ТӮҲФАИ ИДОНАИ «КӮНГИЛ КӮЗИ»

Дар мамлакатамон баробари дигар писарону духтарон, ба бачагони имконияти ҷисмониашон маҳдуд низ шароити мусоидат фароҳам оварда шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии барои бачагони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ихтисосонидашудаи рақами 45-уми ноҳияи Косонсой дар вилояти Намангон ягона буда, дар ҷойи хушбоду ҳавои ноҳия воқеъ аст. 
Дар ин таълимгоҳ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 246 нафар писарону духтарон таълим мегиранд. Онҳо дар вақтҳои фориғ аз дарс, дар 18 маҳфили фаннӣ, касбӣ ва варзишӣ иштирок карда, касбҳои интихобкардаашонро меомӯзанд.
– Бинои мактабамон соли 2018 аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Имрӯзҳо барои хушбахтона таълим ва тарбия гирифтани хонандагони мактаб, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои ин эътибору ғамхориҳо омӯзгорони мактабамон ба роҳбари давлатамон миннатдорӣ изҳор мекунанд ва барои дониши пухта гирифтани мактабиён ҳамаи дониш ва имкониятҳояшонро ба кор меандозанд, – гуфт директори мактаб-интернат Ҳасанбой Ҷабборов.
Соли 2019 ду нафар хонандагони мактаби номбурда дар олимпиадаи фаннии ҷумҳурӣ бомуваффақият иштирок карда комёб шуданд. Аз ҷумла, Ёдгор Зокирҷонов аз фанни забон ва адабиёт ба ҷойи якум ноил гардида, ба Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоӣ ва Ҷалолиддин Салоҳиддинов аз фанни математика ҷойи сеюмро ба даст оварда, ба Донишгоҳи давлатии Намангон бе санҷишҳо қабул шуданд.
Дар арафаи Соли нав аз рӯйи барномаи «Кӯнгил кӯзи»-и Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Корвони тӯҳфа» роҳи 12 минтақаи кишварамонро пеш гирифта буд.
Ба қарибӣ хонандагони мактаб-интернати номбурда аз тӯҳфаҳои солинавии «Кӯнгил кӯзи» баҳраманд гардиданд. Ба онҳо анҷомҳои гуногуни мусиқӣ ва варзиш, адабиётҳои алифбои Брайл ва аудио-китобҳо тӯҳфа карда шуданд. Инчунин тӯҳфаи идонаи солинавӣ барои хонандагони мактаб-интернат супурда шуд. 

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: