«Ӯ МОРО БА ХУДАМОН ШИНОСОНД»

  • «Ӯ МОРО БА ХУДАМОН ШИНОСОНД»
  • «Ӯ МОРО БА ХУДАМОН ШИНОСОНД»

Мӯйсафед рӯзномаҳои кӯҳнаи чандинсолаашро варақгардон мекард, ногоҳ диққаташро ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва дар саҳифаи аввали он сурати Устод Айнӣ сӯяш кашид.

Беихтиёр, онро ба даст гирифта аз ҷой хест.
«Умри Айнӣ аз барои халқ 
сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ 
шаҳодатнома шуд».
Ин шоҳбайти Бозор Собир сурати Устодро шукӯҳ мебахшид.Омӯзгор аз ҳафтанома чашм намеканду дар чеҳрааш осори хушнудӣ падид омад. — «Воқеан зодрӯзи Устод – 15 апрел наздик аст», аз дил гузаронд вай ва ба берун баромад. Ҳамин вақт набераашро, ки дар мактаби миёна мехонд, рӯ ба рӯяш дида, акси Устодро нишон дод ва пурсид:
– Ин кас кӣ?
Набера эътибор дод, вале чизе нагуфт.
– Намедонӣ? – боз пурсид вай.
Ӯ бо ишораи сар «не» гуфт. Ба рӯйи мӯйсафед соя афтид. Вай мехост асабиёна хитоб кунад: «Наход ҳамдиёри худамон – адиби машҳури халқамон Садриддин Айниро надо-нӣ?!» Вале ӯ тадриҷан иқрор шуд, ки ин айби барномаи таълимист, на камбудии талаба. Охир, ҳоло наврасон ин ҷо ба забони худ дарс намехонанд. Пас илова кард:
– Фаромӯш накун, Садриддин Айнӣ аввалин шоир, аввалин адиб, аввалин олими давраи нав: асосгузори адабиёти навини тоҷик, яке аз поягузорони адабиёти навини ӯзбек, Қаҳрамони Тоҷикистон ва соҳиби ордени «Буюк хизматлари учун» аст. Ӯ дар ду республика: Ӯзбекистону Тоҷикистон аз коргари оддӣ то сарвари давлат ба ҳама ҳаққи устодӣ дорад. Садриддин Айнӣ адиби сатҳи ҷаҳонист. Беҳуда нест, ки соли 1978 100-солагии вай бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси олам ҷашн гирифта шудааст...
Дар арафаи 144-солагии зодрӯзи Устод Айнӣ боз сӯйи зодгоҳи ӯ деҳаи «Айнӣ» (Соктареи аввала) раҳсипор гардидам. Азбаски  бо роҳи нави нисбатан наздиктар омадам, гардишгоҳҳои зиёд аз пеш баромаданд. Аз ин рӯ, аз духтараки наздикомада пурсидам: «Ин роҳ маро то музейи Айнӣ мебарад?» Вай фаҳмонд, ки роҳи интихобкардаам дуруст аст. Вақте ки ба музей расидам, вай чун одат қулф буд. Дар қитъаҳои атрофи он ҷараёни тайёрӣ ба кишт идома дошт.
Чун ҳамеша ба ҳавлии Матлаб Муслиҳиддинов, ки дар қафои музей воқеъ аст, рафта хоҳиш кардам, ки дари музейро кушоянд. Зеро 05 ставка посбонӣ ва 05 ставка хидматгузории музей ба бошандагони ин хонадон дода шудааст. Маълум аст, ки бародари Айнӣ Муҳиддинхоҷа панҷ фарзанд бо номҳои Муслиҳиддин, Муҳсин, Малоҳат, Итқия ва Зуҳриддин дошт. Матлаб писари  Муслиҳиддин ва набераи  Муҳиддинхоҷа аст. Вақте ки мо ба музей баргаштем, ҳамсари Матлаб Робия Сайфуллоева (вай китобдори собиқи деҳа) бо келинаш Марҳабо Абдуллоева, аллакай, он ҷо омада буданд. Мо вориди музей гардида, чизи навро надидем. Ду сол муқаддам чӣ гуна бошад, ҳамон гуна мондааст. Фақат баъди бориши пай дар пайи моҳи марти имсола борон аз шафати пардевор гузашта, девори даруни даромадгоҳи музейро лойолуд гардондааст. Мехостам бо худи М. Муслиҳиддинов ҳамсуҳбат шуда, аз вай аҳвол пурсам, вале ӯ наомад.
– Роҳбари собиқи музей Мастурахола Зикруллоева сиҳату саломатанд? – пурсидам аз Р. Сайфуллоева.   
– Мастурахола 3 марти соли ҷорӣ дар синни 97 вафот карданд, – гуфт вай. Дилам аз ин нохушӣ якбора таҳ кашида, нафас дар гулӯям дармонд. Мастурахола на фақат дар Соктаре, ё ноҳияи Ғиждувон, балки дар вилоят ягона шахсе буд, ки ҳаёти худро ба хидмати осорхонаи  Устод Айнӣ бахшида, то имконият дошт, баҳри поси хотири поки ҳамдиёри бузургаш ҳар коре, ки аз дасташ меомад, кард, зеро дар ин олам ягона мояи ифтихори рӯзгораш ҳамин даргоҳ буд.
– Мастура Зикруллоева – холаи шавҳарам вақте ки хоҳарашон – модари Матлаб  вафот кардаанд, Матлаби ҳаштмоҳаро чун модар,  ба воя расонда, соҳиби хонаю дар карданд. Аз бозе, ки холаро ба хок супоридем, Матлаб ҳанӯз ба худ наомадаанд. Аз тарафи дигар даводавиҳои бенатиҷа, ваъдаҳои беохири мутасаддиён бобати таъмири музей ӯро дилгир карданд, – илова намуд вай.
Дафтари соядастҳои бинандагони музейро варақ мезадаму медидам, ки солҳои охир аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ӯзбекистону Тоҷикистон сайёҳони зиёд ин ҷо ташриф овардаанд. Фақат чанд рӯз муқаддам ба музей меҳмонони самарқандию душанбегию хатлонӣ, бухорию қашқадарёӣ омада рафтаанд. Сокини деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд Остон Хайрӣ навиштааст: «Ман музейи Айниро дида, на он қадар хурсанд шудам». Аён аст, ки ин ҷо ҳолати вайронаи осорхона боиси нигаронии меҳмони самарқандӣ гаштааст. Дар дафтари мулоҳизаҳо арзи дили меҳмони дигар А. Сатторзода чунин сабт ёфтааст: «Хидмате, ки Устод Айнӣ дар асри ХХ барои миллати тоҷик кардаанд, ба ҳеҷ нафаре насиб нагаштааст. Ӯ мо – тоҷиконро дубора зинда гардонд ва моро ба худамон шиносонд. Номи ӯ  ва кори ӯ ҷовидон хоҳад монд».
Баъди дидани ҳолати имрӯзаи бино ва эътирози бинандагон, беихтиёр, саволе ба миён меояд: солҳои охир дар вилоят, аз ҷумла, дар ноҳияи Ғиждувон  бунёдкориҳои азим ба амал меоянд, иморатҳри бисёрошёна қад боло мекунанд, вале масъалаи таъмир ва таҷдиди осорхона – як масҷиди куҳнаи хурди деҳа то имрӯз аз назарҳо дур мемонад! Муаллифи ин сатрҳо хабар дорад, ки чанд сол ин ҷониб роҳбарону мутасаддиёни соҳа ба ин ҷо рафтуо намуда, зоҳиран гӯё чораҷӯӣ мекарданд, вале дар амал натиҷае нест. Бояд ҳақиқати одиро эътироф кард: роҳбарону курсинишинон тез-тез иваз мешаванд, вале сафи зиёраткунандагони зодгоҳи адиби ҷаҳонӣ аз гӯшаву канори олам сол то сол меафзояд...
Вақте ки берун баромадем, нимпайкараи Устод Айнӣ зери нурҳои офтоб ба чашм пурҷозибатар метофт. Зодгоҳаш кайҳост, ки ба шарофати фарзанди фарзонаи худ номи «С. Айнӣ»-ро гирифтааст. Бо мурури замон на ҳамаи номҳо пойдор мемондаанд. Замоне Театри драмаи мусиқӣ ва мазҳакаи вилоят ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз чӣ сабаб бошад ҳоло театри нави вилоят «беном» гаштааст. Инчунин, чанд сол муқаддам дар даромадгоҳи мадрасаи «Кӯкалдош» бобати шогирди ҳамин мадраса будани Устод Айнӣ лавҳае ба чашм мерасид. Бо баҳонаи «таъмир» вай дигар дар ҷойи худ пайдо нашуд. Дар ноҳияи Ғиждувон тақрибан 12-14 сол муқаддам хоҷагии ҷамоавии ба номи С. Айнӣ вуҷуд дошт. Ҳамин тариқ, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят мактабҳо бо номи Устод ба чашм мерасиданд. Аз байн рафтани колхозҳо ва бо тартиби рақам ифода ёфтани таълимгоҳҳо боиси ихтисоршавии ном гардид. Бо вуҷуди ин, ҳоло низ дар шаҳрҳои Бухорою Когон ва ноҳияҳои Ғиждувон, Шофиркон, Вобканд, Ромитан, Ҷондор, Бухоро бо номи Устод Айнӣ кӯчаҳо ҳастанд. Асарҳои безавол, хидматҳои беғаразонаи Устод номи ӯро ҳамеша пос медоранд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: