Тӯҳфаҳои меҳмони азиз

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода барои дидор бо сокинони деҳоти тоҷикнишин ба мактаби рақами 42-юми ноҳияи Бӯстонлиқ меҳмон шуд.

Меҳмононро маъмурияти мактаб, истиқоматкунандагони деҳот, муаллимон ва хонандагон бо як олам шодӣ пешвоз гирифтанд. 
Таъкид гардид, ки дар ин ҷо одамон тӯли асрҳо ба боғу ниҳолпарварӣ шуғл варзидаанд ва онро аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. 
– Ҳамаи шумо аз меросбарони ҳамон мардум ҳастед, ки ҳоло низ бо меҳнати шуҷоатмандона дар ин доманаи кӯҳ боғҳои сермева парвариш мекунед, дараҷаи маънавият ва маърифати фарзандонатонро боло мебардоред, шоиру олиму соҳибкори варзидаро тарбия мекунед, – гуфт сафир
Директори мактаб Ҷасур Шерметов зимни суханронӣ барои суҳбати хушу гуворо ба сафир арзи сипос намуд. Вай илова кард, ки чунин мулоқотҳо барои омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ аз ҷумла, деҳаҳои кӯҳпояи Бӯстонлиқ чун обу ҳаво заруранд.
А. Раҳмонзода таъкид кард, ки дӯстиву рафоқати мардуми миёни ду кишвар сол аз сол таҳким меёбад  ва ҳамкориҳо доман фарох мекунанд. 
Сафир ба китобхонаи мактаб зиёда аз 100 нусха китоби гуногунро туҳфа намуд ва ҳозиринро бо Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён самимона табрик намуд. 
Аз ҷониби хонандагони мактаб барои меҳмони азиз шеъру суруд ва рақсҳо иҷро карда шуданд.
Сафир бо ҳамкоронаш аз макони зиёратии Шайх Умари Валӣ дар ҳамин деҳаи Боғистон дидан намуд.

Хуршед 
АБДУМАННОПОВ,
мудири қисми 
таълими мактаби рақами 42-юми 
ноҳияи Бӯстонлиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: