онро бояд бе дабдаба ва бо тартиб гузаронем
Мардуми мо одати наҷиб дорад. Тӯли умр меҳнат карда, ҳар чизе, ки ба даст меоварад, ният мекунад, ки «Илоҳо ба тӯй харҷ гардад». Омода аст, ки ҳамаи молу манолашро баҳри рӯзи нишоти фарзандон хатнасур, арӯсӣ ва ғайра масраф намояд. Ин одат ё худ фазилати азалии мардуми мост. Зеро гузаштагон таҷлили рӯзи нишотро бо хушҳолӣ, ҳамроҳи хешу ақрабо, ҳаққу ҳамсоя, ёру ошно мақбул донистаанд.
Бо мурури солҳо баробари тараққии ҷамъият, пешрафти илму техника ҳама чиз аз соддагӣ ба мураккабӣ рӯ ниҳод. Чунончӣ, агар пештар арӯсро бародараш бо асп ба хонаи домод мебурд, ҳоло мошинҳои якранги гуногун қатор мешаванд. Дар собиқа ба хонаи тӯйдор якчанд рӯз наздикон ҷамъ меомаданд, суҳбат ороста, чандакбозӣ мекарданд. Тӯй ҳам чандон бо дабдаба намегузашт. Мисли имрӯз одами зиёд ҷамъ намешуд. Муҳимтар аз ҳама анъанаи неки гузаштагон, урфу одатҳои марбут ба тӯй ва маросимҳои мардумӣ бечунучаро риоя мегардид.
Ҳоло-чӣ? Алҳол натанҳо баъзе урфу одатҳои қадимии халқро пушти по мезананд, балки баъзе одатҳои сунъиро рӯйи кор овардаанд, ки ташвишовар аст.
Боз «аз дигарон қафо намонам» ё худ «аз фалонӣ чӣ камӣ дорам?» гуфта амалҳоеро анҷом медиҳем, ки ба қавле миёншикан аст.
Барои баргузор кардани онҳо аз дигарон қарз мегирем, дар натиҷа ба муфлисӣ рӯ мениҳем.
Барои ояндаи неки фарзандон, соҳиби фазлу дониш гардидани онҳо андеша намекунем.
Ҳанӯз дар ибтидои асри бистум як гурӯҳ рӯшанфикрон ва маорифпарварон ба ин мавзӯъ дахл карда, дар матбуоти вақт мақолаҳои проблемавӣ ба нашр расонидаанд. Чунончӣ, Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ бадбахтии халқро дар он мебинад, ки ба тӯю маросимҳо маблағи зиёд сарф карда, хонахароб мешавад.
Ба наздикӣ депутатҳои Олий Маҷлис ва сенаторон вобаста ба ин мавзӯъ муҳокимарониҳо карда, ба қароре омаданд, ки аз моҳи январи соли оянда низоми махсус оид ба ихчамтар гузаронидани тӯйҳо қудрат пайдо кунад. Қабул шудани ин низом боиси хурсандии бисёр одамон гардид. Мутаассифона, касоне ёфт мешавад, ки нисбат ба ҳуҷҷатҳои давлатӣ беписандӣ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ бояд шаҳрвандони ба шартҳои низом риоя накарда ба ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҳатто ҷиноӣ кашида шаванд.
Ба ҷойи ҳирс ба ҷиҳозҳои рӯзгор ё ин ки матоъҳои қимматбаҳо дар хонаамон барои фарзандон ақаллан як ҷевони хурди китоб харид кунем. Фарзандон аз ин китобҳо донишҳои зарурӣ гиранд. Ба мактабҳои олӣ рафта хонанд. Ба ояндаи неки худ пойдевори мустаҳкам гузоранд.
Ҳоло вақти он расидааст, ки барои барҳам додани дабдаба ва харҷҳои азим дар тӯй ва маъракаҳои дигар ҳамҷиҳатона мубориза барем. То ки дар ин бобат фикри яксони ҷомеа ташаккул ёбад.
Сафарбой БЕРДИЕВ,
раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Боғдод»-и ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.