ТУРО ГАЗАД, МАРО ЧӢ ҒАМ?

ё худ раиси баднафси маҳалла

Банӣ одам аъзои якдигаранд,  
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд
Чу узве ба дард оварад рӯзгор, 
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Вақте ки Саъдии Шерозӣ ин мисраъҳои безаволи худро меофарид, чиро пеши назар меовард, чӣ орзуҳо дошт? Бешубҳа, ин мисраъҳо маҳсули таҷрибаи аз зиндагӣ андӯхтаи ӯ буданду шоир орзу мекард, ки банӣ Одамро дар қуллаи камолоти маънавӣ дарёбад...
Аммо сад дареғ, ки он то имрӯз чун орзуи аҳли башар боқӣ мондааст. Яъне, мавҷудоти бошууртарини коинот бо тамоми неруи ақлии худ то имрӯз худбинӣ, нотавонбинӣ, фиребу найранг, ришвадиҳиву ришвагирӣ...барин иллатҳоро решакан накардааст.
Абдурашид Абдуралиев якчанд сол боз раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тараққиёт»-и шаҳри Гулистон, ё худ тавре ки мегӯянд «падари халқ» буд. Аҳли маҳалла ӯро эҳтиром мекарданд. Аммо дар остонаи шастсолагӣ ғуломи ҳалқабаргӯши шайтони раҷим шуд ва хӯйи раҳмонӣ вайро тарк кард. Чӣ шуд,  мегӯед? Марҳамат,  шинос шавед.
Сокини маҳаллаи «Тараққиёт»-и шаҳри Гулистон Нодира Сангилова ба раиси маҳалла муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки барои наберааш нафақаи то дусолагӣ таъин кунад.
– Ҳуҷҷатҳои даркориро оварда супоред, аъзои комиссияи махсус дида мебароянд, баъд як гап мешавад, – ҷавоб дод ба ӯ Абдурашид Абдуралиев.
Пас аз тайёр шудани ҳуҷҷатҳо ҳам чанд муддат гузашту аз нафақапулӣ дараке набуд. Муҳтоҷӣ бори сангин аст. Нодира Сангилова муҳтоҷ буд, аз ин рӯ гаштаву баргашта ба  раиси маҳалла муроҷиат менамуд, раис ӯро бо баҳонаи «лимит тамом шуд» ноумед мекард. Дар ҳамин асно Нодираи ноумедгашта аз занҳои маҳалла шунид, ки Абдурашид Абдуралиев барои нафақа таъин кардан 300 ҳазор сӯм ришва мегирад. Модари сарсахт боз назди раиси маҳалла рафта шароиташро фаҳмонд ва дар охир илова намуд, ки қатори дигарон «одамгарӣ» мекунад. Пас аз шунидани ин сухан ба лабони раиси маҳалла табассум дамид ва ӯ ба Нодира Сангилова гуфт, ки агар 300 ҳазор сӯм  диҳад, ҳамон рӯз набераашро ба рӯихати нафақагирон дохил мекунад. Вақти ин суханро гуфтан на шармаш омад, на азоби виҷдонро эҳсос кард ва на андеша намуд, ки ин зани сарсахт ин миқдор пулро аз куҷо меёбад...        
Нодира Сангилова аз ин рафтори раиси маҳалла сахт мутаассир шуд. Наход раиси маҳалла, оне, ки халқ ба ӯ бовар  кардааст, барои ҳақро ба ҳақдор расондан ришва талаб мекунад, – фикр мекард ӯ. Охир куҷо шуд диёнату инсоф?
Нодира медонист, ки ришвадиҳӣ ҳам мисли ришвагирӣ хилофи қонун аст. Аз ин рӯ ба шуъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат карда, буду шуди воқеаро гуфта дод... Хуллас раиси маҳалла Абдурашид Абдуралиев ҳангоми ҷинояти ришвагирӣ ба даст афтод.
Суд Абдурашид Абдуралиевро чор сол аз озодӣ маҳрум кард. 
Бузургон то худро нашиносӣ Ҳақро дарнаёбӣ гуфтаанд. Фикр мекунем, ин муддати кофист барои худро дарёфтани ӯ. Даргоҳи Худованд бузург аст, марҳаматаш зиёда. Абдурашид Абдуралиев, агар аз сидқи дил тавбаву тазарруъ кунад, аҷаб нест, ки омурзиш ёбад. Аммо ин доғ дар лавҳи виҷдони ӯ абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Ба муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз накардан, ба ризқи тифли ширхора чашми тамаъ дӯхтан, ба аҳли байти худ бо пули ҳаром ғизо додан, ба чашми халқ хок пошидан...
Худоё, бандагонат то кай «туро газад маро чӣ ғам» мегӯянд?!

Абдусаттор АБДУРАЗЗОҚОВ, 
раиси суди ҷиноии шаҳри Гулистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: