Туркия барои сайёҳон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Туркия тафтиши амниятиро дар фурудгоҳҳо шадидтар кард.

Акнун ҳангоми ворид шудан ба терминалҳо ва баромадан аз майдони саворгоҳ тамоми мусофирон ва бағоҷи онҳо тавассути дастгоҳҳои махсус ва дар ҳолати зарурӣ дастӣ аз назар гузаронида мешаванд.

Агар шахс рад кунад, ӯро ба ҳавопаймо ва ҳатто ба худи бино роҳ намедиҳанд. Ҷустуҷӯҳо таҳти назорати полис сурат хоҳанд гирифт, хабар медиҳад kommersant.ru.

Қатъитар шудани тафтишот ба ворид кардани тағйирот ба қонун дар бораи авиатсияи шаҳрвандӣ марбут аст. Порлумони Туркия онҳоро рӯзи панҷшанбеи 4 июл қабул кард. Ва ба татбиқи навоварӣ аллакай шурӯъ кардаанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: