ТУҲФА БА ТАШНАГОНИ АШЪОРИ НОБ

Чанде қабл аз силсилаи «Накҳати сухан» шеърҳои шоири бузург Лоиқ Шералӣ нашр гардид.

Ашъори шоир аз ҷониби нашриёти “Tamaddun” бо номи «Ман намемирам» рӯйи чопро дид.
Дар муқаддимаи китоб, ки “Шеърро шоир кунед” ном дошта, ба қалами шоир Паймон тааллуқ дорад, чунин сатрҳо оварда шудаанд: «Камина низ мактабхони ҳамон солҳо будам ва хаёл мекунам, охири солҳои 60-уми қарни сипаришуда буд, ки боре дар маҷаллаи «Садои Шарқ», ки ибтидо аз синфи ҳафтум чун дигар ҳамсолони худ ҳар сол ба он обуна мешудам, чашмам ба шеърҳои шоири он замон ҷавону ношинос Лоиқ Шералиев афтод, ки унвони яке аз онҳо “Ном” буд. Ин шеър, гӯё дар бораи ман барин ҷавонони булҳавас буд, ки мехоҳанд ному насаби худро дар сангу сахра, шаху кӯҳ ва дарахтон навиштаву ҳаккокӣ ва бад-ин тариқ абадӣ кунанд”.
Китоб аз шаш фасл иборат буда, ашъори лирикии дар мавзӯъҳои дӯстӣ, ишқу ошиқӣ, ватандӯстӣ, меҳру самимият, эҳтироми падару модар, гиромӣ доштани зан, тараннуми дӯстии халқҳо, панду ҳикмат ва ғайра бахшидаи шоирро дар бар мегирад. Ашъори ӯ хонандаро ба омӯхтани илму дониш ва саҳм гузоштан ба рушду равнақи Ватан даъват менамоянд.
Дар маҷмӯъа машҳуртарин шеърҳои шоир гирд оварда шудаанд, ки бархе аз онҳоро пиру ҷавон аз ёд медонанд ва дар ҳама ҷо замзама мекунанд. Шеърҳои “Дар шаби борон”, “Ёди зодгоҳ”, “Муҳаббати аввал”, “Модари бечора”, “Хоки падарон” аз ҳамин қабиланд. 
Бояд зикр кард, ки китоб бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ зери таҳрири шоир Паймон мураттаб гардидааст ва умед аст, ки ташнагии ташнагони ашъори ноби шоирро мешиканад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: