ТУ НЕКӢ КУНУ БА ДАҶЛА АНДОЗ...

Дар ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё як нафар соҳибкори маҳаллӣ 14 манзили зист сохта, онҳоро ба оилаҳои эҳтиёҷманди маҳалла ройгон додааст.

Аҷиб он аст, ки ин тадбиркор намехоҳад номаш дар матбуот ва расонаҳои хабарӣ зикр шавад. Вай таъкид кардааст, ин амали нек ба роҳи Ҳақ ва барои ризоияти Худованд аст ва ӯ  ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад, ки аз ин савоб маҳрум бимонад. 
Бино ба маълумот, ин соҳибкори саховатманд ҳар кадоми ин манзилҳоро бар ивази маблағи зиёд бунёд карда, дар онҳо тамоми шароити зистро муҳайё сохтааст. Ҳамаи 14 манзили истиқоматӣ муҷаҳҳаз ва барои зиндагии шоиста тайёранд. Хонаҳо ба онҳое ройгон дода шудаанд, ки хеле камбизоат ҳастанд ва ё дар рӯйхати «Дафтари оҳанин»-и маҳаллаҳо қарор доранд. Манзилҳои зист, аллакай соҳибони худро ёфтаанд. Соҳибкор аз ҳисоби худ, ҳатто маводи ғизоии оилаҳо, аз ҷумла орду равғану шакар ва ғайраро низ муҳайё кардааст, ки боиси хурсандиву шигифтии соҳибони онҳо шудааст. 
Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Юқори ободон»-и ноҳияи Косон Худойбердӣ Яхшимуродов гуфт, вай хабар дошт, ки дар ҳудуди маҳалла хонаҳо сохта мешаванд, аммо намедонист, ки ин манзилҳои зист ба мардуми муҳтоҷ ва бесаробон ройгон тақдим мегарданд. Вақте соҳибкор аз нияти худ хабар дод, ҳама дар ҳайрат монданд. Ҳар як манзили зист панҷ ҳуҷра ва чор хол замини наздиҳавлигӣ дорад. 
Бешубҳа, ин амали ҷавонмардона барои тамоми соҳибкорони тавонову ӯҳдабаро ва доро шоистаи ибрат ва пайравист.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: