ТУҲФАИ ИДОНА

– Алҳол ҳама аз ташкил шудани Оҷонсии хизматҳои давлатӣ мамнунанд, — мегӯяд тадбиркори шастучорсолаи сайҳунободӣ Бахтиёр Тағоев.

 – Зеро мардум, бахусус тадбиркорон аз даву този асабикунанда халос шуданд. Ҳам вақти пурқимат беҳуда сарф намешаваду ҳам маблағ дар ҷайб мемонад.
– Натанҳо барои тадбиркорон, балки барои оммаи васеи халқ низ ин ҳузури ҷон шуд, — сухани ӯро тақвият медиҳад Карим Йӯлдошев. – Охир коратон аз гирифтани гувоҳнома барои кӯдакони навтаваллудшуда то иваз кардани гувоҳномаҳои ронандагӣ ва нострификатсияи дипломҳо дар як ҷо ҳал мешавад...ва суҳбати мо ба охир норасида хабар доданд,ки ҳокими вилоят омадааст.
Дарҳақиқат, ҳокими вилояти Сирдарё Ғафурҷон Мирзоев  барои табрики сайҳунободиён бинобар  кушодашавии бинои нави шуъбаи сайҳунободии Агентии хизматҳои давлатӣ омада буд.
Бинои нав дар ошёнаи дуюми маркази савдои «Сайхун планет» воқеъ буда, мувофиқи меъморӣ ва ороишоти  замонавӣ сохта шудааст.Толори васеи муҷаҳҳаз, 14 нуқтаи қабул, хонаи ёрии тиббӣ, қабулхонаи Сарвазир, гӯшаи ҷевони китобҳо барои онҳое, ки навбат мепоянд, майдончаи истироҳати бачаҳо, банавбатгирии электронӣ, монитори назорати шаффоф, хуллас чашми кас аз тамошояш сер намешавад.
– Ман аз халқи меҳнаткаши Сайҳунобод хеле мамнунам, – гуфт ҳокими вилоят дар маросими кушодашавии бинои нав. – Сарчашмаи ҳамаи муваффақиятҳо меҳнат аст. Ин бино, таҷҳизоти замонавии он ҳама маҳсули меҳнати фидокоронаи шумост. Бовар дорам, ки агар аҳлона меҳнат кунем, дар оянда ба муваффақиятҳои аз ин ҳам беҳтар ноил мегардем.
Бино ба шаҳодати сардори Садорати агентии хизматҳои давлатии вилояти Сирдарё Отабек Мавлонбердиев дар ҳафт моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ дар шуъбаи сайҳунободӣ ба халқи ин ноҳия бинобар 50 намуд 22 ҳазор хидмати давлатӣ расонида шудааст. Минбаъд дар бинои нав ба корафтодагон аз рӯи 136 намуд хидмат расонида хоҳад шуд. То охири соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Сирдарё, Ховос, Сардоба ва Боёвут ҳам биноҳои нави агентӣ сохта,  ба истифода супурда мешаванд.

Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: