ТӮЁНА БА ИДИ БУЗУРГ

Дар шаҳри Кунияи Туркия мусобиқаи байналмилалии 5-уми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба охир расид, ки дар он дастаи яккачини миллии Ӯз-бекистон комёбиҳои назаррасро ба даст оварданд.

Агар дзюдочӣ Диёра Келдиёрова (50 кг) ва Сардор Нуруллоев (66 кг) ғолибони мутлақ шудаанд, тоҷикдухтари  16-сола Шарифа Давронова аз рӯи сеҷаҳиш  рақибони  худро ба доғ гузошта, дар шоҳсуфаи баланд соҳиби медали тилло гашт.
Боиси хушнудист, ки Шарифа чанде пеш дар шаҳри Кали Колумбия дар байни ҷавонон чемпиони ҷаҳон шуда буд.
– Комёбиҳои ба даст овардаам туҳфаи ман ба иди аз ҳама азизу бузурги ватанӣ – 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон аст, – мегӯяд  Шарифа Давронова, – албатта комёбиҳои камина натиҷаи ғамхорӣ ва диққату эътибори сарвари давлатамон ба ривоҷу равнақи варзиш аст. Аз расонаҳои ахбори оммавӣ хабардор ҳастем, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ вакилони Ӯзбекистон комёбиҳои нав ба навро ба даст меоранд. Рости гап, вакилони баъзе кишварҳои ҷаҳон ба мо бо ҳавас менигаранд.
– Духтарам 10-сола буд, ки ба варзишгоҳ оварда ба дасти Музаффар Каримов супурда будам, – бо табассуми  гуворо лаб ба сухан кушод модари чемпиони ҷаҳон Насиба Ҳошимова,– ва он рӯзе, ки дар шоҳсуфаи баланд  соҳиби медали тилло гашт аз хурсандӣ ашки шодӣ рехтам. Гарчанд бо фарзандам мефахрам, аз мураббии ғамхору меҳрубонаш сипосгузорам.
– Шогирди меҳнатдӯст, қатъӣ, ғайратманд, бо сабру тоқат дорам, – гуфт  Музаффар Каримов, – хеле ҷавон аст, вале номдор. Дар Колумбия ва Туркия рақибони ӯ варзишгарони машҳур, чемпионони ҷаҳон ва Аврупо буданд, лекин  чолокӣ ва азму  иродаи қавӣ самараи хуб дода, номи Самарқандро боз маълуму машҳур намуд. Вақте соли 2017 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷои фахрӣ насиб гардид, гуфта буд, ки акнун шоҳсуфаи баландро ба ҳеҷ кас нахоҳад дод.
Дар пеш Олимпиадаи Париж аст. Орзу ва мақсади мо дар Фаронса соҳиби медали тилло шудан мебошад.
Мо ба Шарифабону  комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: