Дар саросари кишварамон ҷашну тантанаҳои наврӯзӣ беш аз пеш доман фарох намудааст.
Дар шаҳру рустоҳо ба истиқболи иди баҳору меҳнат корҳои омодагирӣ хеле авҷ гирифтаву намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа дар он ширкат намуданд.
– Дар арафаи иди Наврӯз мардуми вилояти мо ба шинонидани садҳо ҳазор бех ниҳоли манзаравӣ ва мевадиҳанда муваффақ шуданд. Дар ин кор пиру барно иштирок карданд. Оромиву осоиш мусоидат менамояд, ки мардум дар фазои шодиву нишот ин идро ҷашн гиранд, – мегӯяд ноиби ҳокими вилояти Фарғона Файзуллоҷон Қосимов.
Ба таъкиди мавсуф тибқи таомули чандасра занону духтарон дар тараддуди истиқболгирии ин ид бештар вақт сарф намуданд, онҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар маҳаллаҳо гирдиҳам омада, ба пухтани суманаки наврӯзӣ машғуланд ва ин раванд то даҳаи аввали моҳи апрел давом хоҳад кард.
– Дар ноҳияи Сӯх ҳар сол иди Наврӯзро мардум бо кайфияти аъло истиқбол мегиранд. Ноҳияи мо минтақаи кӯҳистонист ва баъзе солҳо дар фасли баҳор низ ҳама ҷоро барф кӯрпа барин мепӯшонид. Бо вуҷуди ин, одамон бо ҳамон қатъияту кайфият иди Баҳору Наврӯзро бо шавқу завқи том ҷашн мегирифтанд. Имсол сӯхиён, ки бештар аз 99 дарсадро мардуми тоҷиктабор ташкил медиҳад, барои истиқболи иди пуршукӯҳи наврӯз ҷиддан омодагӣ гирифтанд, – мегӯяд омӯзгори собиқадор Ғунчахон Амирбекова — Хоссатан, духтарон шукӯҳи ин ҷашнвораро бо ба бар кардани либосҳои атласу адрас ва шоҳӣ боз қашангу зебо намуда, дар хонаҳо ва фарозиҳо базму тараб меороянд, пиронсолони деҳ дар ин давраҳо бароҳат нишаста, аз анвои гуногуни хӯришу таомҳои наврӯзӣ тановул мекунанд ва шукр мегузоранд, ки боз ба як баҳори дигар расиданд.
– Дар ноҳияҳои Узун ва Сариосиёи вилояти мо низ имсол баҳор аз ҳарсола дида барвақт омад. Тамоми гӯшаву канор мисли гулборон дар намудан аст. Одамон шиносу ношиносро бо фаро расидани Наврӯз табрику шодбош мегӯянд ва ҳамдигарро ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Аз меваи асосии наврӯзӣ – суманаки болаззат ва анвои «ҳафт син» ҳама баҳра мебаранд ва сурудҳои наврӯзӣ мехонанд, – изҳор намуд шоира ва журналисти маъруфи воҳаи зарнисори Сурхон Ӯғулой Ҷӯрабоева.
– Ҳар фард ба иди Наврӯз бо ягон дастовез меояд. Дар ин рӯзҳои пур аз шодиву фараҳ кулли форсигӯёни оламро бо ҷашни аҳуроӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона шодбош мегӯям. Дар ин лаҳзаҳои фараҳу шодӣ мехоҳам аз ғазали тозаэҷодам чанд байташро бароятон бихонам, – изҳор дошт Ҷаъфари Муҳаммад:
Ало, яшти авастоӣ,
муборак бод Нарӯзат,
Ало, ҳури Аҳуроӣ,
муборак бод Наврӯзат!
Умеду орзӯҳоят баҳорандуда
меояд,
Ало, маънои зебоӣ,
муборак бод Наврӯзат!
Ба ҳаққи бахти гулдоман,
дари дилро кушо бар ман,
Ало, рамзи дилороӣ,
муборак бод Наврӯзат!
Тантанаҳои наврӯзӣ дар гӯшаву канори мамлакати паҳноварамон бо иштиёқи том идома дорад. Мардум панҷ рӯз ид хоҳанд кард ва аз шукӯҳу накҳати он баҳраманд хоҳанд шуд. Ҳоло дар шаҳри Тошканд ва минтақаҳои дигари кишварамон таҷлили ҷашн идома дорад ва мардум метавонад ба сайлгоҳҳо ва тафреҳгоҳҳои дилхоҳ барояд ва иди Наврӯзро бо шодиву нишон ҷашн гирад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.