УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ФАРОНСА

Дар пойтахти Фаронса маросими имзогузории муоҳида оид ба тайёркунии кадрҳои соҳаи археологии байни Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Донишгоҳи Пантион-Сорбонна 1-и Париж баргузор шуд. Ҳуҷҷатро ректорони донишгоҳҳо Р. Холмуродов ва Ҷ. Адад имзо карданд.

Ин ҳамкорӣ баргузор намудани тадқиқотҳои муштарак, ба роҳ мондани анҷуман ва машваратҳо, табодули омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯён, роҳбарияти муштараконаи корҳои илмӣ ва нашру ношириро пешбинӣ менамояд.
Бояд зикр кард, ки муоҳида ба рушди низоми тайёркунии мутахассисон – ҳафриётшиносон дар Ӯзбекистон ва такмил додани корҳои тадқиқотии соҳаи археология, бунёди мактабҳои замонавии археологҳои ӯзбекистониву франсавӣ хидмат мекунад, ки дар оянда қитъаҳои нави ҳафриётиро дар Ӯзбекистон ва Фаронса кашф ва тадқиқ хоҳанд кард.
Ректори мактаби олии Фаронса таъкид намуд, ки ҳамкории мазкур метавонад минбаъд дар самтҳои дигар, аз ҷумла дар омӯзондани фанҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ, ки дар ҳар ду муассисаи таълимӣ мавҷуданд, амалӣ гардад. Ғайр аз ин ҷонибҳо муоҳидаро бино бар ба роҳ мондани ҳамкории байни китобхонаҳои кишвари мо ва Донишгоҳи Пантион-Сорбонна ба имзо расониданд.
Соли 2019-ум Мактаби археологии Донишгоҳи Пантион-Сорбонна-1-и Париж мувофиқи оҷонсии QS University Rankings ба номгӯйи бист мактаби беҳтарини ҷаҳон дохил шуд.
Донишгоҳи Пантион-Сорбонна-1-и Париж, ки соли 1215 таъсис ёфтааст, ҳамчун дигар муассисаҳои машҳури таълимӣ, донишгоҳҳои Болон, Оксфорд ва Кембриҷ мактаби олии куҳантарини Аврупо ба шумор меравад. Ҳоло дар ин ҷо тақрибан 40 ҳазор донишҷӯён дар факултаҳои ҳуқуқ, иқтисодиёт, таърихи санъат ва археология, санъати тасвирӣ ва санъатшиносӣ, тиҷорат-ҳуқуқ, идоракунӣ ва менеҷмент, муносибатҳои байналхалқӣ ва аврупоӣ, ҷуғрофия, таърих, фалсафа, илмҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқи умумӣ, математика ва информатика таълим мегиранд.

ОИ «Дунё»,
шаҳри Париж.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: