ТУРФА ШОГИРДЕ, КИ БА ҲАЙРАТ ОВАРАД УСТОДРО

Дил кашад, по меравад

Дар озмуни минтақавии «Ҷӯянда ёбанда аст» то охир баромади ҷолибу рангин ва бартарии мактабиёни рақами 12 эҳсос карда мешуд. Барҳақ, зӯрозмоӣ бо панҷ даста ба пирӯзии дастпарварони Умедуллои умедбахш анҷом ёфт.
– Саҳми Умедулло Бобоев дар ин комёбӣ назаррас аст, – гуфта буд бо ифтихор сарвари ҳамонвақтаи таълимгоҳ Искандар Ҳусинов. – Ӯ ҷавонест масъулиятшинос, ташаббускор ва ташкилотчӣ.
Суҳбати мо бо ӯ дар он мактаб иттифоқ афтода буд. Агарчи мулоқотамон тӯлонӣ набуд, аммо огоҳӣ пайдо кардем, ки ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат ҷавони хушодоб ва фарҳангдӯстест. Инак, аз он айём сӣ сол сипарӣ гардидааст...
Рӯзи истироҳат буд. Мо ӯро аз манзилаш пайдо накардем. Гуфтанд, ки чорвояшро ба саҳро – назди замини фарзандаш бурдааст. Аз он ки дил мекашид, роҳи саҳроро пеш гирифтем.
Аз шафати манзилҳои зисти навбунёд хати роҳи оҳане, ки алҳол дар истифода нест, мегузашт, майдонҳои кишт назаррабо буданд. Тамошои саҳрои васеъ ва қолинҳои сабзи густурдаи табиат ба дилҳо як олам завқ мебахшид. Дар лаби ҷӯй зери сояи дарахти азиме саргарми мутолиа буд ӯ. Вақте моро дид, аз ҷо боло шуда хиҷолатомез хайрамақдам гуфт. Умедулло моро аз рӯйи одоби меҳмондорӣ ба хонааш даъват намуд. Вале кадоме аз мо шӯхиомез байти Хоҷа Ҳофизро ба лаб овард:
Боғи биҳишту сояи 
тубию қасри ҳур,
Ба хоки пойи дӯст 
баробар намекунам.
Дар сояи дарахт, ба қавле, суҳбатамон қаймоқ баст. Дар рафти суҳбат суол кардем:
– Бародар, инак, сию ҳафт сол аст, ки мисли як сарбози содиқ дар ҷабҳаи мактабу маориф хидмат мекунед. Як бор бошад ҳам аз касби интихобкардаатон пушаймон шудаед?
– Мо рӯзгоре дар мактаби миёнаи зодгоҳ аз номзади илмҳои филологӣ Ш.Рашидов, омӯзгорони соҳибтаҷриба Қ.Эрназаров, Б.Саломов, М.Труфлёва, С.Сафаров (равонаш шод бод) асосҳои илмро омӯхтем. Сабақҳои онҳо дар боби қаноат, сабру таҳаммул, накӯкорӣ ва дигар фазилатҳои инсонӣ то ҳол мо – шогирдони собиқро дар ҷодаи ноҳамвори зиндагӣ тӯшаи роҳ аст, – гуфт мусоҳибамон. – Сониян, аз суфрае, ки нону намак хӯрдаӣ, рӯй тофтан нишони ношукриву кӯрнамакист.

Дурахши ситораи бахт

Умедулло дар оилаи серфарзанд ба дунё омад. Қиблагоҳашро Муҳаммади Бобо мегуфтанд. Пирамард шахсе буд шӯхтабиат, хандонрӯ ва суҳбаторо. Қиёфае дошт мисли як ҳунарпешаи соҳаи театр. Қисса ва пандҳои модари зиндаёдаш – Ойлархола ҳамеша бо ӯ буданд. Эътибор ва ҳидоятҳои бародари калонӣ – акои Аҳтамқул, ки ҳоло чун омӯзгори собиқадор даври пирӣ меронад, зоеъ нарафт. Бо вуҷуди норасоиҳои рӯзгор, маҳз роҳбаладии ӯ ва майлу шавқи хондан навраси ташнаи илмро ба даргоҳи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода бурд. Баъди дохил шудан нахост сарбории волидайн шавад. Фориғ аз дарс бо меҳнати ҳалол дастмузде пайдо мекард. Хубу аъло мехонд, кумакашро аз ҳамсабақон дареғ намедошт. Устодони сахтгиру серталаб ӯро  меписандиданд...
Дарвоқеъ, сулолаи Бобоевҳо дар маҳалла маъруфият дорад. Чунончи, модараш – апаи Хосият чанде дар мактаб кор кард. Сипас, солиёни дароз дар риштаи кишоварзӣ кору фаъолияташро идома дод. Бино ба таомули роиҷ бонуи меҳнатдӯст, ба қавле, гиреҳкушои мушкили сокинони деҳа буд. Бародари хурдии муаллим – Ҳикматулло бошад, ҳоло вазифаи раисии маҳаллаи «Қорашиқ»-ро ба ӯҳда дорад. Яъне, дувоздаҳ нафари сулола бо касби пуршарафи омӯзгорӣ машғуланд.
Вилоятбону – ҳамсари меҳрубони Умедулло сию чор сол аст, ки чун табиби ҳозиқ ба дунболи тандурустии мардум аст.  Аҳсан ба иродаи Парвина, ки ҳам пешаи қиблагоҳ ва ҳам пешаи модари ғамгусорашро ихтиёр кардааст. Зарринаву Дилшод аз пайи падар рафтанд. Хуршед соҳибкор асту Сардор толибилми дабистон.
...Баҳори соли 1985 буд. Директори мактаби зодгоҳаш – шодравон акаи Маҳмадсаид шабе дари ҳуҷраи шогирдро кӯфт. Ӯ шунида буд, ки дастпарвари боистеъдодашро ба кадом як донишкадаи вилояти дурдаст ба кор фиристоданиянд. «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд. Роҳбари чашмикордон Умедуллоро ба ҷамоаи хеш бипайваст. Модари пираш низ мехост ӯ дар гирдупешаш бошад.
– Марди нектинат ва хоксоре буд шодравон Маҳмадсаид Содиқов, – бо шукргузорӣ ёд мекунад ҳамсуҳбати мо устоди даҳҳо толибилму ҳампешагонашро.

Дастовези мураббиён

– Ибтидои кор бароятон душвор набуд? – пурсидем аз Умедулло.
Омӯзгор суханро аз сатрҳои зерини Мавлои Балх шурӯъ намуд:
Ҳеч кас аз пеши худ 
чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе
 нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд 
Мавлои Рум,
То муриди Шамси 
Табрезӣ нашуд.
– Соли хониши 1985-86 мани навпеша бо тахассуси омӯзгори забон ва адабиёти рус ба фаъолият пардохтам, – қадамҳои нахустини ба остонаи мактаб ниҳодаи худро ёдовар мешавад Умедулло. – Хоссатан, бо кумаку тавсияҳои услубии устодони соҳибтаҷриба Қ.Азизов, Б.Саломов, Н.Раҷабов, И.Ҳусинов, Ӯ.Ҷӯрабоева, З.Ҳайитова ва Н.Назарова малакаву маҳорати касбии хешро мунтазам сайқал медодам.
Ҳампешагонаш ба қаҳрамони мо назари нек доранд.
– Солҳои тӯлонӣ бо Умедулло паҳлӯ ба паҳлӯ дар як даргоҳ кор кардем, – ин буд дебочаи сухани яке аз машъалони ҷабҳаи таълим И.Ҳусаинов. – Дар урфият мегӯянд: «Агар дар дег бошад, ба кафлес мебарояд». Ба ин маънӣ лаёқат ва фазилатҳои ӯ боис шуда, ки дар як муассисаи бонуфуз 27 сол аз вазифаи котиби иттифоқи ҷавонон то лавозими директори мактаб – дар зинаҳои мухталиф сермаҳсул ва бенуқсон фаъолият дошт. Ҳоло бо пешаи дӯстдоштааш – омӯзгорӣ сарукор дошта бошад ҳам, дар маҳалла шогирди одамшиноси каминаро чун ёвари беғараз эҳтиром мекунанд.
Адибаи хушсалиқа ва тарғибгари корҳои фарҳангиву эҷодии мактаб Ӯғилой Ҷӯрабоева нисбати ӯ фикрашро чунин иброз дошт:
– Чанде қабл моҳонаи фанни забон ва адабиёти рус, ҳамзамон семинари доимоамалкунандаи мактабҳои ноҳияи Узун дар мактаби мо, ки яке аз таълимгоҳҳои такягоҳӣ маҳсуб мешавад, таҳти сарпарастии Умедулло Бобоев бошукӯҳ, пурмазмун ва хотирмон сурат гирифт. Иштирокчиёни чорабинӣ ба қароре омаданд, ки таҷриба ва дастовардҳои илмию методии муаллимони пешқадам, дар мисоли Умедулло Бобоев, бо назардошти таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия бояд татбиқ карда шаванд.
– Устод дар тарбияи кадрҳои роҳбарикунандаи маърифатгоҳ, аз ҷумла камина, Т.Икромов, М.Субҳонова, М.Шодмонова, М.Кенҷаева, омӯзгорон А.Фаҳмаева, З.Худойбердиева ва намояндагони ҷабҳаҳои дигар нақши босазое дорад, – мегӯяд бо ифтихор ва қаноатмандӣ сарвари таълимгоҳ Неъматулло Ортиқов.
Дар ҳақиқат, аҳли ҷомеа ва атрофиёнаш устодро омӯзгори асил ва муваффақ меҳисобанд. Як далел ин аст, ки аз 43 нафар соҳибихтисос танҳо Умедулло ва чанд тани дигар пас аз назарсанҷишҳои гуногуни таълимӣ, ки мутасаддиёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи А.Герсин ташкил карда будаанд, ба унвони беҳтарин мутахассис ва донандаи забони русӣ сазовор дониста шудаанду бас. Баробари дастрасии шаҳодатномаи дараҷаи аввал подоши салоҳият ва истеъдод ба маоши муаллими соҳибтаҷриба ҳар моҳ тариқи имтиёз 50 фоиз музди иловагӣ пардохт карда мешавад.

Сурат зебо, сират – дилкаш

Умедулло аз нигарониҳои мо доир ба баъзе камиву костиҳои кори таълим дар идораву муассисаҳои марбут, мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаву омилҳои халалпазири он ва раванди ислоҳот нуқтаи назари хешро бо санаду фактҳои эътимодбахш собит намуд. Мегӯянд, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан». Бори дигар шоҳид гардидем, ки муаллим диле доштааст поку беолоиш ва хайрхоҳ. Нисбати ҳаёт ва атрофиён хушбинона мулоҳиза меронад. Ӯ ҳампешааш Ҳ.Бековро педагоги корозмуда ва мураббии омӯзгорони ҷавон меҳисобад. Бо фараҳмандӣ арз мекард, ки М.Шодмонова, С.Содиқов ва Ф.Қудратов барин омӯзгорони забону адабиёт, математика ва забони англисӣ соҳиблаёқату заҳматпешаанд. М.Мизробов ва И.Шойимов аз нигоҳи ӯ кадрҳои умедбахшанд.
– Бародархондам Абдуллои Сангин ба нафақа баромаду ҷояш холист, – бо таассуф ёд мекунад Умедулло яке аз фидоиёни мактабу маорифро. – Охир, дар байни ҷомеа мавқеъ ва манзалате дошт. Дӯсти ҷавонмаргам Лутфуллои Алӣ бошад, мутахассиси забардасти забони русӣ ба ҳисоб мерафт. Дареғо, ӯро ояндаи хубу дурахшоне интизор буд.
Аз нигоҳи мусоҳибамон ҳатто кору шахсияти китобдори маърифатгоҳ дур наафтода буд. Ҳайрат ва рағбати моро пай бурд магар бо илтифот изҳори ақида кард нисбати Муслима Неъматова:
– Ин собиқадори меҳнат устоди касби хеш аст. Мекӯшад, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавияти насли ҷавон бештар саҳм бигузорад. Хоҳар, бонуи хушахлоқ, ҳалолпеша ва фидокор буда, ҷамоаи омӯзгорону хонандагон ва падару модарон ба ӯ арҷ мегузоранд.
– Баъди даргузашти қиблагоҳ чанд муддат кор пайдо карда натавонистам, – мегӯяд омӯзгори навпеша Умед Раҷабов. – Ташаккур ба устод Умедулло, ки дар тангдастӣ ба имдоди хонаводаи мо расиданд, дар роҳи ба амал татбиқ намудани донишҳои назариям имконият фароҳам  оварданд.
– Устоди азиз, – бо суоли навбатӣ муроҷиат кардем ба Умедулло, – бигӯед, ки кадом тоифаи одамон ба табиати шумо созгор нестанд?
– Ба ростӣ, ҳавобаланду худхоҳ, хиёнатпешаву хушомадгӯй ва фиребгару танбалҳоро чандон намеписандам, – ҷавоб дод бо қиёфаи ҷиддӣ ҳамсуҳбатамон. – Иллат дар чӣ бошад, ки вақтҳои охир анбӯҳи чашмгурусна ва порахӯрҳо монанди зарпечак ҷомеаро як андоза осебпазир гардондаанд. Иддае аз онҳо дар маъракаҳо оиди некиву луқмаи ҳалол ба мардум ваъз мехонанду вале худ ғуломи нафсанд. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз:
Воизон ҷилва дар 
меҳробу минбар 
мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, 
он кори дигар мекунанд.
Умедулло дар рафти суҳбат хотиррасон кард, ки шеваи гуфтору рафтор, хазинаи донишу таҷриба, сарвати бебаҳои олами маънавии устодонашро дар симову ботини аксарияти мураббиён ва омӯзгорони имрӯза намебинад. 
– Шахсияти онҳо, аз ҷумла, шахсияти устоди меҳрубонам Қурбонмурод Азизов худ як мактаб аст, – бо қадршиносӣ зикр менамояд муаллими ботаҷриба. – Сарафрозам, ки банда дар чунин муҳити созанда ба воя расидам.
– Ману устод танҳо зиндагӣ мекунем, – мегӯяд ҳамсари Қ.Азизови 87-сола янгаи Хадича. – Фарзандону пайвандон, ҳамсояҳо, бисёре аз шогирдони муаллим хабаргирӣ меоянд. Лекин рӯзе нест, ки Умедулло занг зада, аҳвол напурсад. Ба аёдати мо зуд-зуд меояд. Ҳатто ба корҳои хоҷагиамон ёрӣ мерасонад. Хиҷолат мекашем. Дар ҳоле ки ба қавли Хоҷа Ҳофиз гоҳо ба мушоҳида мерасад:
Ҳеч раҳме на бародар ба 
бародар дорад,
Ҳеч шафқат на падарро ба 
писар мебинам.
 Ӯ кӯмакашро аз мо дареғ намедорад. Ин иқдоми Умедулло шоистаи таҳсин аст. Шукр, ки сафи ин гуна инсонҳо кам нест. Чанде қабл устоди шоиртабъ Қурбонмурод Азизов таҳти унвони «Ёдам кунед» маҷмӯаи ашъори хешро баҳри шефтагони каломи бадеъ пешниҳод карда буд. Дар шеъри «Умеди ман», ки муаллим онро ба писархонди соҳибфазлу худшиноси худ Умедулло бахшидааст, меҳри  падаронаи ӯ аз ҷумла ин гуна инъикос ёфтааст:
Туӣ бар ҷону дил 
пайванд,
Бароям гаштаӣ монанди 
фарзанд.
Илоҳо зинда бошию 
саломат,
Касе чун ту надидам 
пурмуҳаббат.
Мо бо табъи болида ва як олам таассурот бо ин инсони дарёдил худоҳофизӣ кардем.
Умедулло, ҳарчанд соҳиби ҷоизае нест, кору фаъолияти ибратпазираш аз назари соҳибмансабон ва шахсони ваколатдор дур мондааст, вале эҳтироми устодону шогирдон ва хурду калони маҳалла барои ӯ аз ҳар гуна мукофот болотар аст...
Шабонгаҳ. Умедулло Бобоев чун одат дар паси миз нишаста ба машғулоти навбатӣ омодагӣ мегирад. Мураббии мушфиқи сахтгир хуб медонад, ки фардо ӯро дар мактаб дастпарварони зираку доно ва ташнаи илм пешвоз хоҳанд гирифт.

Ниёзмурод МУРОДОВ,
ноҳияи Узуни 
вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: