Бар асари тӯфони тропикии «Трами» дар Филиппин 110 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора хабаргузории "Франс Пресс" бо истинод ба оҷонсии масъули офатҳои табиӣ дар ин кишвар навиштааст, ки сарнавишти дастикам 42 нафар маълум нест.
Теъдоди осебдидагон аз тӯфон беш аз 4,4 миллион нафарро ташкил дода, чандсад ҳазор нафар дар марказҳои эвакуатсия ҷойгир шудаанд. Мактабҳо ва идораҳои давлатӣ дар минтақаи офат мутаваққиф шудаанд, зерсохтори нақлиётӣ тахриб шудааст ва даҳҳо ҳазор нафар наметавонанд ба макони таъиноти худ бирасанд.