ТӮЮ МАЪРАКАҲОИ КАМХАРҶ БА МАНФИАТИ КИСТ?

Чанде пеш дар маҷлиси умумии бисту дувуми Сенати Олий Маҷлис Қарори якҷояи Шӯрои палатаҳои парлумон «Дар бораи ба тартиб овардан ва боз ҳам такмил додани тӯй, тантанаҳои оилавӣ, маъракаву маросимҳои бахшида ба хотираи марҳумон» баррасӣ ва тасдиқ шуд.

 Равшан аст, ки ин қарор аз ҷониби мардум бо қаноатмандӣ қабул гардид. Ба ин хотир, мо фикру мулоҳизаҳои чанде аз намояндагони маҳаллаҳои ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёро, ки дар бораи ин қарор аст, пешкаши шумо мекунем:
Қурбон ХОЛМУРОДОВ, нафақахӯр, сокини маҳаллаи «Эҳтиром»:

– Дарҳақиқат, ду ҳафта пеш ман аз тариқи телевизион ин қарорро шунида хеле хурсанд шудам. Дар навбати аввал, ба онҳое, ки ин қарори муфидро қабул кардаанд миннатдории худро баён мекунам. Зеро, ба андешаи камина, вақти он расидааст, ки тӯю маъракаҳо, тантанаҳои оилавӣ ва маросимҳо бахшида ба хотираи гузаштагонамон ба тартиб оварда шаванд. Аз таҷрибаи чандсолаи ҳаётӣ огоҳӣ дорам, ки дар тӯю маъракаҳо ба исрофкориҳо роҳ дода мешаванд. 
Оё дуруст аст, ки соҳиби тӯй бо душвориҳо маблағи муайяне ҷамъ менамояду онро дар муддати се-чор соат сарф мекунад. Аз ҳама аламовараш, он соҳиби тӯй ё маърака ба хотири дар байни халқ «бо сари боло» ё худ «аз қатор дур намондан» тамоми дороиашро рӯйи дасторхон мегузорад. Халқи мо меҳмондӯст аст. Ин, албатта, хуб аст, вале бояд андеша намоем, ки мардум дар як сатҳ зиндагӣ намекунанд. Ин боиси он мегардад, ки дигарон (онҳое, ки қурби гузаронидани тӯю маъракаҳои пурдабдабаро надоранд!) ё қарз мегиранд, ё ба кӯмаки ягон нафаре ниёз доранд. Яъне барои гузаронидани як рӯзи тӯй солҳо дар гирдоби қарз ғӯта мезананд.
Ман бори дигар мегӯям, ки ин қарор хеле рӯзмарра буда, сари вақт пешкаши мардум шудааст. 
Иброҳим АБДУЛЛОЕВ, омӯзгори нафақахӯр, маҳаллаи «Боғи обод»:

– Азбаски ман аз солҳои дароз ба фарзанди халқ таълиму тарбия медодам, мавзӯи камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо ҳеч аз сарам дур намерафт. Чунки бо тақозои касб доим бо падару модарон дар робита будам ва аз аҳволи моддию маънавии мардумони маҳалла ва ҳамсоямаҳаллаҳо хуб огоҳӣ доштам. Ҳоло нафақахӯрам ва даврони пирӣ меронам. Солҳои охир дар кадом маъракаву базме ширкат наварзам, албатта масъалаи ба тартиб овардани тӯйҳо ва маъракаву маросимҳо ба миён меомад. Аксарияти пиронсолону шахсони бообрӯи маҳалла ҳам тарафдори ин ақидаи ман буданд.
Фикр мекунам, ки  қарори  аз ҷониби Сенати Олий Маҷлис пешниҳод ва қабул гардида собиқадоронро хеле хурсанду қаноатманд кард. Охир ҳамаи ин ғамхориҳои ҳукумати кишвар оё ба манфиати буҷаи оилавии мову шумо – шаҳрвандон нест? Албатта, чунин аст! Бо ҷорӣ гардидани ин қарор, дар навбати аввал, пеши роҳи исрофкорӣ гирифта мешавад, тӯю маъракаҳо ба тартиб меоянд, аз ҳама асосиаш, мардуми оддӣ розиву мамнун мегарданд, ки ин талаби рӯз аст. 

Бибираҷаб НАЗАРОВА, узви фаъоли маҳаллаи «Гулобод»:

– Солҳост, ки дар маҳалла кору фаъолият дорам. Бар замми ин шарики ҳама маъракаву маросимҳои мардум ҳастам. Аммо сад афсӯс, ки алҳол, алалхусус, маросимҳои бахшида ба хотираи гузаштагон қариб, ки аз тӯйҳо фарқе надоранд. Баъзан ба андеша меравам. Чӣ зарурат дорад ин қадар харҷу исрофкорӣ. Охир, нафаре, ки ба хонаи азодор меояд, албатта, на барои хӯрдан, балки барои таъзия ва дуову фотиҳа хондан меояд. Чизи дигар он, ки соҳиби тӯй ё азо харҷи зиёд менамояд ва аксари он нозу неъматҳо исроф мегарданд.
Хуб шуд, ки ба наздикӣ дар хусуси тӯю маъракаҳо, базмҳои оилавӣ ва дигар тадбирҳо қарори махсус баромад. Ҷорӣ гардидани ин қарор маънои онро дорад, ки дар ҳамаи ин маъракаҳо меъёр риоя мешавад ва исрофгарӣ аз байн меравад. Қарорро барои тамоми мардумамон ҳамчун як ғамхорӣ аз ҷониби ҳукумат мешуморам. 

Абдуҷамил ОЛИМОВ, нафақахӯр:

– Хеле хурсандам, ки Сенати Олий Маҷлис ба ин масъалаи хеле мубрами рӯз даст зад ва қарори дахлдор низ ҷорӣ намуд. Солҳост, ки маро як чиз ба ташвиш мегузорад. Ин ҳам бошад харҷи зиёду қарз гирифта тӯйи калон барпо кардан мебошад. Оре, хонадор кардани фарзанд орзуи ҳар як падару модар аст. Аммо пас аз анҷоми тӯй соҳибхона ё ҷавони хонадоршуда ба қарз ғӯта мехӯраду чораи дигар наёфта солҳои сол дар мусофирӣ мегардад. Ба фикри ман, ин аз рӯйи адолату инсоф нест. Қарори мазкур аз як тараф ба манфиати ҳамаи мо мардуми кишвар бошад, аз ҷониби дигар барои ҷавонон сабукиҳо меорад. Барои мисол, дар рӯзи тӯй домод маҷбур буд, ки чандин мошинҳои хориҷиро киро намояд. Харҷи зиёди рӯзи тӯй бошад, умуман ногуфтанист.   
Ҳамин тавр, дар қатори дигар шаҳрвандони мамлакат ман ҳам аз он хеле хурсанд гардидам, ки ҳукумати кишвар баҳри ба мардум, алалхусус, ба одамони оддиву заҳматкаш шароити мусоид фароҳам овардан, чораву тадбирҳои судманд меандешад. 

О. ҶУМЪАҚУЛОВ,
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: