ТӮЮ МАЪРАКАҲО ҶАВОБГӮИ ЗАМОН БОШАНД

Ба қарибӣ дар маҷлисгоҳи мактаби миёнаи рақами 20-уми ноҳияи Шофиркон бо иштироки роҳбарон, фаъолон, намояндагони гузарҳои маҳаллаҳои «Шароф Рашидов», «Қӯрғони Вардонзе» ва «Янгиқишлоқ» бахшида ба камхарҷу замонавӣ гузарондани тӯю маъракаҳо ҷамъомад ба амал омад.

Дар он ҷонишини ҳокими ноҳия, раиси кумитаи занон ва духтарони ноҳия Шаҳноза Ғайбуллоева, корманди масъули шӯъбаи ноҳиявии Бунёди хайрияи «Маҳалла» Ҳамро Ашурова, имом-хатиби масҷид Луқмон Исоев, ҳуқуқшиноси соҳаи кишоварзӣ Нодира Бердиева ба сухан баромада, бобати ихчаму камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо, оқибатҳои зарарноки маросимҳои зиёдатӣ, исрофгарӣ, истифодабарии самаранок аз заминҳои наздиҳавлӣ ҳарф заданд. 
Инчунин дар муҳокимаи масъала фаъолон ва кормандони мақомоти худидораи шаҳрвандон Холмурод Умаров, Муҳаббат Султонова, Аъзам Султонов, Мӯҳсин Ҳидоятов иштирок карда, таклифу мулоҳизаҳои баҳри манфиатҳои мардум бамиёномадаро ҷонибдорӣ намуданд. 

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: