Туркия ҳангоми ворид шудан ба кишвар ба гирифтани изи ангушт шурӯъ мекунад

Мақомоти Туркия ният доранд изи ангуштони шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин кишвар меоянд, бигиранд. Дар ин бора сардори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Алӣ Ерликай хабар дод.

"Ҳангоми ворид шудан ба Туркия, ба мисли ИМА ва Бритониё, изи ангушт гирифта мешавад" гуфт вазир бидуни мушаххас кардани он, ки лоиҳа кай оғоз мешавад.

Сардори Вазорати корҳои дохилии Туркия ҳамчунин аз нақшаи чип кардани кортҳои шахсияти шахсоне, ки дар ҷумҳурӣ мақоми ҳифзи муваққатӣ гирифтаанд, хабар дод. Ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандони Сурия, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, дахл дорад. Ерликай қайд кард, ки сохтакории чунин ҳуҷҷатҳо ғайриимкон аст ва истеҳсоли онҳо аллакай оғоз шудааст, хабар медиҳад ТАСС.

Бино ба маълумоти вазорати корҳои дохилии Туркия, дар ҷумҳурӣ 4,4 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки 3,1 миллион нафарашон шаҳрвандони Сурия мебошанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: