Қиссаи «Барнамегардад баҳор»-и адиби соҳибистеъдод, арбоби ҷамоатӣ, Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Ӯткур Ҳошимов рӯйи чопро дид.
Инак, ҳоло ҳамзабонони мо низ метавонанд аз ин китоб баҳраманд шаванд, ки аз ҷониби Насиба Зайниддинова ба тоҷикӣ тарҷума шуда, аз тариқи нашриёти «Tubo nashr»-и Тошканд чоп гардид.
Китоб аз ду фасл – яке қиссаи машҳури «Барнамегардад баҳор» ва якчанд ҳикояи дилнишини нависанда гирд оварда шудааст. Маҷмӯа дар мавзӯъҳои ишқу ошиқӣ, дӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳру самимият, эҳтироми падару модар, гиромӣ доштани зан, тараннуми дӯстии халқҳо, панду ҳикмат ва ғайра бахшидаи нависандаро дарбар мегирад. Асарҳои ӯ хонандаро ба омӯхтани илму дониш ва саҳм гузоштан ба рушду равнақи Ватан даъват менамоянд.
Ӯткур Ҳошимов 72 сол умр дид. 24 майи соли 2013 аз олами ҳастӣ чашм пӯшид.
Дар қиссаи «Барнамегардад баҳор», ки ишқу муҳаббат, шодиву уқубатҳои он, орзуву армонҳои дилдодагон бо маҳорати баланд инъикос ёфтааст, барои хонанда таъсирбахш мебошад.
Бояд зикр кард, ки китоб бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ аз силсилаи «Накҳати сухан» зери таҳрири нависанда Юнуси Имомназар мураттаб гардидааст.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».