«ТУРО ДАР БӮСТОНИ УМР ЧУН МУРҒИ САҲАР ДИДАМ...»

Дарбанд яке аз деҳаҳои кӯҳии зебоманзари бостонии воҳаи Сурхон ба ҳисоб рафта, суханварону қаламкашони зиёдеро ба воя расонидааст. Ҷамшед Ҷумъақулов мутахаллис ба Ҷамшеди Панҷизод (Дарбандӣ ё Чағонӣ) яке аз фарзандони ин диёр буда, таърихи таваллуди ӯ ба санаи 7 декабри соли 1974 рост меояд.

Падару модараш яке аз зиёиёни ҳамин деҳа буданд. Падараш, ки Панҷӣ ном дошт, аз он ки саховатманд буд, мардуми деҳа ӯро «Панҷӣ йигит», мегуфтанд. Модараш, момои Мунаввар, ки модари меҳрубони 13 нафар фарзанд ва бибиҷони давлатманди наберагони зиёд буд, ба сабаби яке аз занони оқилаву ҳунарманди деҳа буданаш, мардум «Мунаввар сӯфӣ» мегуфтанд.

Даврони таҳсили ибтидоии Ҷамшед дар мактаби рақами 11-уми ба номи Мирзо Турсунзодаи зодгоҳаш соли 1992 ба поён мерасад. Ӯ яке аз хонандагони фаъоли ҳамин мактаб буда, дар байни устодону ҳамсинфон ва ҳаммактабиёнаш обрӯву эътибори хоса дошт. Майлу рағбати ӯ ба китобхониву қаламронӣ ҳанӯз дар ҳамин давра пайдо шудааст. Устодон маҳорати эҷодкориашро пай бурда, ӯро ба озмунҳои фаннӣ пешбарӣ менамуданд. Чун ӯ китоб ва китобхониро хеле дӯст медошт, устодон шароит фароҳам оварда буданд, то ки ӯ вақти бештари худро дар китобхонаи мактаб бо мутолиа гузаронад. Ҷамшед дар баробари мутолиаи китоб, китобхонаи мактабро ороиш медод. Шеъру мақолаҳо навишта дар рӯзномаҳои даврӣ чоп мекунонд. Дар баробари ин бо маслиҳати устодонаш ҷавонони шавқмандро ҷамъ намуда, рӯзномаи девории мактабро бо номи «Шуълаи умед» низ ташкил карда буд. Ӯ алифбои ниёгонро низ худомӯзӣ намуда, бо хати зебои форсӣ оид ба ҷашни «Наврӯзи оламафрӯз» чизҳои баёнӣ сохта, дар мусобиқаҳои байни се мактаби деҳа ҷойҳои намоёнро ишғол мекард. Истеъдоду иқтидори ӯро устодон пай бурда, таъкид мекарданд, ки ӯ ояндаи дурахшон дорад ва минбаъд таҳсилашро дар мактаби олӣ идома диҳад. Ҳамин тавр ӯ соли 1992 мактаби миёнаро хатм намуда, ба шуъбаи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тирмиз ҳуҷҷат месупорад. Ӯ дар донишгоҳ 5 сол таҳсил намуда, соҳиби иззату эҳтироми устодону ҳамсабақони худ мешавад. Гарчи ин давр яке аз даврони вазнини ҳаёту зиндагонии вай ба ҳисоб мерафт, вале аз хондану навиштан ҳеч гоҳ дур намешуд ва дар баробари ин пас аз фориғи дарс барои таъминоти эҳтиёҷи моддияш кор мекард, аммо вазниниҳои зиндагӣ ҳам таҳсили илм кардан ва ҳам бо фаъолияти меҳнатӣ машғул будан иродаи қатъии ӯро суст намекард, балки завқи эҷод варо тавоноӣ мебахшид. Аз ҳамин хотир бо таклифи яке аз фидоиёни шаҳри Тирмиз, раиси Маркази миллию мадании тоҷикони Сурхондарё Абдусаттор Ҳасанов, ки дар мактаби рақами 10-уми Тирмизшаҳр синфи тоҷикӣ ташкил карда буд, аз сабаби норасоии мутахассиси тоҷик ҳанӯз донишҷӯйи ҷавон бошад ҳам, Ҷамшед дар он ҷо ба ҳайси муаллим фаъолият оғоз кард. Дар ин давр ҳам пайваста шеъру тарона ва мақолоташ дар рӯзномаҳо чоп мешуд. Ҳамзамон дар озмунҳои фаннӣ иштирок мекард. Инчунин, мисли пешина дар ҷашнҳои «Наврӯзи оламафрӯз» бо хати зебои форсӣ чизҳои баёнӣ сохта, устодону ҳамсабақонашро хушнуд менамуд. Ниҳоят соли 1997 донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуд. Баъд аз он дар шаҳр монда, оила барпо кард ва пас аз он хидмати ҳарбиро низ адо намуд.

Фаъолияти меҳнатиаш баъди адои хидмати ҳарбӣ аз соли 2001 дар музейи бостоншиносии шаҳри Тирмиз ба ҳайси ходими хурди илмӣ оғоз гардид. Ӯ дар ин маскан бо олимон якҷоя кор бурда, дар ҷараёни кофтуковҳои бостонӣ иштирок мекард. Пас аз чанд муддати корӣ тасмим гирифт, ки бо дастхатҳои қадима кор кунад. Дар ин ҷараён ӯ зиёда аз 100 китоби дар захираи музей маҳфузхобидаро муайян кард. Дар ҳамин маврид рӯзе ба як китоби Абулҳасани Ҳуҷвирӣ – «Кашф-ул-маҳҷуб» рӯбарӯ мешавад ва ба омӯхтани он мепардозад. Ӯ қариб 5 сол ин китобро таҳқиқ мекунад ва муҳимтарин маълумотҳоро дар бораи тирмизиён аз ин китоб дарёфт, дар бораи онҳо мақолаҳо таълиф менамояд ва дар рӯзномаҳо чоп мекунад. Инчунин ӯ дар ин хусус дар радиову телевизиони вилоят низ баромадҳо кардааст. Хидматҳои фидокоронаи ӯро роҳбари музей, роҳбари маданияти вилоят ва вазири маданият ба инобат гирифта, бо ташаккурномаҳо қадрдонӣ менамоянд ва барои ӯ дар музей басти кории нав бо номи «мудири шуъбаи дастхатҳо» таъсис медиҳанд.

Ҷамшед Ҷумъақулов соли 2007 ба сабаби дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз гурӯҳи тоҷикӣ кушода шуданаш аз музей ба донишгоҳ ба кор мегузарад. Ҳоло дар ин даргоҳ фаъолият дорад. Ӯ ба донишҷӯён аз фанҳои «Таърихи забони тоҷикӣ», «Таърихи адабиёти тоҷик», «Ҷараёни адабӣ», «Тасаввуф», «Нақди адабӣ», «Назарияи забон», «Назарияи адабиёт», «Услубшиносӣ», «Маданияти нутқ» ва «Забони форсӣ» дарс медиҳад.

Азбаски Ҷумъақулов таҷрибаи бойи зиндагиву таҳсилотро аз сар гузаронидааст, то имрӯз садҳо нафар шогирдонаш аз ӯ дарси ҳаёт ва илм гирифта, ба натиҷаҳои баланд сазовор гардидаанд. Дар баробари шоир, олим ва омӯзгори соҳибтаҷриба будан, хаттоти моҳир ҳам ҳаст, ки навиштаву намунаҳои хаттотиаш манзури шогирдон ва дӯстдорони ин ҳунари нотакрор мегардад. Ӯ бо ташаббусу хоҳиши шогирдонаш дар шуъба ду маҳфили илмӣ ва адабӣ бо номҳои «Машъали илм» ва «Чашмаи хуршед» ташкил намуда, ба ин маҳфилҳо раҳбарӣ мекунад. Худаш яке аз аъзоёни фаъоли Маркази мадании тоҷикони Сурхондарё низ буда, дар ҷашнвораҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек фаъол иштирок дорад.

Солҳои зиёд, хусусан, дар соҳаи Тирмизишиносӣ тадқиқотҳои илмӣ бурда, соли 2023 дар Донишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Мунҷики Тирмизӣ ва муҳити адабии Чағониён дар асри X ва нимаи аввали асри XI» рисолаи докториашро ҳимоя кардааст. Инчунин ӯ дар байни солҳои 2020-2023 барои дифои кори докториаш ба шаҳри Душанбе сафарҳо карда, бо бисёр олимону шоирони номдори Тоҷикистон шиносоӣ пайдо мекунад.  Азбаски ӯ як муаллими бисёр ҳам китобдӯсту устодпарвар аст, ба меҳру муҳаббати устодони тоҷикистонӣ мушарраф гардидааст.

Устод Ҷамшед Ҷумъақулов то имрӯз зиёда аз 100 мақолаи илмиву эҷодӣ таълиф кардааст. Маҳсули қаламаш дар китобҳои дастаҷамъиву конференсияҳои илмӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи маҳалливу хориҷӣ ба чоп расидааст. Бидуни ин, ӯ муаллифи як рисолаи илмӣ бо номи «Шеърият, тақдир, таърих», ду монография: «Мунҷики Тирмизӣ ва муҳити адабии Чағониён дар асри X ва аввали асри XI» ва «Ҳаёт ва эҷодиёти Мунҷики Тирмизӣ», як васоити таълимӣ бо номи «Таърихи забони тоҷикӣ», як китоби дарсӣ низ бо номи «Таърихи забони тоҷикӣ» мебошад. Ҳоло ӯ чанд китоби дигарро низ омодаи нашр кардааст. Маҷмӯаҳои шеърии «Сувари хаёл» ва «Ватан ишқи» (бо забони ӯзбекӣ), як маҷмӯаи насрӣ-бадеӣ бо номи «Нома ба Офтоб» ва як маҷмӯаи илмӣ бо номи «Дар ҷодаи Тирмизишиносӣ» аз ин қабил мебошанд. Азбаски Ҷумъақулов як муаллими заҳматкашу хоксор ва нисбати шогирдонаш ҷонфидо аст, шогирдонаш ҳам тасмим гирифтанд, ки ҳамчун ҷавоб ба муҳаббати ӯ китобе бо номи «Устоди меҳрубон» тартиб диҳанд. Дар китоби мазкур мақолаҳои чанд нафар шогирдон дар бораи ҳаёту фаъолияти Ҷумъақулов ҷой гирифтааст. Ин як навъ ҳадяи шогирдона аст ба муносибати 50-умин солгарди таваллудаш.

Умре талоши ӯ дар ҳаёт ин буд, ки инсони меҳрубону хоксор бошаду бо меҳру муҳаббаташ дар дили инсонҳо ҷой гирад. Ба қавли худаш «Оё ӯ ба ин муроду мақсадҳои некаш расид ё не?» Мо фикр мекунем, ки талошҳояш беҳуда нарафтаанд. Ӯ соҳиби қалби бузурге гаштаву дар он фақат ҳурмату эҳтиром ва ишқу муҳаббати инсонҳо саршор асту халос. Инсони наздики ӯ дар борааш суханҳои нек гуфтаанд. Банда низ меҳрномаи хешро бо ин шеър ифода намудам.

ЭҲДО БА УСТОД ҶАМШЕДИ ЧАҒОНӢ

Туро дар бӯстони лутф чун мурғи саҳар дидам,

Забони шаккаринатро мисоли найшакар дидам!

Дар ин дунёи бемеҳру муҳаббат меҳри покатро,

Зи меҳри осмонӣ, меҳрбоно, гармтар дидам!

Зи қалби порсоят накҳати уммед меояд,

Ҳавои навбаҳоратро зи ҷаннат хуш асар дидам.

Туро дарёи меҳру партави ишқу насими субҳ,

Вуҷуди хокиятро махзани ганҷу гуҳар дидам!

Ба номат шоҳию аммо гадоӣ бар дари хубон,

Туро бо ҳусни хубонат азизу муътабар дидам.

Зиҳӣ, Ҷамшеди давронам, сарафрозу саодатманд,

Туро, шукри Худо, боре дар олам пурзафар дидам!

Истам СИРОҶОВ,

донишҷӯйи бахши филологияи тоҷики факултаи забонҳои хориҷии ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: