ТӮЮ МАРОСИМҲО КАМХАРҶУ ХОКСОРОНА БОШАНД

Тӯю маросимҳо аз ҷумлаи арзишҳои қадимии моанд.

Онҳо чун анъана аз авлод ба авлод мерос мемонанд. Ба фикрам, тӯйҳо намунаи олии саховат ва инсонпарварии мардуми мост. Зеро онҳо самараи заҳмату тайёрии чандинсолаи соҳибони он ба шумор мераванд. 
Хушбахтона, имрӯз дар ҳудудҳо бунёд гардидани тӯйхонаю тарабхонаҳо бобати камташвиш гузаштани маъракаҳо қулаиҳо фароҳам овардааст. Тӯю маросим агар бо назардошти рӯҳи замон камхарҷу хоксорона, ихчаму оқилона гузарад, «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад», вагарна «зӯри беҳуда миён мешиканад». Ба ибораи дигар аз «ба бод додан»-и пасандози чандинсола барои ҳою ҳаваси якчандсоата ҳеҷ кас миннатдор нашудааст ва намешавад. Баръакс ба соҳибтӯй лозим меояд, ки барои пур кардани ҷои холии маблағи аздастрафта боз якчанд соли дигар заҳмат кашад, ё ки мардикорӣ кунад.
Донишмандон беҳуда нагуфтаанд: «Чаро оқил кунад коре, к-охир орад пушаймонӣ». Агар ба меъёр риоя карда шавад, тӯй ҳам табъи дил мегузараду як қисм маблағи сарфашуда баҳри рӯи об баромадани дигар орзую умедҳои аъзоёни оила ба кор меояд. Мо ин нуктаро дар рӯзгор дидаю санҷида мегӯем. Боиси хушнудист, ки дар гузару кӯчаҳои маҳаллаи мо тӯю маъракаҳо мувофиқи талаби рӯзгор ихчаму хоксорона ва бе овозаю дарвоза бо иштироки хешу табор, ҳақу ҳамсояҳо мегузаранд. «Маро ба тӯй хабар накард» гуфта ҳеҷ кас аз касе гила надорад.
Вақтҳои охир дар «оинаи нилгун» низ бобати ба тартиб андохтан, камхарҷу дастрас гузарондани тӯю маросимҳо барномаҳо пахш мегарданд. Маълум мегардад, ки тоифае ҳанӯз аз гузаронидани маросимҳои овозадори миёншикан даст накашидаанд. Ба қарибӣ шунидам, ки дар Бухорои мо низ кадоме фарзандашро ба синфи якуми мактаб ғайриоддӣ – бо карнаю сурнай ва мошинҳои бо пуфакҳои ранга орододашуда дар кӯчаҳо ҷар андохта бурдааст. Чунин рафтори номаъқул табъи аҳли хирад ва мардуми оддиро ғуборолуд месозад. Дар замири ин гуна амалҳо ғайр аз худнамоию худписандӣ ва ҳавобаландӣ дигар чизе ба назар намерасад.
Мо — фаъолони кӯ-чаю гузарҳо, маҳаллаю ҷамоатҳо бояд баҳри пешгирӣ намудани чунин рафтору ҳаракатҳои ношоиста лоқайд набошем. Азму кӯшиш намоем, то ки ақлу хирад ва адлу инсоф ҳамеша раҳнамоямон бошад.

Салим АБДУЛЛОЕВ,
нафақагир, 
вакили гузари дуюми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шайхони шаҳри Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: