Хайру эҳсон, саховату дастгирӣ арзиши олӣ, фазилати инсонпарваронаи мардуми мост.
Хушбахтона, ин анъана имрӯз низ бо шаклу намудҳои гуногун зоҳир мегардад.Тӯйи суннатии фарзандон бошад, чун арзиши нодир, анъанаи қадимӣ, рамзи дасткушодию ҳимматбаландии халқамон аст.
Хусусан, солҳои охир дастгирӣ намудани эҳтиёҷмандон, кумаки моддӣ ба оилаҳои камдаромад ба меъёри одии рӯзгорамон табдил ёфтааст.
Ду-се рӯз муқаддам дар базмгоҳи шаҳри Когон бо ташаббуси ҳокимияти шаҳр, шуъбаи таълими халқи он баргузор гардидани тӯйи суннатии 9 нафар бачагони оилаҳои муҳтоҷи дастгирӣ ба ин мисоли одист. Дар тадбир кормандони ҳокимият, раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо, хешу табори тӯйшавандагон, меҳмонон иштирок карданд. Тӯй бо муборакбодгӯиҳо, туҳфаҳои арзанда, дархостҳои нек, савту сурудҳои дилнишин дар атрофи дасторхони пурфайз хотирмон гузашт. Вай ҳамчун рамзи шукронаи рӯзгор, меҳру оқибат дар хотири меҳмонону мизбонон боқӣ хоҳад монд.
Дар фарҷоми маърака падару модарони соҳибтӯй дар мамлакати мо воло будани қадри инсонро таъкид карда, ба созмондиҳандагони «дасторхони мурод» сипосгузорӣ намуданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.