Поликлиникаи оилавии рақами 4-ум, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тараққиёт»-и шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё ҷойгир шудааст, баъд аз таъмири умумӣ ба истифода супурда шуд.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил гардид, намояндагони ҳокимияти вилоят ва шаҳр, шахсони масъули низоми нагаҳдории тандурустӣ, фаъолони маҳаллаҳо ва кормандони тиббии поликлиникаҳо ширкат варзиданд.
Таъкид шуд ислоҳоте, ки дар мамлакат бобати мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ татбиқ мегардад, натиҷаҳои хуб медиҳад.
Ба истифода супурдани муассисаи нигаҳдории тандурустӣ дар арафаи ҷашни касбии ходимони тиб барои 15 ҳазор сокинони 4 маҳаллаи воқеъ дар ин ҳудуд, ҳамчунин кормандони тиббие, ки дар поликлиникаи мазкур фаъолият мебаранд, туҳфаи муносиб гардид.
Барои таъмири умумӣ, барқарорсозӣ, тармим ва бо таҷҳизот таъмин кардани муассисаи табобатӣ, ки аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Насиҳ-Азиз-Элшод» таҳти сарварии Фахриддин Муродов гузаронида шуд, аз буҷаи давлатӣ 1 миллиарду 360 миллион сӯм ҷудо гардид.
– Дар поликлиникаи мо, ки дар арафаи ҷашни касбӣ ба истифода супурда шуд, акнун метавон ҳисобу китоби электронии аҳолиро ба роҳ монд, – мегӯяд мудираи поликлиникаи оилавии рақами 4-уми шаҳри Гулистон Гулноза Аббосова. – Дар муассисаи табобатӣ, ки дар муҳлати кӯтоҳ куллан таҷдид ва бо таҷҳизоти замонавитарини тиббӣ муҷаҳҳаз гардид, барои духтурон ва аҳолӣ тамоми шароит фароҳам мебошанд. Табиист, ки ин ба минбаъд беҳтар шудани сифати хидматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат менамояд.
А. ҚАЮМОВ,
хабарнигори ӮзА.