Ҳар маҳал бо касбу ҳунари хоси худ маъруф аст.
Чуст низ бо ҳунармандӣ машҳур аст.
Дар мамлакатамон барои равнақёбии ҳунару ҳунармандӣ эътибори хосса дода мешавад. Ба ин муносибат ва мувофиқи қарори Президент вобаста ба боз намоён кардан, такмил додани мероси ғайримоддии маданӣ ва арзишҳои миллӣ, онҳоро ҳамаҷониба муҳофизат кардан, бо васеъ ҷалб намудани ҷамоатчиён намунаҳои онҳоро муайян кардан, ба рӯйхат даровардан, рақамӣ кардан, тарғиб намудан, инчунин бо мақсади намунаҳои дар хавфи маҳвшавибудаи онҳоро ҳифз кардан ва аз рӯйи онҳо оммавигардонии таҷрибаҳои пешқадам дар қасри фарҳанги шаҳри Чуст таҳти мавзӯи «Тӯппӣ дӯхтам – риштаҳояш аз тилло» машғулоти илмӣ-амалӣ ташкил карда шуд. Дар он фаъолон, зиёиён, марду занони ҳунарманд, тарғиботчиён, масъулон, кормандони маданият ва намояндагони соҳаи ҳамаи ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Чорабиниро роҳбари шуъбаи маданияти ноҳия Ғ. Хилбоев кушода, доир ба мақсад, мазмуну моҳияти тадбир изҳори ақида намуд. Ҷонишини он Гулсорахон Насимхонова оид ба мавқеъ ва аҳамияти мероси ғайримоддии маданӣ дар пешрафти ҷамъият ва устои ҳунарманд Раҳимҷон Убайдуллоев дар бораи усулҳои тарғибкунии объектҳои мероси ғайримоддии маданӣ маърӯза карданд. Дар музокираҳо роҳбари шуъбаи эҷодиёти халқи вилоят Муслимбек Асилбеков, мутахассисони садорати маданияти вилоят Зокирҷон Шерғозиев ва Маҳмуда Маҳкамова, ҳамчунин аз ноҳияи Мингбулоқ Ш. Бекбоев ва Э. Ҷонибекова дар хусуси масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд. Дар равиши машғулияти илмӣ-амалӣ 70 ҷараёни дӯхтудӯзу тайёркунии тӯппиро дӯзандагон амалан нишон доданд. Корди Чуст дар 40 ҷараён сохта мешудааст, аз ин мебарояд, тӯппидӯзии чустӣ нисбат ба кордсозӣ заҳматталаб будааст.
Иштирокдорони чорабинӣ дар коргоҳи тӯппидӯзии Нурхон Бойбоева, махсусан, аз анъанаи «устоду шогирд» таассуроти амиқ бардоштанд.
Ба тадбир суруду рақсҳои дастаи халқии «Чуст тароналари» ва дастаи фолклории «Амонёр» файзу футӯҳ ато кард.
Ба намоишгоҳи қасри фарҳанги шаҳри Чуст вобаста ба чорабинӣ матоъҳо, либосҳо, лӯхтакҳои миллӣ, хелҳои тӯппӣ «Зира», «Устухонак», «Барги бед», «Оба», «Домод», «Тӯйбача», «Айюбнусха» ва намунаи кордҳои миллии Чуст гузошта шуданд.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.