Яке аз масъалаҳои мубраму ҳаллашон ногузир ба танзим даровардани тӯю маросимҳои мардум мебошад.
Аксарият тарафдори он ҳастанд, ки тӯю маросимҳо камхарҷу оддӣ баргузор шаванд. Беҳуда мардум намегӯянд: «Солҳо бо нӯги сӯзан ҷамъ мекунӣ ва дар як рӯз онро бо панҷшоха барбод медиҳӣ».
Дар масъалаи камхарҷу камодам баргузор кардани тӯю маросимҳо ағлаби шаҳрвандон дар фикри ҳамсон қарор доранд. Аз суҳбатҳое, ки бо як зумра пиру барнои шаҳру деҳоти вилоят доштам, ҳамин нукта натиҷагирӣ шуд, ки онҳо муроҷиати фаъолони Хазинаи иҷтимоии «Маҳалла» ва Бунёди «Нуронӣ»-ро бо ҳамовозии гарму ҷӯшон истиқбол гирифтаанд.
– Ман ба рафтори як идда одамоне ҳайрон мемонам, ки тӯю маросимҳои худро ба воситаи худнамоиву такаббур табдил медиҳанд, карру фарро дӯст медоранд. Миқдори сарфу хароҷоте, ки онҳо зимни баргузор намудани тӯйҳои хатнасуру арӯсӣ, ҷашну тантанаҳои хонаводагӣ роҳ медиҳанд, даҳҳо миллион сӯмро ташкил мекунад,–мегӯяд сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Баҳор»-и ноҳияи Ёзёвон Гулноза Дониёрова.
Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо мардум гӯё дар баргузор кардани маросимҳо байни ҳам мусобиқа мекунанд. Ҳанӯз мо ба тарбия муҳтоҷ ҳастем, вагарна ин қадар бори вазнинро худамон бар дӯши худамон намегузорем.
– Боиси шукргузорист, ки зиндагии мардуми кишварамон сол аз сол фаровонтар мешавад, теъдоди оилаҳои камбизоат коҳиш меёбад, сатҳи ҳаёт боло меравад. Гузашта аз ин, одамони зиёд соҳиби хонаву манзили бошукӯҳ ва ду-се ва аз он ҳам бештар мошинҳои шахсӣ мегарданд. Албатта, ҳамаи ин бар ивази меҳнати пурсамару саъй ва талоши зиёд ба даст меояд, – изҳор намуд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Афросиёб»-и шаҳри Фарғона Фарҳодҷон Ҷӯраев.
Тавре ки вай боз изофа намуд, шахсони сарватманд дар маҳаллаи «Афросиёб» кам нестанд, вале онҳое ангуштшуморанд, ки мехоҳанд як қисми маблағи барои баргузории ҷашну тантанаҳои хонаводагӣ ҷудокардаашонро мо ба обод намудани гузар ва кӯчаҳои маҳаллаамон ихтисос диҳем.
Ба таъкиди Фарҳодҷон Ҷӯраев аз дарвоза ба дарун нигарӣ, тамоми ҷоҳу ҷалол плостиккориву фаршҳо бо хиштҳои қиматбаҳо оро дода шудаанд, аммо аз дарвоза ду-се метр дуртар манзара тамоман намуди дигарро касб менамояд.
– Дар маҷлису ҷамъомадҳо борҳо ба ин масъала диққати умумро ҷалб мекунем, даъват мекунем, ки ободии маҳаллаамон бояд аз остона шурӯъ шавад. Ин дар ҳолест, ки мардуми зиёд аз дабдаба асло даст кашиданӣ нест. Охир, тӯю маросимҳои пурдабдаба ба кӣ даркор аст? – мегӯяд ба риққат омада Фарҳодҷон Ҷӯраев.
– Рӯзмарра дар тӯйхонаҳои шаҳр ва бархе аз тарабхонаҳои он тадбирҳои гуногун, аз ҷумла тӯю маросимҳои мухталиф роҳандозӣ мешаванд. Чун узви ҳамин мардум ва ҷомеа ҳастам, сари як масъала ҳамеша фикр мекунам. Яъне, чаро соҳибони тӯю маросимҳо ошнову ноошноҳоро ба тӯйхонаҳо даъват мекунанд? Магар онҳо кафолати бо ошу нон сер кардани ин қадар мардумро ба дӯш гирифтаанд? Бовар кунед, ҳамин нукта аз доираи ақлу идрок ва фаҳмиши ман берун мондааст, – гуфт сокини ҳаштоду дусолаи шаҳри Фарғона Муродбобо.
Вай мегӯяд, ки ба наздикӣ дар як-ду маросими хурсандӣ ширкат дошт. Ба гуфтаи Муродбобо, боре дар яке аз ҳамин маросимҳо оҳиста аз ҳампаҳлӯяш, ки сари як миз ошу нон мехӯрданд, пурсид, ки оё соҳибҷашнро мешиносад ва вай чӣ кора аст? Ҳампаҳлӯяш китф дарҳам кашидаву гуфтааст, ки кӣ будани соҳибҷашнро асло намешиносад ва вай ба ин ҷо бо исрори як ҳамсояаш, ки каму беш соҳибҷашнро мешинохтааст, омадааст.
Муродбобо як хандаи ба худаш зебанда карду ба суханаш ин гуна идома дод:
– Ин гап ҳайратамро афзуд ва ҳисси кунҷковиам боло гирифту ба ҳампаҳлӯи дигарам бо суоли пештара муроҷиат кардам. Аҷобати кор дар ҳамин буд, ки ин ҳампаҳлӯям низ соҳибҷашнро намешинохтааст. Акнун худатон қазоват кунед, ки оё ҳамаи меҳмонон соҳибҷашнро мешиносанд ё на, ёки бархе низ бо даъвати шахсони дуввуму сеюм ба ин ҷо омада бошанд?
– Ман як коргари оддӣ ҳастам. Ману шавҳарам аз ҳисоби маоше зиндагӣ мекунем, ки аз кори дӯзандагӣ ва сохтмон ба даст меорем. Шавҳарам чанд муддат бекор буд ва се моҳ мешавад, ки коргари сохтмон шуда кор мекунад. Ҳарду бори рӯзгорамонро баробар мекашем. Чор фарзанд дорем, ки сетоашон дар мактаби таҳсилоти умумӣ ва коллеҷ мехонанд. Бо сару либос ва қаламу дафтар таъмин кардани онҳо низ кори осон нест. Бо вуҷуди ин зану шавҳар кӯшиш мекунем, ки камаке аз маошамонро пасандоз намоем, чунки фанзанди калониамон имсол коллеҷро хатм мекунад,– мегӯяд Маҳбуба Дадаҷонова ном сокини ноҳияи Олтиариқ.
Ба таъкиди вай барои писарашон бояд ба хостгорӣ бираванд, вале зану шавҳар имкони дар як солу ду сол арӯс фароварданро надоранд. Маҳбуба Дадаҷонова мегӯяд, тӯю маросимҳо сол аз сол пурдабдаба мешаванд. Ҷамъоварии ҷиҳози тӯй бошад, масъалаи дигар аст.
– Пештар одамони шаҳру деҳот дар рӯйи ҳавлӣ ё саҳни хонаҳои бисёрошёна тӯю маросимҳояшонро баргузор мекарданд, аммо акнун дар ивази пулҳои калон ин маросимҳо дар тӯйхонаҳо гузаронда мешаванд. Нархи тӯйхонаҳо бошад, дандоншикан аст. Агар маросимҳо ба танзим дароварда нашаванд, барои камхарҷу оддӣ баргузор кардани он иқдоми ҷиддӣ сурат нагирад, мушкил пайи мушкил эҷод хоҳад шуд, – гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Ба ин тартиб, камхарҷу оддӣ гузаронидани маросимҳо ба нафъи мардум мебошад. Дар ин самт бояд раисон ва мушовирони ҷамоатҳои шаҳрвандон, фаъолони маҳаллаву гузарҳо ва шунидани маслиҳати пирони рӯзгордида бояд нақши назаррас бозанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.