Туҳфаҳои нав барои мухлисони китоб

Дар кишвари мо Ҳафтаи китобхонӣ, ки аз ҷониби Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва як қатор созмонҳои дигар баргузор мегардад, идома дорад.

Дар кишвари мо Ҳафтаи китобхонӣ, ки аз ҷониби Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва як қатор созмонҳои дигар баргузор мегардад, идома дорад.

Рӯзи навбатии ин ҳафтаи маърифат дар Қасри эҷодиёти ҷавонони пойтахт баргузор гардида, ба 80-умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Ӯзбекистон, Шоири халқӣ Абдулло Орипов бахшида шуд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар кишвари мо барои оммавӣ кардани эҷодиёти шоирони машҳур, васеъ омӯхтани аҳамияти тарбиявии онҳо, ки баҳри пешрафти адабиёти миллӣ саҳм гузоштаанд, эътибори зиёд дода мешавад.
Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 2 декабри соли 2020 «Дар бораи васеъ қайд кардани 80-умин солгарди Қаҳрамони Ӯзбекистон ва Шоири халқӣ Абдулло Орипов» дар мамлакат рӯзи мавлуди устод васеъ қайд карда мешавад. Бинобар қарор китобҳои вобаста ба эҷодиёти шоир дар нашриётҳои мамлакат интишор меёбанд. Дар даргоҳҳои таълимӣ, китобхонаҳо, маҳаллаҳо, созмонҳои эҷодӣ муаррифии ин асарҳо амалӣ мегарданд. Ҳамаи ин бори дигар собит месозад, ки халқи мо ба шеърияти устод Абдулло Орипов меҳри воқеан баланд дорад.
Китобҳои наве, ки дар онҳо асарҳои шоир гирд омадаанд, барои дӯстдорону ҳаводорони адабиёт туҳфаи хосе гардиданд. Дар «Мунтахабот»-и дуҷилдаи Абдулло Орипов, ки аз тариқи корхонаи табъу нашри «Шарқ» чоп шудааст, шеърҳои ба Ӯзбекистони азиз, истиқлол, ободиву озоди Ватан, халқи бунёдкори мо, табиати миллӣ, воқеияти ҳаёти кунунӣ бахшидаи шоир ҷамъ оварда шудаанд. Дар чорабинӣ журналистон, нависандагон ва шоирони шинохта дар бораи ҳаёт, фаъолият, муҳтавои эҷодиёти шоири файласуф Абдулло Орипов сухан гуфтанд.
Дар Ҳафтаи китобхонӣ ҳамчунин як қатор китобҳои наве, ки дар нашриёти «Академнашр» чоп шудаанд, муаррифӣ гардиданд.

Н.УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: