ТУХМДУЗД – ШУТУРДУЗД МЕШАВАД

Рӯзе Рашид бо дӯсташ Содиқ дар телефон сӯҳбат кард.

Вақте аз кору бори Содиқ пурсид, ӯ дар ҷавоб «ту напурсу ман нагӯям» гуфт. 
– Чӣ гап? Тинҷӣ аст? – бо тааҷҷуб пурсид Рашид.
– Аввали моҳи август як дарахти тути боғамон хушк шуд, – ба нақл пардохт Содиқ. – Дар боғ дарахти хушк наистад гуфта, онро буридем. Кадоме аз ҳамдеҳагон дарахтро акс гирифта, ба боти махсуси Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим фиристодааст. Баъд як гурӯҳ кормандони шуъбаи экологияи ноҳия омада, протокол навиштаанд . Ба онҳо гуфтам, ки дарахт хушк шуда буд. Ваҷҳ оварданд, ки бояд масъулон, ҳеч набошад раиси маҳалларо огоҳ мекардам. Баъд мувофиқи  қисми якуми моддаи 79-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ба андозаи 25 баробари миқдори ҳисоби базавӣ, яъне 8 миллиону 500 ҳазор сӯм ҷаримаи маъмурӣ таъин карданд. Имрӯз маркази ноҳия омада, ҷаримаро пардохтам. Аввал ҳайрон будам, ки чаро ҳамдеҳагон ин корро карданд? Баъд фаҳмидам, ки барои чунин хабаррасониҳо мукофоти пулӣ медодаанд. Аҷаб, ки хабаркашӣ ҳам пул шуд, – дар анҷоми сухан норозиёна гуфт Содиқ...


Хабаррасонҳо мукофот мегиранд 

Имрӯз дар як қатор соҳаҳо ба шахсоне, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ба мақомоти ваколатдор хабар медиҳанд, аз ҷаримае, ки ситонида мешавад, як қисм чун мукофоти пулӣ тақдим мегардад. Масалан, дар асоси Фармони Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд суръат бахшидани сабзазоргардонии ҷумҳурӣ, ташкили босамари муҳофизати дарахтон» ба шаҳрвандоне, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба буридан, кундаков кардан, шикаст додан, нобуд намудан ё кӯчонидани ғайриқонунии дарахт, бутта, ниҳол ва дигар растаниҳо тавассути системаи ахбори «Эконазорат» акс ва наворҳоро мефиристанд ё тариқи рақами кӯтоҳи «102» хабар медиҳанд, ба андозаи як баробари миқдори ҳисоби базавӣ  мукофотпулӣ муқаррар гардидааст. Ё ба шаҳрвандоне, ки тавассути портали ejarima.uz дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракати роҳ хабар медиҳанд, ба андозаи 5 дарсади миқдори ҳисоби базавӣ (ҳоло 18750 сӯм) мукофот дода мешавад. Бобати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ низ чунин таҷриба роҳандозӣ шуда, низом «Дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба коррупсия хабар додаанд, ё ба таври дигар дар мубориза бар зидди коррупсия мусоидат кардаанд» тасдиқ гардидааст. Мувофиқи боби дувуми низоми мазкур ба шахсоне, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба коррупсия ба Сарпрокуратура, Хидмати амнияти давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии тобеи Сарпрокуратура хабар медиҳанд, ба андозаи то ба 25 баробари миқдори ҳисоби базавӣ  мукофоти пулии якмаротибаина дода мешавад.
Чанде пеш ду қарори Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои ташкили босамари иҷрои қонун «Дар бораи бархӯрди манфиатҳо»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (05.06.2024) ва Қарор «Дар бораи чораҳои таъмини дар вазъи хуб нигоҳ доштани роҳҳо ва инфрасохтори роҳ, инчунин, такмилдиҳии механизмҳои амалкунанда аз рӯйи ободсозии минтақаҳо» (01.07.2024) имзо гардиданд. Тибқи ин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ низ ба шахсоне, ки бобати ошкор намудани ҳолати бархӯрди манфиатҳо дар фаъолияти кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо   ёрӣ мекунанд, инчунин, ба нафароне, ки дар бораи вайронкунии корҳои сохтмон ва таъмир дар иншооти роҳ ё иҷро накардани ӯҳдадории барқарор намудан ҳолати қаблии иншооти роҳ хабар медиҳанд, ба андозаи 50 дарсади миқдори умумии ҷарима мукофотпулӣ дода мешавад.
Аз бештар доман фарох кардан ва то ҳадде маъмул гардидани ин таҷриба дар ҷомеа метавон  хулосае кард, ки он самарабахш аст. Дар ҳамин маврид саволи барҳақ ба миён меояд: ин таҷриба чӣ хел натиҷа медиҳад? Намояндагони ҷамъиятӣ дар ин бора чӣ фикр доранд? 

Дар се сол – ба 117 499 
нафар мукофотпулӣ 

Дар асоси Қарори Девони Вазирон аз 12 майи соли 2022 «Дар бораи чораҳои иловагии афзунсозии самарадории назорати ҷамоатӣ дар соҳаи савдо ва хидматрасонӣ»  низ ба шахсони ҷисмоние, ки тавассути иловаи мобилии «Солиқ» дар бораи вайрон кардани тартиби истифодабарии касса-аппарат ва терминал, вобаста ба шакли пардохт ба таври сунъӣ зиёд ё кам кардани нархи маҳсулот, анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ ва дигар ҳодисаҳои вайрон кардани қоидаҳои савдову хидматрасонӣ хабар медиҳанд, ба андозаи 20 дарсади миқдори умумии ҷаримаи таъиншуда мукофотпулии якмаротибаина дода мешавад.
Мувофиқи маълумоти Хидмати матбуоти Кумитаи андоз дар соли 2022 дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои андоз тавассути иловаи мобилии «Солиқ» 145 ҳазор муроҷиат расидааст. Дар асоси ин муроҷиатҳо 71957 санҷиши сайёри андоз гузаронида шуда, 98 дарсади қонуншиканиҳо тасдиқ гардидаанд.
Дар рафти санҷишҳо маводи 63331 субъекти тадбиркорӣ баррасӣ гардида, дар натиҷа, аз рӯи 52608 ҳолат ба шаҳрвандоне, ки хабар додаанд, 35,3 миллиард сӯм мукофотпулӣ тақдим гардидааст.
Дар соли 2023  ҷамъ 122099 муроҷиат қабул гардида, 48668 маротиба санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст. Дар давоми сол шахсоне, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои соҳа хабар додаанд, 37,9 миллиард сӯм мукофотпулӣ гирифтаанд.
Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ бошад, тавассути иловаи мобилии «Солиқ» 56768 муроҷиат омадааст. Ин муроҷиатҳо бо тақдим нагардидани чеки харид (51937-то),  қабул накардани пардохт тавассути карта (2705-то), қимат намудани нархи маҳсулот барои харид бо карта (123-то) ва дигар намуди қонунвайронкуниҳо вобастаанд.
Аз ин миқдор, 29438 муроҷиат бинобар такрорӣ будан ё бо сабаби идома ёфтани тафтиш, баррасӣ  нашудааст. Дар асоси муроҷиатҳо 18729 санҷиши сайёри андоз гузаронида шуда, дар 99,1 дарсад ҳолат қонуншиканиҳо тасдиқ гардидааст. Дар муддати ҳафт моҳ ба шаҳрвандоне, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо хабар додаанд, 12,9 миллиард сӯм мукофотпулӣ дода шудааст.
Яъне пас аз имзо гардидани Қарори Девони Вазирон дар давоми се сол ба 117499 нафар шаҳрванд 86,1 миллиард сӯм мукофотпулӣ тақдим гардидааст. 

Намояндагони ҷамъиятӣ чӣ фикр доранд?

Воқеан, бо ин усул метавон қонуншиканиҳоро пешгирӣ, ба буҷаи давлат маблағи ҳангуфт ворид, назорати самарбахши ҷамъиятиро роҳандозӣ, огоҳиву саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандонро афзун кард. Аммо на ҳама ин таҷрибаро ҷонибдорӣ мекунанд ва дар ин маврид фикри мусбат доранд. 
Имомалӣ ТӮЕВ, ҳуқуқшиноси ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратии Иттиҳодияи ҷамоатии ногироёни «Шароит плюс»: 
– Ҳар як навоварӣ ва тағйироте, ки ба қонунгузорӣ ворид мешавад, паҳлӯҳои манфӣ ва мусбат дорад. Пеш аз қабули ҳар як ҳуҷҷати меъёрӣ ин ҷиҳатҳо ба «тарозу» гузошта мешаванд ва баъдан имзо мегарданд. 
Вақте дар бораи тақдими мукофотпулӣ барои хабар додани ҳуқуқвайронкуниҳо ҳарф мезанем, бояд гуфт, ки ин таҷриба бо мақсади ривоҷдиҳии соҳаҳо, афзунсозии фаъолии аҳолӣ бобати назорати ҷамоатӣ роҳандозӣ шудааст. Аммо новобаста ба ин, дар амал як қатор ҷиҳатҳои нохуби он низ ба чашм мерасанд. Масалан, дар асоси Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои иловагии афзунсозии самарадории назорати ҷамоатӣ дар соҳаи савдо ва хидматрасонӣ» бигирем. Якум, ин тартиб барои такмили истифодаи кассаҳои назоратӣ мусоидат мекунад. Дуюм, шуури ҳуқуқии аҳолиро дар соҳаи андоз ва талаботро нисбат ба субъектҳои соҳибкорӣ баланд мебардорад. Сеюм, масъулияти соҳибкоронро зиёд карда, онҳоро водор менамояд, ки ба ҳар як шаҳрванд дар ин масъалаҳо муносибати дуруст кунанд. Чорум, на танҳо кормандони мақомоти андоз, балки шаҳрвандони оддӣ низ метавонанд фаъолияти субъектҳои соҳибкориро назорат намоянд ва ин барои пурзӯр шудани назорати ҷамъиятӣ ва кам гардидани қонуншиканиҳои андоз хидмат мекунад.
Аммо ин тартиб паёмадҳои нохуш низ дорад. Якум, баъзе шаҳрвандон барои дарёфти мукофоти пулӣ ба мақомоти андоз маълумоти дурӯғ ва тӯҳматомез мефиристанд, ки ин боиси тафтиши барзиёд ва сарсониҳо мегардад. Дуюм, муносибати байни одамон вайрон мешавад, боварӣ аз байн меравад ва хусумати шахсӣ то ҳадде авҷ мегирад.
Дилшода СОЛИЕВА, сарвари шуъбаи Ассотсиатсияи психологҳои Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд:
– Пеш аз оғози ҳар кор, бояд онро ҳамаҷониба андешид. Гоҳо таҷрибаи хориҷӣ гуфта, чунин тағйиротеро роҳандозӣ мекунем, ки ба менталитет, мафкура ва арзишҳои миллии мо мутобиқ нестанд. Вақте дар бораи тақдими мукофотпулӣ барои хабаррасонӣ ҳарф мезанем, бояд гуфт, ки ин таҷриба пештар низ буд, аммо на ба таври расмӣ. 
Шахсеро, ки қонунро  муроот намекунад ва ба ҳуқуқвайронкуниҳо даст мезанад, бо чунин амал наметавон ба роҳи дуруст даровард. Боз роҳеро меёбаду вайронкории худро давом медиҳад. Инсонҳое, ки қонунро эҳтиром мекунанд, раиятпарвару мардумдӯстанд, ба чунин амалҳо даст намезананд.
Агар аз нигоҳи психологӣ гирем ва бо забони халқ гӯем, «фурӯшанда, хабаркаш»-ҳо дар ин ҷараён на манфиати давлат, балки пеш аз ҳама фоидаи худро фикр мекунанд. Дар асл, чунин инсонҳо дар ҳаёт ба худ боварӣ надоранд ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо накардаанд. Фикр мекунам, ки ҳар як соҳа дар ин самт аз таҷрибаҳои муосири худ истифода барад беҳтар аст. Мардуми оддиро набояд ба чунин корҳо ҷалб кард.  

Ба ҷойи хулоса... 

Дар ҳақиқат, ин таҷриба то ҳадде барои пурзӯр гардидани назорати ҷамоатӣ, кам шудани ҳуқуқвайронкуниҳо, осоиштагӣ ва фаровонии ҷомеа муосидат мекунад. Аммо ба ин масъала наметавон яктарафа нигоҳ кард. 
Аз рақамҳое, ки овардем, кам набудани шумораи чунин ашхос аён мегардад. Лек барои мо номаълум аст, ки чанде аз онҳо бо мақсади ислоҳи камбудӣ, ошкорсозӣ ё пешгирии қонуншиканӣ муроҷиат карданду чанде бо хусумати шахсӣ муроҷиатҳои такрорӣ намуданд. Аҷаб нест, дар байни онҳо ҳамсоя, ҳамдеҳа ва ҳатто пайвандон бошанд. 
Набояд фаромӯш кард, ки бо гузашти вақт, дар тинати чунин ашхос характери хабаррасонӣ, дағалтар гӯем, хабаркашиву хиёнат ташаккул меёбад. Онҳо ба чунин роҳи дарёфти пули бедардимиён одат мекунанд. Ва бо эҳтимоли калон, барои ба даст овардани моддиёти бештар мумкин аст, сирри корхона, маълумотҳои пинҳонии кишварро ба ғаразкорон хабар диҳанд ва дар ниҳоят ба Ватани худ хиёнат кунанд. Охир беҳуда  намегӯянд, ки «тухмдузд – шутурдузд мешавад». 
Аз ин рӯ, дар ин самт роҳандозии таҷрибаҳои муосир, технологияҳои замонавӣ мувофиқи мақсад аст. Агар бо маблағе, ки барои шаҳрвандон чун мукофотпулӣ тақдим мегардад, камераҳои назоратӣ насб кунем, чораҳои ҷазоро пурзӯртар намоем, бо сухани Сарвари давлат – худро бо «ваксинаи ҳалолӣ» эм кунем, худ аз худ назорат – пурзӯр, қонуншиканиҳо – кам ва ҷомеа орому осуда мегардад. 

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: