Мухтор буд, кор кардам. Маводҳои маҷалларо ба хона оварда, то як поси шаб чоп мекардам. Ҷонибек осори бисёр адибонро ба забони тоҷикӣ бармегардонд ва ман мошиннавис мекардам. Аз ҷумла, китобҳои нависандагон Ёқуб Хайимов ва Малик Раҳмонро бо номи «Дарбадар» ва «Ду тақдир» ба тоҷикӣ тарҷума ва ба чоп ҳозир кардем. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Алишери Навоиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард ва бо ташаббуси набераи Ориф Гулханӣ – Муқимҷон Орифӣ пурра аз чоп баромад. Тарҷумаи шеърҳои Абдулло Орипов, Назармат, Ӯткир Ҳошимовро мошиннавис кардаам.
Аз соли 1989 то соли 2006 дар шуъбаи барномаҳои тоҷикии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати мошиннавис кор кардам. Бо Ҷонибек натанҳо ҳамхона, ҳамфикр, ҳамроз будам, балки ҳамкор ва хонандаи аввалини ашъори ӯ будам. Вафоти нобаҳангоми ӯ барои ман, фарзандон ва дӯсту пайвандонаш зарбаи ногаҳонӣ буд...
Вақте Ҷонибек вафот кард, писари калониаш Баҳодур навакак аз хидмати ҳарбӣ баргашта буд. Фарзанди хурдиаш Фирӯз 7 сол дошт. Кимиёапа сабру қаноатро ба худ шиор кард. Ба тарбияи фарзандон миёнро маҳкамтар баст. Аз ҳамсолони худ кам нашаванд, дилшикастагиашон маълум нагардад гуфта, шабу рӯз меҳнат кард. Фарзандонро дар рӯҳи инсонпарварию меҳнатдӯстӣ тарбия намуд ва онҳо пасу пеш ба воя расида, дасти модарашонро гирифтанд. 
Ҷонибек чунин сатрҳоро маҳз дар ҳаққи занони вафодор, меҳрубон ва дурандеш ба қалам додааст:
Ту худ рамзи вафо ҳастӣ, вафодоро, вафое кун,
Давои хуш вафо бошад, ба дарди дил давое кун.
Замин бе офтобу қалби ман бе ту забун бошад,
Нагардад тира то ин дил, зи рӯят рӯшноӣ кун...

Ҷонибек китобҳои шеъри худро дар солҳои гуногун таҳти унвони «Қарз», «Ифтихор», «Арзи дил», «Розҳо» ва «Зангӯла» нашр намуд. Ашъори ин китобҳо ва шеърҳои охиринашро Кимиёапа ҷамъ оварда, куллиёти шоирро омода кард.
– Хонаи мо қароргоҳи адибон, олимону ҳунармандони тоҷику ӯзбек буд. Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Лоиқ Шералӣ, Иноят Насриддин, Ҷӯрабек Муродов то поси шаб суҳбат мекарданд. Ҷонибек ба назди онҳо адибони ӯзбек Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Назармат, Нормурод Нарзуллоев, Наҷмиддин Комилов ва дигаронро даъват мекард. Боре дар хонаамон Лоиқ Шералӣ меҳмон шуд. Баъди як фурсат садои занги дари мо баланд шуду Эркин Воҳидов даромаданд. Лоиқ Шералӣ аз ҷояш хесту баъд аз пурсупос Эркинакаро ба пешгоҳ, барои нишастан ба диван даъват кард. Эркинака аз рӯи эҳтиром гуфтанд: «Пешгоҳ азони меҳмон». Ҳамон солҳо китоби «Девони муҳаббат»-и Эркинака чоп шуда буд. Лоиқ Шералӣ ҷавоб дод: «Раз вы писали диван, садитесь на диван» («Модоме ки шумо девон навиштаед, ба диван нишинед»). Садои ханда баланд шуд ва Эркинака ба диван гузашт. Дар хизмати инсонҳои бузург кӯфтагиро ҳис намекардам. Суҳбати онҳо ба кас нирӯ мебахшид. Баъди вафоти Ҷонибек дӯстон ва ҳамқаламони ӯ аз ҳоли ману фарзандонам пурсон мешуданд. Бо кӯмаки адибони тоҷикистонӣ «Чароғи сухан»-и шоир дар нашриёти «Адиб»-и Душанбешаҳр аз чоп баромад,– сипосгузорӣ намуд Кимиёапа ва афзуд, ки устод Ҷонибек дар тарбияи бисёр адибони ҷавон, ки имрӯз шоиру нависандагони шинохтаанд, саҳм гузоштааст. 
Сабру таҳаммули Кимиёапа самараи худро дод. Алҳол ӯ модар ва момои хушбахт аст. Баҳодур, Ҷаҳонгир, Фирдавс ва Фирӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт бо соҳибкорӣ машғуланд. Нигина муҳосиб, арӯсони ӯ Нилуфар сартабиби поликлиникаи оилавии рақами 47-уми ноҳияи Шайхонтаҳур, Рухшона мураббии мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Тошканд мебошанд. 
Ба қарибӣ дӯстону пайвандонаш Кимиёапаро бо 70-умин солгарди зодрӯзаш табрик гуфтанд.
Дар хотима ба гуфтаҳои файласуф Дороти Саерс рӯ меоварем:
«Як ҳақиқатро фаромӯш накунед – дар қафои шахсони маъруф ё худ номвар модарони бузург ё ин ки ҳамсарони фидоӣ истодаанд. Агар чунин аст, дар дунё занони бузург ҳам камшуморанд».

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: