Накӯкорӣ хусусияти ба худ хоси одамони нек аст.
То ки дар дунё некӣ мавҷуд аст, дар байни инсонҳо нисбати табиат, зодгоҳ, оила, ёру дӯстон меҳру оқибат ҳукмрон хоҳад буд. Дар ҷое, ки накӯкорӣ ҳаст, тараққиёт ҳам мешавад. Ҳар қадар накӯкорӣ зиёд бошад, ҳамон андоза бадӣ, фисқу фасод, ҳасад маҳв мегардад.
Дар ҷомеаи мо инсонҳое, ки дар симои худ накӯкориро муҷассам намудаанд, некӣ карданро касби худ қарор додаанд ва ба дигарон низ онро раво мебинанд, дар ҳар қадам вомехӯранд. Қаҳрамони мо Рустам Раҳмонқулов аз қабили чунин инсонҳост.
Рустам Раҳмонқулов фарзанди тоҷик аст. Бачагии ӯ дар гӯшаи хушобу ҳавои ноҳияи Деҳқонобод – деҳаи Шахшар, ки дар иҳотаи кӯҳҳо мебошад, сипарӣ шудааст. Ҳангоми бачагӣ бо ҳамсинҳои худ чиллик, «бур-бур» (кес-кес), тӯб бозӣ кардааст. Ҳатто дар миёни арчазорҳо чӯпонӣ кардааст. Лекин китобро аз худ дур намекард. Дар озмун-азназаргузаронӣ ва мусобиқаҳои варзишии мактаб фаъол ширкат меварзид. Муаллимӣ аз бачагӣ орзуи ягонаи ӯ буд. Бо ҳамин ният соли 1972 баъди хатми мактаби деҳа ба факултети кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 1977 баъди хатми донишгоҳ дар Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии Осиёи Миёна дар Душанбе ба ҳайси лаборанти кимиё ва муҳандис-химик ба кор шурӯъ кард. Ӯ дар ҷараёни таҳсил ва кор асрори соҳаи худро аз устодон омӯхт ва соли 1979 ба зодгоҳ баргашта, дар шуъбаи таълими халқи ноҳия дар вазифаи услубшинос кор кард. Солҳои 1985-1991 ба ҳайси корбар, мудири сектори кумитаи ҳизби ноҳия, солҳои 1992-1998 муовини ҳокими ноҳия, солҳои 1999-2001 директори литсейи касбу ҳунари Деҳқонобод, солҳои 2001-2005 раиси ширкати савдову тайёркунии ноҳия фаъолият нишон дод. Ӯ дар ҳар куҷо, дар ҳар вазифа кӯшиш менамуд, ба боварии роҳбарон ва одамон сазовор гардад. Ягон маротиба меҳнати худро миннат накардааст.
Р.Раҳмонқулов бо вуҷуди ҳамаи ин мактаб, тибқи касби худ ба шогирдон дарс доданро пазмон мешуд. Чунонки дар боло зикраш рафт, орзуи ягонаи ӯ муаллимӣ буд. Бо ин ҳадаф аз соли 2005 дар мактаби таълими умумии рақами 77-уми ноҳия, аз соли 2009 бошад, то имрӯз дар мактаби рақами 70 ба донишомӯзон аз фанни кимиё дарс медиҳад. Ӯ дар давоми фаъолияти худ нишон дод, ки нисбати касби худ ихлоси баланд дорад, бачагонро хеле дӯст медорад. Дар навбати худ шогирдони Рустамака дар озмунҳои гуногун собит намуданд, ки аз фанни кимиё то чӣ андоза дониш доранд. Ҳамаи ин ба муаллим обрӯву эътибор бахшид. Ӯ дар байни ҷамоаи муассисаи таълимие, ки меҳнат мекунад, сазовори эҳтиром гардид. Якчанд маротиба бо ифтихорнома ва туҳфаҳои қиматбаҳои шуъбаи таълими халқи ноҳия тақдиронида шуд. Ин гуна эътирофҳо ба ӯ боз ҳам иқтидору тавоноӣ бахшид.
– Хоксорӣ фазилати асосии Рустамака мебошад. Дар мактаби мо ҳама ӯро ҳурмат мекунанд, – мегӯяд директори мактаби таълими ҳамагонии рақами 70-уми ноҳия, соҳибаи медали «Шуҳрат» Дилором Ҳасанова. – Зеро ӯ ҳар як дарсро бо адабиётҳои иловагӣ самаранок мегузарад. Кӯшиш мекунад, ки ҳамаи дониши худро ба ҷавонон диҳад, ба шуури онҳо фазилатҳои некро ҷойгир созад. Рустам Раҳмонқулов ҳам ба омӯзгорон, ҳам ба донишомӯзон ҳаққи устодӣ дорад.
Алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки Р.Раҳмонқулов худро аз корҳои ҷамоатӣ дур намегирад. Ӯ дар мактаби таълими умумии рақами 70, ки худ фаъолият дорад, ҳамзамон дар асоси ҷамоатӣ раиси кумитаи иттиҳодияи касабаи ибтидоӣ низ ба шумор меравад. Мавсуф намехоҳад, ки ин масъулиятро ба номаш иҷро кунад. Дақиқтарашро гӯем, ба ин виҷдонаш роҳ намедиҳад. Ӯ барои ҳимояи ҳуқуқи ҳамкасбон, ба таври муносиб рағбатноккунии онҳо, ба шаҳрҳои қадимии Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон саёҳатҳо ташкил кардан эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Ҳаммаҳаллаи Р.Раҳмонқулов, фаъоли шӯрои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Истиқлол, собиқ роҳбари мактаби рақами 77 Маҳмадулло Ҷуманов фикрҳои худро чунин баён мекунад:
– Рустамҷон инсони ғамхор аст. Ба воқеаҳои атроф бефарқ нест. Аз одамони эҳтиёҷманд ёрдаму маслиҳати худро асло дареғ намедорад. Ба сифати фаъоли маҳалла низ барои бидуни дабдаба, исрофгарӣ, батартиб гузарондани тӯю маъракаҳо, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ташкил кардани ҳашарҳо, озмун-азназаргузаронӣ ва мусобиқаҳои гуногун низ саҳми арзанда мегузорад. Ӯ ба ҳамаи ин вақт меёбад.
Бале, сухани ҳақ аст! Албатта, Рустамака ба ҳамаи ин бо меҳнатдӯстӣ, ташаббускорӣ, манфиати ҳамкасбону ҳаммаҳаллаҳоро аз манфиати худ боло гузоштан ноил гардидааст.
Р.Раҳмонқулов инак баҳори 64-уми умри худро пешвоз мегирад. Ӯ сардори оилаи аҷиб низ мебошад. Оилаи мавсуф дар маҳалла аз оилаҳоест, ки ба ҳавас кардан меарзад. Бо ҳамсари худ Зулайхо Пиримова 2 писар ва 3 духтарро тарбия карда ба камол расонданд, онҳоро соҳиби хонаву дар намуданд ва барои чун инсонҳои нек ба камол расиданашон кӯмак карданд. Ҳамаи фарзандони ӯ меҳнаткаш ва фидоӣ мебошанд. Айни замон Рустамака ва Зулайхоапа дар ҳалқаи набераҳои аз ҳамдигар ширин аз будани худ мамнунанд. Фарзандону наберагон дар хонаводаи падарӣ ҷамъ шаванд, нишаст ба ид табдил меёбад.
Боз як нуктаро бояд таъкид кард: оилаи онҳо аз оилаҳои китобхон ба шумор меравад. Дар китобхонаи мӯъҷази оила асарҳои гаронбаҳои адибони тоҷик, ӯзбек, ҳатто адабиёти ҷаҳон мавҷуд аст. Аъзои оила баъди холӣ шудан аз кор ё ташвиши рӯзгор ба мутолиаи китоб мепардозад. Дар оилаи онҳо боз як ҷиҳати ба худ хос дида мешавад: ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ як хел равон гап мезананд. Баъзан чунин ҳолат ҳам мешавад, ки агар яке аз аъзои оила бо саволи ӯзбекӣ муроҷиат кунад, дуюмаш, ба тоҷикӣ ҷавоб мегардонад, ё баръакс... Ин хусусият ба оилаи онҳо хос мебошад.
Рустам Раҳмонқулов баъди он ки дар худ андаке мондагиро эҳсос кард ё хост, ки ҷояшро ба ҷавонон диҳад, тобистони соли 2016 ба қабули мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Абдуғанӣ Ҳимматов даромад. Мудири шуъбаи таълими халқ ӯро гарм пешвоз гирифт.
Рустамака аз он ки сухан ҷояшро ёфт, хурсанд шуда гуфт:
– Ман низ ба синни нафақа расидам. Акнун ба ман рухсат диҳед...
Мудир бошад, «Чаро?», «Бо кадом сабаб?», – гуфта ҳам напурсид.
– Эҳ-ҳе, – гуфт дастҳояшро афшонда, – ба мисли шумо муаллими таҷрибанок, корчаллонро ҷавоб намедиҳам! Ҳоло кор мекунед. Мо аз шумо ҳоло бисёр чизҳоро интизорем. Барои таълиму тарбияи ҷавонон ва устодӣ кардан ба муаллимони ҷавон бисёр лозим ҳастед. Сухани «Аз соҳаи таълим меравам»-ро ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи хаёлатон наоред. Гап тамом, вассалом, ҳоло кор мекунед!
Рустамака назди мудир чизе гуфта натавонист. Мудир «Ҳоло кор мекунед!» гуфт? Бале, чунин гуфт. Инро ҳамту не, балки аз таҳти дил гуфт. Бале, ин сухани хушку холӣ нест, эътироф буд. Қадршиносии заҳматҳои ӯ буд. Нохост миҷгонҳояш намнок шуданд. Оҳиста хеста, ба ҷониби дар равон шуд, ки аз паяш Абдуғанӣ Ҳимматов:
– Ака, истед, – гуфт. – Муаллимиро тарк намекунед. Ин як. Ба шумо боз як пешниҳод дорам. Ҳоло ба соҳибкорӣ роҳи васеъ кушода мешавад. Бинобар соҳибкорӣ низ ба кормандони соҳаи таълим намунаи ибрат шавед, нуран аъло нур мебуд. Дар қитъаи наздиҳавлигӣ гармхона барпо кунед, ҳам баъди кор андармонӣ, ҳам ба оила даромад...
Р.Раҳмонқулов баъди аз қабули мудир баромадан ба андеша рафт. Ба пешниҳоди мудир розӣ шуд ё не, инро аз ҳаяҷон ба хотир оварда натавонист. Дар ҳавлии худ гармхона барпо кунад мешавад ё не?
Баъди ба хона омадан ба рӯи ҳавлӣ мушоҳидакорона чашм андохт. Дар ҳавлӣ ба дараҷаи даркорӣ ҷой ҳаст. Дар ин масъала ба ҳамсараш дудила шуда гап зад.
– Оё ҳаминро ҳам фикр карда мешинед? – гуфт Зулайхоапа рӯирост. – Ҳар кӣ таваккал кунад, зуд кораш буд мешавад. Дар ҳавлӣ барои гармхона ҷой бошад, боз барои чӣ ғам мехӯред? Корро шурӯъ кунед. Мана мо – писаронатону келинҳоятон ва набераҳоятон ёрдам медиҳем!
Чунин такони ҳамсараш хавотиршавиашро куллан барҳам дод ва ӯро руҳбаланд намуд.
Нахуст дар дохили ҳавлӣ барои гармхона ҷой тайёр кард. Баъд дар як сотих замин 17 бех лимӯ, 4 бех ниҳоли мандарин шинонд. Боз дар як сотих помидор, бодиринг, шалғамча ва кабудӣ корид. Лимузор то ҳол ҳосил надодааст. Аммо аз гармхонаи дуюм даромади хуб мегирад. Аз оила зиёдашро гоҳо ба ҳамсояҳо ҳам медиҳад. Ҳатто маҳсулоте, ки келинаш Юлдуз дар гармхона парвариш мекунад, ба бозор низ бароварда мефурӯшад. Ба ивази фоидаи бадастомада дастурхони оила боз ҳам пурфайз мешавад.
– Гармхона манбаи хуби даромад будааст, – мегӯяд Рустамака мамнунияти худро пинҳон накарда. – Аз кор омада, қитъаи наздиҳавлигиро шудгор мекунам, дар вақташ об монда, киштҳоро бо меҳр парвариш месозам. Меҳнати аз таҳти дил анҷомшуда самараи худро медиҳад. Ҳар сол 5-6 миллион сӯм даромад мегирем. Агар ниҳолҳои лиму ва мандарин ба ҳосил дароянд, ана баъд даромадро мебинед...
Рустамака чунин суханҳоро ҳам таъкид мекунад: ҳамаи одамон сиҳату саломат бошанд. Дар дунё фақат некӣ бошад, барои бадӣ асло ҷой намемонад. Ислоҳоти ҳар ҷабҳа, комёбиҳои бузург, корҳои бунёдкорие, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, касро ба ваҷд меорад. Инҳоро дида, дил мехоҳад, ки барои ҳамин ватан, ҳамин ҷамъият шабу рӯз бо шавқ кор кунӣ!
Хулоса, фикру зикри инсони хоксор, устоди меҳрубони ҷавонон Рустам Раҳмонқулов некӣ аст, нияташ бошад – холис. Мехоҳад, ки ҳамаи хислатҳои некашро шогирдон омӯзанд. Ӯ накӯкориро дӯст медорад. Мехоҳад, ки тухми некиро дар ҳама ҷо паҳн кунад. Бале, дар дунё чунин инсонҳо зиёд шаванд, бурди ҷомеа хоҳад буд.
Абдуқайюм БЕККАМОВ,
ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё.