Тавре ки мушоҳида мегардад, дар ин рӯзҳои ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии мамлакати мо дар тамоми шаҳру ноҳия, деҳоту овулҳои кишвар иншоотҳои шинам ва бошукӯҳ мавриди истифода супурда мешаванд, ки боиси хурсандии пиру ҷавон ва аҳли маҳал мегардад.
Дар ин рӯзҳои хурсандибахш ва арафаи соли нави хониши 2018/2019 бинои дуошёнаи мактаби иловагии таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка низ аз нав сохта шуда, ба истифода супурда шуд.
Дар чорабинии тантанавӣ, ки бахшида ба маросими ифтитоҳи мактаб ва Рӯзи дониш баргузор гардид, муовини ҳокими ноҳияи Бӯка Аъзам Бӯрихӯҷаев, мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Муҳаммад Азимов, раиси Шӯрои Иттифоқи ҷавонони ноҳия Қаҳрамон Сатторов, омӯзгорон Сулаймон Содиқов, Холиқбердӣ Додобоев, Шаҳло Оқбӯтаева ва дигарон ба сухан баромада, оиди ҳурмату эътибори омӯзгор ва шароити мусоиде, ки аз ҷониби Президент ва ҳукумати кишвар ба соҳаи таълими халқ нигаронда мешавад, ҳарф заданд.
Баъдан аз ҷониби меҳмонон туҳфаҳои Президент, сумка ва ашёи дигари лозимии хониш барои хонандагони синфи 1-уми мактаб ба таври тантанавӣ супурда шуданд. Пас аз бурида шудани лентаи анъанавӣ меҳмонон, омӯзгорон ва падару модарони хонандагон аз аёнияту шиорҳои таблиғотӣ ва синфхонаҳои мактаб дидан карданд.
– Муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бунёдкор»-и ноҳия бар ивази беш аз 1 миллиарду 700 миллион сӯм аз нав сохта шуда, ба истифода супурда шуд. Дар ин дабистон асосан хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс меомӯзанд. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, 10 синфхона дорад, – мегӯяд директори мактаб Саидбунёд Аҳмадов. – Хонандагони синфҳои ибтидоӣ беш аз 290 нафарро ташкил медиҳанд, ки 73 нафари онҳо донишомӯзони синфи 1-ум мебошанд. Дар синфҳои ибтидоӣ 36 нафар омӯзгор дарс медиҳад. Муассисаи нави замонавӣ, ки бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ муҷҷаҳаз аст, барои хурдсолони маърифатгоҳ туҳфаи беҳтарин гардид.
Хонандагони синфи 1-ум аз ҷониби роҳбарони синф хеле хуб истиқбол гирифта шуданд. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷриба дарси аввалин дар мавзӯи «Мадҳи Ватан» таҳти шиори «Азизу ягонаам тӯӣ, Ӯзбекистони маҳбуб» бахшида ба ҷашни 27-солагии истиқлолияти мамлакатамон гузаронда шуд.
– Қариб 17 сол аст, ки ман дар синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳам, – мегӯяд омӯзгори соҳибтаҷриба, роҳбари синфи 1-ум Абдувосит Маллаев. – Мо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ хеле хурсандем, ки дар соли нави хониш соҳиби мактаби нави замонавӣ шудем. Имрӯз ҳамроҳи ҳамкорон хонандагони синфи 1-умро қабул кардем. Ба онҳо туҳфаҳои Президент супурда шуданд. Кӯшиш мекунем, ки дар фаъолияти меҳнатии худ тибқи барномаи таълимӣ ба шогирдон таълиму тарбия диҳем.
Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.