ТӮМОРИ ИШҚ

Оре, дигар аз фарёду оҳ суде нест. Солҳову моҳҳо, рӯзҳо ва соату дақиқаҳо пайиҳам мегузаранд. Ишқи ману ту мисли худамон дигар ҷавон нест...

Фарёд макун, ки ғунчаҳо намурдаанд,

К-андар дили мо чӣ орзуҳо мурдаанд.

(Лоиқ)

Оре, дигар аз фарёду оҳ суде нест. Солҳову моҳҳо, рӯзҳо ва соату дақиқаҳо пайиҳам мегузаранд. Ишқи ману ту мисли худамон дигар ҷавон нест... Хотираҳо... Магар гузаштаву имрӯзаро ба ҳам намепайванданд?!

Аз ишқи ману ту то кунун хотираҳои нек боқӣ монд. То ҳол дӯстонам мепурсанд, ки чӣ шуд? Охир мо ҳама ба ишқи бегазанди шумоён ҳавас мекардем. Ҷавоб яктост: Чашм расид!

Баъди чанд соли ҷудоӣ бо ту ман боз ба шаҳри ҷавониам, шаҳре, ки дар он лаҳзаҳои беҳтарини умрам сипарӣ гардидаанд, омадам.

Салом, эй кӯчаҳои пур аз меҳру ишқ боз ба дидори ту, ки ба дилам оташи муҳаббат афрӯхта будӣ, омадам!

Дар он гулгашту кӯчаву хиёбонҳо, ки бо ту паймудаам, қадам задам. Хаёламро он рӯзҳо бурд. Чӣ лаҳзаҳои хушу гуворо буданд. Ману ту паҳлӯи ҳам даст ба даст дар ин гулгашту хиёбонҳо қадам мемондем.

Он маҷнунбеду хиёбонҳои шаҳри ҷавонӣ дигар нест, ки аз муҳаббати ману ту қисса кунанд. Он курсиеро, ки ману ту нишаста «рози дил» мекардем, дигар наёфтам. Фақат ягона нишона ҳамон истгоҳ мондааст , ки аз он ҳар рӯз туро ба хонаатон гусел мекардам. Шаҳр куллан дигар шудааст. Хонаҳо осмонбӯс, кӯчаҳо васеъ ва пур аз гулзор. Гӯё ҳамон лолаҳое, ки рӯзи мавлудат ба ту ҳадя карда  будам, ҳамон лолаҳое, ки рӯзҳои наомаданат дар дастам «пажмурда» шуда буданд,  гулгаштҳои шаҳрро аз нав оро медиҳанд.

Шоире фармудааст: «Муҳаббат қуллаи дастнорас аст», вале дастҳои мо ба ҳам расиданду дасти диламон нарасида будааст.

Акнун, ки солхӯрдаем, ба қавли устод Лоиқ «ё солхӯрда моро» фақат аз он рӯзҳои хубтарини ҷавонии ману ту хотираву ёдҳо мондаанд.

Ман имрӯз боз туро ёд кардам ва ишқи нокомро рӯйи коғаз овардам. Фақат хоҳише дорам. Баъди хондани нома гиря макун.

Бигузор ин, мактуби вопасин ҳамчун тӯмор аз ишқи ҷовидонаи ману ту ба ёдгор монад. То сонияву дақиқаву рӯзу моҳу солҳоро эҳсос кунӣ. Эҳсос кунӣ, ки бо чӣ андоза туро дӯстат медоштам...

Раҳимшоҳ Шарифзода.

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: