Дар Мусобиқаи байналхалқӣ оид ба математика, ки дар шаҳри Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор гардид, 8 нафар аъзои ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон ба 28-умин солгарди истиқлолияти ватанамон туҳфаи ба худ хос тайёр карданд.
Онҳо дар қувваозмоиҳои индивидуалӣ як медали тилло, як нуқра, чор биринҷӣ ва ду ифтихорнома, дар қувваозмоии ҷамоаҳо ҳафт медали биринҷиро ба даст оварданд.
Талабагони музаффарро дар аэропорти байналхалқӣ ба номи Ислом Каримови Тошканд масъулони Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони ҷомеаи васеъ, падару модарон, ҷавонон тантанавор истиқбол намуданд.
Дар мусобиқаи байналхалқии математика, ки 1-6 август ба амал омад, аз 41 давлат беш аз 500 хонандаи иқтидорнок оид ба шуъбаҳои комбинаторика, назарияи шумораҳо, геометрия дар ҳалли масъалаҳои мураккаб ва ғайристандартӣ қувва озмуданд.
Хонандаи синфи ҳафтуми мактаб-интернати махсуси таълими ҳамагонии якуми ноҳияи Қарокӯли вилояти Бухоро Анварҷон Раҳматов аз руйи тамоми шартҳо натиҷаи баландро қайд намуда, медали тиллоро ба даст овард.
– Дар мусобиқаи байналхалқӣ бори аввал иштирок менамоям, – мегуяд А. Раҳматов. – Аввало вуҷудамро ҳаяҷони сахт фаро гирифт. Рақибонам ҳам бақувват буданд. Ҳамин хел бошад ҳам, ба боварии бароям додашуда сазовор гардидам. Дар муваффақиятҳои бадастовардаам меҳнати падару модар ва устодонам баланд буд.
Маълум, ки 19 майи соли ҷорӣ зинаи хостагирии ҷумҳуриявии мусобиқаи дувуми мазкур дар Самарқанд баргузор шуда буд. Дар он 140 нафар хонандагони пуриқтидори дар ҳудудҳо ғолибомада иштирок карданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа 8 нафар ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон хоста гирифта шуд.
Х. ҚОДИРОВ,
мухбири ӮзА.