Дар Намангон маҷмӯи биноҳои ба тозагӣ бунёдшудаи омӯзишгоҳи миёнаи махсуси исломии «Ҳидоя» ба истифода супурда шуд.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат созмон дода шудааст, роҳбарони Кумитаи корҳои оид ба дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, кормандони масъули идораҳо ва муассисаҳои давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, созмонҳои ҷамоатӣ, имом-хатибҳо, нурониён ва ҷавонон ширкат варзиданд.
Таълимгоҳи мазкур, ки соли 1991 таҳти унвони омӯзишгоҳи миёнаи махсуси исломии Мулло Қирғиз ташкил гардида буд, то ба наздикӣ ба талаби рӯз ҷавоб намедод, мадрасаи Мулло Қирғиз, ки солҳои 1900 сохта шудааст, дар масҷиди Отавалихон Тӯра фаъолият дошт. Донишҷӯён дар хонаҳои мутобиқшуда дар шароити ниҳоят носозгор таҳсил мегирифтанд.
Омӯзишгоҳ соли 2016 дар ҳудуди барҳавои шаҳри Намангон ба маҷмӯи замонавии ба сиҳҳатгоҳ монанде, ки боғи қариб 6 гектараи иборат аз беш аз 2 ҳазору 600 бех дарахтони мевадор ва манзаравиро фаро гирифтааст, кӯчонда, номи он низ ба омӯзишгоҳи миёнаи махсуси исломии «Ҳидоя» тағйир дода шуд.
– Ташаббуси роҳбари давлати мо ҳангоми ташриф ба вилояти Намангон дар соли 2018 бобати ба маҷмӯаи диниву маърифатии «Ҳидоя» табдил додани ҳудуди ҷойгиршудаи омӯзишгоҳи миёнаи махсуси исломии «Ҳидоя» дар таърихи омӯзишгоҳ саҳифаи навро боз кард, – мегӯяд мудири омӯзишгоҳ А. Бобомирзаев. – Дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуди омӯзишгоҳи мо маҷмӯаи нав ва замонавӣ барпо гардид. Айни замон дар омӯзишгоҳ 160 нафар донишҷӯёне, ки аз вилоятҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғона қабул гардидаанд, аз фанҳои Қуръони Карим ва таҷвид, тафсир, ҳадис, таърихи ислом, ақоиди ислом, ҳуқуқи ислом, забони арабӣ, таърихи динҳо, мазҳабҳо ва фирқаҳо дарс мегиранд. Дар ин ҷо ҳамчунин, ба донишҷӯён фанҳои дунявие мисли забонҳои русӣ ва англисӣ, информатика, математика, асосҳои маънавият, асосҳои ҳисобу китоб ба таври амиқ омӯзонда мешаванд. Ба ҷуз ин, маҳфилҳои варзишии гӯштӣ, сангбардорӣ, шоҳмот ва шашка низ дар хизмати толибони илм мебошанд.
Маҷмӯе, ки ба сохтмон ва муҷаҳҳаз гардондани он 10 миллиард сӯм маблағ харҷ шудааст, бинои таълимии муҳташам ва шинам, толорҳои конфронс ва варзишро низ фаро гирифтааст. Дар бинои сеқабатаи таълим барои машғулиятҳои дарс синфхонаҳои васеъ, шинам ва равшане, ки ба дараҷаи талаботи замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд, китобхона, хонаи маънавият ва маърифат, хонаи лингафон, хонаи информатика, ки бо компутерҳои тамғаи охир ҷиҳозонида шудаанд, хонаҳои дигари маъмуриву хоҷагӣ мавҷуд аст.
Иштироккунандагон бо бинои нави таълим, маҷмӯи пӯшидаи варзиш, шароитҳои дар толори конфронсҳо фароҳамшуда аз наздик шинос гардиданд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Х. Бозоров суханронӣ кард.
Акрамҷон САТТОРОВ,
мухбири ӮзА.