Дар оилаи марди ҳунарманду хоксор Мирзомурод Саидов 15 феврали соли 1953 нахустфарзанд – писаре ба дунё омад. Шодию хурсандии волидон ҳадду канор надошт, бо машварат ба хулоса омаданд, ки Султонмурод ном гузоранд.
Дар оилаи марди ҳунарманду хоксор Мирзомурод Саидов 15 феврали соли 1953 нахустфарзанд – писаре ба дунё омад. Шодию хурсандии волидон ҳадду канор надошт, бо машварат ба хулоса омаданд, ки Султонмурод ном гузоранд. Аз кӯдакию наврасӣ дар ӯ нишонаҳои ҳушёрию зиракӣ эҳсос мешуд. Падари бузургвораш бо меҳр аз дасташ гирифта ба мактаби рақами 7-и ба номи С.Айнии ноҳияи Сариосиё овард. Дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, қобилияти худро намоиш дод. Устодон ӯро ҳамчун шогирди соҳибистеъдод қадр мекарданд. Пас аз анҷоми мактаб таҳсилро дар Омӯзишгоҳи авиатсионӣ давом дод. Сипас, қарзи мардӣ – хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ иттифоқро солҳои 1969-1971 адо намуд. Пас аз бозгашт дар техникуми радиотехникии Фарғона таҳсил кард. Фаъолияти меҳнатиро ба сифати суратгири хонаи маданияти ноҳия оғоз намуд. Охирин моделҳои асбоби суратгирӣ ва суратчопкуниро харид намуда, ба мухлисон босифаттарин суратҳоро кор карда медод. Ин аз зебоипарастӣ ва муносибати ҷиддӣ доштани ӯ ба ҳунар далолат медод. Ҳамзамон таҳсили олиро ғоибона дар Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон идома дод...
ҚАДАМ БА ҶОДАИ САНЪАТ
Имрӯз ту ганҷи бостон
меҷӯӣ,
Истораи нав зи осмон
меҷӯӣ.
Ман ганҷи аёнаму
намебинӣ ҳеҷ,
Фардо, ки ниҳон шудам чӣ
сон меҷӯӣ?
Султонмуроди Саид дили бузурге дошт, ҷӯяндаву навовар буду доимо дар ҳаракат. Омӯзгори мусиқии мактаби 7-ум Исматулло Самеевро устоди аввалини худ медонисту мегуфт, ки ба дастам асбобҳои мусиқӣ додаанд... Ҷозибаи санъат Султонмуроди Саидро ба худ ҷалб намуд. Аз соли 1977 ӯ бо санъаткорони русу тотори шаҳрчаи Шарғун шинос шуда, пас аз анҷоми кори давлатӣ машғулот мегузаронид, акардиону гитор менавохт. Дар назди коргарони кони ангишт ва боғи истироҳатии Шарғун баромад мекард. Баъзан шаб аз Шарғун то хона (14-15 км) пиёда меомад. Дар давоми машғулияти ду-сесола таҷриба пайдо шуд, маҳорат зиёд гашт... Ба сӯйи Душанбе роҳ пеш гирифта, бо устодони санъат Маҳкам Зубайдуллоев, Тоҷиддини Муҳиддин алоқа барқарор намуда, маслиҳатҳо гирифт. Дар назди хонаи Маданияти ноҳия гурӯҳи “Сариосиё” фаъолият дошт. Роҳбари хонаи Маданият Исмоилака Ашӯров ба гурӯҳи ҳунарӣ як хонаеро алоҳида барои машғулиятгузаронӣ ба санъаткорон дод. Даста бо равияи эстрадӣ фаъолияташро пеш мебурд. Дар гурӯҳ навозандаи асбобҳои нафасӣ набуд. Султонмуроди Саид аз Душанбе Рустам ном ҷавонеро овард. Солҳои 1980-1982 чанд нафар ба сифати сароянда, аз ҷумла, Саъдулло Беков, шодравон Иброҳим Ҳайдаров (1959-1999) баромад намуданд. Аз соли 1982 Асадуллоҳи Қаландар ба гурӯҳ ҷалб карда шуд. Султонмуродака мехост ҷавони соҳибистеъдоде кашф намояд, ки ҳанӯз ба мардум ношинос бошад. Бо маслиҳати роҳбари бадеии ансамбли “Шаҳло”-и назди хоҷагии собиқ Ленинград Абдурашид Муродов аз баҳори 1983 Нуралии Муродалӣ ба даста оварда шуд. Дар як нишасти навбатии байнихудӣ сухан дар бораи номи гурӯҳ рафт.
Геннадий Юревич таклиф кард, ки номи гурӯҳро “Универсал” гузорем, Виталий Попков ин фикрро дастгирӣ намуд. Султонмуродака иброз дошт, ки мардуми маҳаллӣ асосан тоҷикону ӯзбекон... ба фикрам номи аврупоӣ мантиқан дуруст нест, ба хулоса омаданд, ки “Парвин” ном гузоранд.
Султонмуроди Саид бо ҳунарпешагони варзидаи Тоҷикистон Далер Назар, Кароматуллоҳи Қурбон, Исматулло Холов робитаи ҳунарӣ барқарор кард, ки ин ба пешрафти кор мусоидат намуд. Машғулиятҳои доимӣ, ҷустуҷӯ кардану навовар будан самараи худро дод. Талаби халқ ба гурӯҳи “Парвин” афзуд. Солҳои 90-умро метавон “солҳои тиллоӣ”-и гурӯҳ номид. Аҳли даста бо либоси ягона баромад мекарданд. Доираи ҳунарии “Парвин” аз ҳудуди вилоят баромад. Волидон ба тифлони навтаваллудшуда бо ҳавас номи Парвин ё Парвинаро медоданд... Ҳар як сарояндаи даста ба дараҷаи устодӣ расида репертуари ғании худро соҳиб шуданд. Аз ибтидои асри ХXI дар заминаи дастаи ҳунарии “Парвин” аввал Асадулло Қаландаров (“Ориён”), баъдан Комилҷон Қобилов (“Танин”) дастаҳои ҳунарии худро ташкил доданд. Устоди ҳунар Султонмуроди Саид ҳофизи ҷавону умедбахш Сафаралӣ Раҷабзодро тарбият намуда, фаъолияти дастаи ҳунарии “Парвин”-ро идома бахшид.
Шеърҳои зерин қисме аз сурудҳоест, ки аз ҷониби Султонмуродака ва сарояндагон оҳанг баста шудаанд: “Модарам”-и М.Турсунзода, шеърҳои “Мову ту”, “Бубар, эй рӯд, ғамхор диламро” ва “Гулчини рубоиёт”-и Лоиқ Шералӣ, “Эй гулоғӯш”, “Агар ошиқ...”, “Алвидоъ”-и Абдуллоҳи Раҳмон, “Наврӯзӣ”-и Раҳмат Назрӣ, “Модар”, “Парвин”-и Холбой Ҷалил, “Беқарорам”-и Муҳаммадалии Хуросонӣ ва ғайраҳо...
Соли 2017 гурӯҳи санъаткорону мухлисони самарқандӣ ӯро ба Самарқанд даъват намуда, ҳамкориро ба роҳ монданд... Дар зодгоҳ – Ӯзгариш 8 октябри соли 2019 бо шогирди худ – сароянда Сафаралӣ Раҷабзод дар базми висол хидмат намуд. Аҳли даста бо либоси ягона баромад карданд. Он лаҳзаҳо ҳеч кас намедонист, ки ин охирин ҳунарнамоии устоди санъат дар зодгоҳаш мебошад... Тариқи телефон бо Соли нави 2020, ки дар Тошканд буд, табрик намуда, суҳбат оростем. 15 феврали соли 2020 занг зада, бо зодрӯз муборакбод намудем, лек намедонистем, ки ин суҳбати охирини телефонӣ мешавад. 3-юми июли соли 2020 риштаи умри устоди ҳунар гусаста шуд.
“Навбати ман буд, куҷо рафтӣ балам” гуфтани модари 92-солаи устоди ҳунар ҷигарҳоро реш-реш мекард. Нолаву фиғони бародару хоҳар, зану фарзандонаш ба фалак дакка мехӯрд. Дӯстону мухлисони бешумораш ашки ҳасрат мерехтанд аз реҳлат кардани устоди ҳунар.
То гум нашавӣ касе наҷӯяд
номат,
То дур набошӣ нарасад
пайғомат.
Таърих ҳамеша пухтакор
аст чунон,
К-оғози туро биҷӯяд аз
анҷомат.
Дар бораи дақиқкорию сахтгирии Султонмуроди Саид бисёр шунидаем, овоз аз оҳанг бояд баланд бошад мегуфт ӯ. Дар сари ҳар як мусиқӣ заҳмати зиёд мекашид, рӯзҳои бешуморро сарфи он мекард. Ба дигарон низ ҳаминро талаб менамуд. Чун дар вилоят барномаи тоҷикии телевизионии “Чашмасор” ташкил гардид, нахустбарнома аз ҳаёту фаъолияти санъаткорон дар бораи “Парвин” намоиш дода шуд. Дар ҷараёни банаворгирӣ мухлисону мутахассисон дар бораи даста суханҳо гуфтанд, сарояндагон сурудҳояшонро сароиданд. Султонмуродака баъди пахши нахустбарнома масъулиятро боз ҳам бештар ҳис намуда, дар пайи ҷустуҷӯ ва омӯзиш афтод. Суруду мусиқиҳои нав ба нав эҷод мекард. Дар оғӯши манзараҳои зебои кӯҳистони диёр суруду клипҳо омода месохт. Бо ин роҳ манзараҳои дилфиреби диёрашро ба дигарон шинос менамуд. Ҳунари ба наворгирӣ, ки низ дошт суруду клипҳоро худаш бо камераи рақамиаш ба навор мегирифт ва онҳо паиҳам дар барномаҳои тоҷикии телевизионии “АТР”-и Деҳнав, “Чашмасор”-и Сурхондарё ва “Рангинкамон”-и Тошканд намоиш дода мешуданд.
Борҳо аз ӯ хоҳиш намудем, ки дар борааш ва фаъолияти дастаи ҳунарии “Парвин” дар рӯзномаҳо мақолаҳо нависем, розӣ намешуд. Аз кору фаъолияти худ қаноат ҳосил намекард. Ҳар гоҳ ки сари ин масъала гап кушоем, мавқуф мегузошт ва мегуфт, ки дар пеш кору нақшае дорад ва баъди анҷоми он албатта хоҳем навишт.
Соли 2007 дар як ноҳияи дурдасти вилоят дастаи ҳунарии “Парвин” базмро дар сатҳи баланд гузаронд. Пас аз анҷоми базм чанд нафар даври устод ҷамъ шуда, арзи сипос намуданд. Калонтарини онҳо, ки асосан ӯ саволҳо медод, дар сар тоқӣ дошт, мӯйлабдору ғафсбадан буд. Баъд аз посухҳо Султонмурод аз он шахс чандсола буданашро пурсид. Чун маълум шуд, ки аз Султонмуродака чанд сол хурд будааст, ба ӯ гуфт: “Одоби мулоқот ин аст, ки бо касе чун шинос мешавед, суҳбат мекунед, бояд Шумо гуфта муроҷиат намоед”. Он мард хиҷолат кашида бахшиш пурсид.
Султонмуродака инчунин мунтазам бо варзиш машғул мешуд, симояш нисбати син 10-12 сол ҷавонтар менамуд, диди баланди либоспӯшӣ дошт.
Миёнаҳои солҳои 80-ум ин устоди ҳунар асбоби мусиқии М-1-ро, ки дар мо ноёб буду асбоби беҳтарини ҳамон давр ба ҳисоб мерафт, ба воситаи чанд нафар аз Маскав шинос пайдо карда оваронд. Бо мақсади омӯхтану навохтани он бошад, рӯзҳои шанбе пас аз кор асбобро гирифта бо автобус ба Душанбе назди ҳунарпешаи номӣ Кароматуллоҳи Қурбон мерафту тӯли ду-се рӯз меомӯхт, баъзан бошад, 5-6 рӯз мемонд. Миёнаҳои солҳои 90-ум барои асбоби мусиқӣ ба Дубай низ рафтааст.
Марди дасторхондор буд Султонмуроди Саид... Дар меҳмондориҳои хонааш, ки ба маҳфили шеърхонию сурудхонӣ табдил меёфт, санъаткорону аҳли эҷод, ҳатто берун аз ҷумҳурӣ, ширкат менамуданд. Дасторхонороияш дар сатҳи баланд мегузашт.
Тобистони соли 2007 дар мавзеи Дӯзахдараи соҳили дарёи Тӯпаланг Султонмуроди Саид як боғ бунёд карда буд, ки мо низ се рӯз дар он истироҳат доштем, бо аҳли дастаи ҳунарӣ тамоми маҳсулоти лозима: то дастпоки маротибагию мисвок вуҷуд дошт...
Табиат, кӯҳ, кӯҳистонро дӯст медошт қаҳрамони мо. Ба кӯҳистон бояд пиёда равед, пойҳо обила кунад, аз табиат лаззат баред, зебоии онро бинед, дил шод шуда, асаб ором мешавад, чашмҳо нур мегирад, мегуфт ӯ ҳамеша. Дар Дӯзахдара боғе бунёд карда, ба шиносе аз деҳаи Вочах (дар баъзе манбаъҳо Вошайх) чандсад ниҳол гирифта дод, то ки боғ бунёд шавад.
Он манзил низ аҷиб аст, дар паҳлӯю пушти хона арчаҳои сарсабз, тути ширине, ки устод Абдуллоҳи Раҳмон пайванд кардаанд, низ вуҷуд дорад, дар саҳни ҳавлӣ сабза мерӯяд, ҷониби офтоббарои хона ҷӯйи пуроб мегузарад, ҳамвории зина ба зина дорад, дарахтону ток... гӯё як гӯшаи кӯҳистон аст.
Султонмуроди Саид марди шеърдӯст буд, шеъри баландро дӯст медошт. Агар писанд ояд баргашта гуфтану шарҳ доданатонро мепурсид, ҳатто хоҳиш мекард, ки навишта диҳем. Баъзан агар занги дарвозаро пахш намоему набарояд, мефаҳмидем, ки дар таҳхона машғули эҷод аст. Он ҷо махсус омода шуда буд, садо намерафт.
ФАРЗАНДОН – ДАВОМДИҲАНДАИ КАСБИ ПАДАР
Султонмуроди Саид зиёда аз 45 соли ҳаёти хешро ба санъату ҳунар бахшид, дар баробари шогирдони зиёде тарбият намудан, фарзандони ҳунарманд-санъаткор низ ба камол расонид. Сайёд баъди фаро гирифтани мактаби мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон магистратураро дар Донишгоҳи Айови Шимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаро гирифт. Сорбон низ дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон таҳсили илм кард. Шаҳрон ва Суҳайло бошанд, мактаби махсуси мусиқии ба номи Успенскии Тошкандро хатм намудаанд.
Ҳарчанд ки дастаи ҳунарии “Парвин” расман фаъолияти хешро қатъ накардаасту ба сабаби беморӣ ва фавти устоди ҳунар Султонмуроди Саид тайи ду соли охир фаъолият надорад, фарзандони ҳунармандаш, ки думболи касби падар рафтанд, кори қиблагоҳашонро идома доданӣ ҳастанд. Дар ин ҷода ба онҳо комёбиҳо хоҳонем.
Маҳкам ҶАЪФАРОВ,
омӯзгори мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сурхондарё.
Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик».