ТӮЮ МАРОСИМҲО МАҲДУД ВА КАМХАРҶ ГАРДИДАНД

Идҳо, ҷашнҳо, тӯю сур ва маросимҳои дигар аз урфу одат ва анъанаҳои деринаи мардуми мо мебошанд.

Зиндагии мо бо онҳо ҷараёни неку анъанавӣ мегирад. Зеро ин суннатҳо мероси ниёгонанд. Ҳаёти ҳамарӯзаи мо бидуни ин суннатҳо ғайриимкон аст. Гирем, суннатӣ ё арӯсиро. Ҳарду зарур, балки ногузиранд. Мувофиқи фармудаи дини ислом духтари қадрас бояд сари вақт ба шавҳар дода шавад. Дини мубини мо тезтар дафн кардани майитро низ воҷиб мешуморад. Агар баъзе маросимҳои «навбаромад»-у «нозарур»-ро, ки гузаронидани онҳо низ аз мо ҳамҷиҳатию хирадсолорӣ ва дастҷамъиро тақозо менамоянд, ба инобат нагирем, иду ҷашн, суру тӯйҳо ба ҳаёти мо воқеан рӯҳи тоза, кайфияти хуш, мазмуну моҳият ва рангорангӣ мебахшанд. Онҳо мулоқоту муомила, муносибатҳои байниҳамдигарӣ, дӯстӣ ва хешу таборӣ, умуман ҷамъияти инсониро пойдору устувортар мекунанд.
То ба наздикӣ тамоми маросимҳо – хоҳ маъракаи шодиву нишот бошад, хоҳ ғаму андӯҳ, метавон гуфт, худсарона, бо дабдабаю сарфу хароҷоти калон ва исрофкориҳо мегузаштанд. Чунончи, арӯсӣ бо баргузор кардани ойинҳои оши очахӯрак, фотеҳа, оқсақолошӣ, келинфуророн ва ғайра як ҳафта ва баъзан аз он бештар давом мекард, мегузашт.
Дар маросимҳои вобаста ба дафн аҳвол боз бадтар буд, бидъатҳои «се», «бист», «чил», баъдтар «панҷоҳу ду» пайдо шуда, то «сол» давом мекарданд. Албатта, ҳамаи онҳо бар ивази сарфу хароҷоти зиёд, ташвишу исрофкориҳои бисёр мегузаштанд.
Дабдабаи тӯй ва бидъатҳои дафн хонаводаҳоро гирифтори қарзҳои калон мекарданд. Сари вақт барнагардондани қарзҳо бошад, боиси низоъву ҷанҷолҳо, ҷудошавии зану шавҳари ҷавон ва шикасти оилаҳо мешуданд. Офаридгор мефармояд, ки  ҳар қадар лозим бошад, хӯрем, аммо исроф накунем. Фақат озуқаву хӯрданиҳо не, балки беҳуда гузаронидани вақт ҳам исроф аст. Мо набояд ба исрофкорӣ роҳ диҳем.
Вақтҳои охир ходимони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо, арбобони дину пирони солхӯрда бобати кӯтоҳу камхарҷ гузаронидани ҳама гуна маросимҳо маслиҳат медиҳанд, тадбирҳо меандешанд. Вале ба онҳо на ҳама итоат мекунанд, баъзан ин гуфтаву нишондодҳо бенатиҷа мемонанд.
– Мо, – гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Боло»-и ноҳияи Чуст Марҳамат Мирзоева, – маросими тӯйро то ду рӯз кӯтоҳ карда будем. Президент як рӯз муайян кардаанд. Мо ба ин амал мекунем. Алҳол маъракаҳои мотам ҳам хеле ба тартиб оварда шуданд. Дар ин бора боз чораҳо меандешем ва ба иҷрои тамоми супоришҳои Раисҷумҳур ҳатман муваффақ мешавем.
Дар толори ҷамъомадҳои мактаби рақами 13-уми ноҳияи Чуст бобати маҳдуду камхарҷ гузаронидани тӯю маросимҳо машварат баргузор гардид. Дар он раисону вакилони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо, собиқадорони меҳнат, зиёиён, падару модарон иштирок карданд. Чорабиниро директори мактаб Абдусаид Фузайлов кушода, сараввал ба намояндаи ҳокимияти вилояти Намангон Асқаралӣ Йӯлдошев сухан дод. Нотиқ қайд намуд, ки барои гузарондани маросимҳо, мувофиқи фармони Президент ва қарори ҳокимияти вилоят, як рӯз ҷудо карда мешавад. Миқдори таклифшудагон набояд аз 150 нафар зиёд бошад. Барои бастани ақди никоҳ ду мошини сабукрав муқаррар мегардад. Мотам то се рӯз аст. Ҷараёни онҳо аз ҷониби комиссияи махсус қатъиян назорат карда мешавад. Соҳибони тӯй ва маросимҳо бояд ба тартибу қоидаҳои ҷоришуда ҳатман ва қатъиян риоя намоянд, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо то се миллион сӯмина ҷарима ситонда мешавад. 
Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Варзик Баҳодур Ботиров таклиф кард, ки агар зиёфат доданӣ ё гӯсфанд куштанӣ бошӣ, ин амалро ҳангоми зинда будани падару модарат кун. Дар хонаи азодор зиёфат хӯрдану шикам сер кардан ҳаром аст.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони «Қалъаи поён» Зокирҷон Суробов хоҳиш намуд, ки корчаллону тадбиркорон маблағи зиёдатиашонро на ба дабдабаи тӯю маросимҳо, балки барои кӯмак ба оилаҳои камбизоат, обод кардани мавзеи Сариқалъаи Варзик, маҳаллаҳо ва мумфарш сохтани роҳҳо сарф кунанд.
Сокини маҳаллаи «Пилоӣ» Назирҷон Эргашев пешниҳод кард, ки ягон кас бидуни рухсати хаттии раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ва нозири ҳуқуқу тартибот набояд тӯю ҷашн баргузор кунад. Сарфҳои хариди мебелу ҷиҳозҳои домоду арӯс қабл аз тӯй бояд дар байни ду ҷониб ба андозаю баробар тақсим шаванд.
Истиқоматкунандаи маҳаллаи «Янгичак» Бибисоро Мирзоева ва чанд нафар модарон дархост намуданд, ки дар тӯйҳо ва маросимҳои дафн ба меҳмонону иштирокдорон додани порчаҳои матоъ ва миёнбанд манъ карда шавад.
Ҷамъомад бо саволу ҷавоб ва баррасии муаммову масъалаҳои ҳамарӯза анҷом ёфт. Он ба ҳозирон таассуроти хуб гузошт.

Ш. МИРЗОЕВ,
ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: