Ӯ ВАТАНРО ОБОД ВА ХАЛҚРО НЕКӮАҲВОЛ ДИДАН МЕХОСТ

Мутеъулло Наҷмиддинов — зодаи деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон. Аз оилаи мударрис.

Вай яке аз аввалин парастуҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар чанде аз рӯзномаҳои марказии тоҷик чун ходими адабӣ, мудири шуъбаю сармуҳаррир меҳнат карда, то дараҷаи корманди Вазорати маданияти Тоҷикистон расид. Баробари фаъолият дар матбуот, нашриёт ва идораҳои давлатӣ бо эҷоди қисса, ҳикоя ва очеркҳо шуғл варзид, ки онҳо дар китобҳояш «Одамони сарбаланд», «Ғуломи сарбаланд», «Суруди одамони наҷиб», «Қадри замин ба одам», «Пайраҳаи шинос», “Одамон ва соҳилҳо», «Одамони замини барӯманд», «Се повест» ва «Раззоқи олам» гирд оварда шудаанд. 
Устод Мутеъулло Наҷмиддинов Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон, адиби маъруф мебошад. Ёдбуди вай дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст баргузор гардид. Чанде аз қарибони адиб дар бораи ӯ ин тавр нақл карданд.
Аҳмадхон Турдиев, 70-сола, додарарӯси нависанда: Домулло Наҷмиддинов ба Варзик омада, меҳмони хонадони мо мешуданд. Ба идораҳои давлатии ноҳияю вилоятамон рафта, масъалаҳои ободии зодгоҳ ва зиндагии халқро ҳал карда меомаданд. Бо дахолати домулло ба қисми шимолии деҳаамон обанбор сохта шуд, аз болои деҳа канали Ғалаба гузаронданд, масъалаи камобии хоҷагии пахтакорӣ, кишту боғу роғ  ҳал гардид. Бо ҳамин серобӣ  то имрӯз деҳа ободу халқ сер. Бо бонги изтироби фарзанди асили миллат нафақат роҳҳои марказии деҳа, балки роҳҳо то шипангҳои саҳроӣ мумфарш карда шуданд, ки онҳо ҳанӯз дар хидмати аҳолию зироаткоронанд. Боре аз боду ҳавои хуши деҳа озод нафас кашида, дар хонаи мо эҷод карданӣ шуданд, аммо омаду рафти дӯстону улфатҳо намегузошт, ки бо хотири ҷамъ машғули навиштан шаванд. Гарчанд чунин ҳолат буд, домулло қалам меронданд, баъзан ними шаб бедор шуда: «Фалон ҷойи асарамро нанавиштаам»-гӯён хеста, он қисмро навишта мемонданд. Майори бознишастаи милитсия Маҳмудҷон Камолов барои аз давраи дӯстон дур кардан домуллоро ба боғи берун аз деҳааш таклиф кард, ки бе ягон халал навис-нависашонро дар он ҷо давом диҳанд. Улфатҳо домуллоро ҷустуҷӯкунон ба он ҷо ҳам рафтанд. Нашуд. Баъди 3 рӯз домулло боз ба хонаи мо баргаштанд. То бозгашташон ба Душанбе аз дасти дӯстон «наҷот» наёфтанд. Агар ин гуна «дидорбинӣ»-ҳо намебуданд, домулло шояд ба тараққиёти адабиёту ҷамъиятамон бештар ҳисса мегузоштанд.
Муҳаббат Наҷмиддинова, 68-сола, ҷияни адиб: Қорӣ Наҷмиддин падаркалони, Мутеъуллоамаки мананд. Ҳукумати шӯро, молу мулкашонро мусодира намуд. Худашонро дастгир карда бурданд. Падари ман Имоддинамаки аз волид маҳрумшудаам Мутеъуллоро таҳти ҳимояи худ гирифта, калон карданд. Ҳамроҳи худ ба Нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод бурданд. Меҳнату заҳмати сохтмони мазкур вазнин буд. Аз камию носерӣ бемор шуда, падарам ба деҳаамон бармегарданд. Амаки ҷавонам худашонро монда, кори сохтмонро давом медиҳанд. Соли 1945 мактаби миёнаи таълими умумиро тамом карда, муаллим, пас мудири қисми илмии мактаб шуда, ғоибона институти муаллимтайёркуниро хатм намуданд. Дар Душанбе, дар университет хонданд. Баъд бо ёрии он кас бародаронам Ҳабибулло (нависанда Ҳабиб Имодӣ), Саъдулло (рӯзноманигор, шодравон) ва додари хурдиам Ҳамидулло (раҳматӣ) ҳам дар Душанбе таҳсил гирифтанд.
Инобат Ҳасанова, 64-сола, ҳамсари Ҳамидулло – ҷияни нависанда: Мутеъулло Наҷмиддинов  бобои мо буданд, ба хонаи мо зуд-зуд меҳмон мешуданд. Дар як сол 3-4 бор рӯз ё шаб, кадом вақт бошад, омадан мегирифтанд. Мо ба пешвоз мебаромадем. Наҷмиддинов бисёртар бо раиси назорати халқии ноҳияамон Тӯлқин Йӯлдошев, ки ҳамсол буданд, ҳамроҳ мегаштанд. Онҳо ба истгоҳи обкаши «Кӯксарак»- и ноҳия, ки шавҳари раҳматиам Ҳамидулло ҳам дар он ҷо кор мекарданд, рафтанд. Ба кормандони он ҷо, ки маоши кам мегирифтанд, барои деҳқониашон  замин ҷудо кунонда доданд. 
Бобои нависандаи мо Наҷмиддинов дар Варзик ҳам дӯстони бисёр доштанд. 70-солагиашон дар мавзеи Сариқалъаи деҳаамон бо роҳбарии Маҳмудҷон Камолов хеле хуб гузашт. Теппаи қалъа, даромадгоҳу баромадгоҳи он ҷо бо меҳмонон, наздикону мухлисон пур шуд. Вале соҳибҷашн «одам кам омад» гуфта, дилашон таскин наёфт.

Ба чоп ҳозиркунанда
 Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: