ТУҲФАИ МУНОСИБ БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Моҳи охирини тобистон ба ихлосмандони шоҳмот хушхабари деринтизорро туҳфа кард.

 Дар Олимпиадаи 44-уми байналхалқии шоҳмот дастаи кишвари мо дар ҳайати Нодирбек Абдусатторов, Нодирбек Ёқуббоев, Ҷавоҳир Синдоров, Ҷаҳонгир Воҳидов ва Шамсиддин Воҳидов дар 11 вохӯрӣ 19 хол ҷамъ намуда, ғолибиятро ба даст дароварданд. Ҷамоаи Ӯзбекистон дар байни 188 мамлакати иштироккунанда ҷамоаи ягонае буд, ки ҳамаи вохӯриҳоро бомуваффақият ба охир расондааст.
Ғалабаи таърихии шоҳмотчиён туҳфаи муносиби онҳо ба 31-юмин солгарди Истиқлолияти давлатамон мебошад.
Мувофиқи қарори ҳукумат ба ҳар як ғолиби Олимпиада ба миқдори 600 млн. сӯм пул, автомобили «Equinox» ва медали «Ифтихори Ӯзбекистон», ба мураббиёни онҳо ба миқдори 300 млн. сӯм мукофотпулӣ дода шуд.
Бинобар ин, дар Сарассамблеяи байналхалқии Федератсияи шоҳмот (ФИДЕ) дар шаҳри Чаннайи Ҳиндустон доир ба соли 2026 дар Ӯзбекистон баргузор намудани Олимпиадаи навбатии шоҳмот қарор қабул карда шуд. 
Аҳамияти шоҳмот дар камолоти ҷавонон, баланд бардоштани маънавияти онҳо ва дар ташаккулёбии фазилатҳои неки инсонӣ беҳамто аст. Дар мамлакати мо солҳои охир ба ин намуди варзиши ақлӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Аз ҷумла, мувофиқи қарори Президент аз 5 августи соли 2022 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба оммавӣ гардондан ва рушди шоҳмот» дар мактаби рақами 2-юми ноҳияи Қибрай чемпионати шоҳмот баргузор шуд, ки дар он 40 нафар варзишгарони номии синну солашон гуногуни вилояти Тошканд иштирок карданд.  
– Дастовардҳои беназири шоҳмотбозони ҷавон дар Олимпиадаи Ченнай, ки дар саҳифаҳои таърихи варзиши кишварамон номашонро бо ҳарфҳои тиллоӣ навиштаанд, иштирокдорони чемпионатро рӯҳбаланд кард, – гуфт раиси шуъбаи федератсияи шоҳмоти вилояти Тошканд Рисқиддин Эсонбоев. – Ғайр аз иқтидори баланди ҷавонон, меҳнати пурмашаққат ва малакаву таҷрибаи мураббиён дар ин ҷода аҳамияти калон дорад.
Аз рӯйи ҷамъбаст хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 24-уми ноҳияи Чиноз Барно Боқиева ва хонандаи синфи 10-уми мактаби умумитаълимии рақами 17-уми шаҳри Бекобод Шерзод Самандаров ғолиби чемпионат эълон гардида, ба онҳо туҳфаҳои қиматбаҳо ва ифтихорномаҳо супурда шуд.
Дар муассисаҳои таълими томактабӣ, дар мактабҳои миёна ва маҳалла баргузор намудани чунин чемпионатҳо, албатта, дар оянда самараи худро медиҳад. Тавре ки аз таҷрибаҳо бармеояд, шоҳмот дар рушди тафаккур, қобилияти таҳлил ва мустаҳкам намудани хотираи инсон нақши муҳим мебозад. 

С. МИХАЙЛОВ.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: