УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

Дар доираи ташрифи давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба мамлакатамон конфронс, форум ва чорабиниҳои зиёд баргузор мегарданд.

Дар байни онҳо Форуми таълими Ӯзбекистону Русия аҳамияти алоҳида дорад.
Форуми мазкур, ки бори аввал ташкил карда мешавад, дар атрофи худ кормандони масъули низоми таълими олӣ, соҳаҳои илм, технологияҳои инноватсионӣ, олимон, профессорон, ҷомеаи педагогӣ, тадқиқотгарони ҷавони ду мамлакатро ҷамъ овард.
Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдувоҳитов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдуҳакимов, вазири таълими олӣ И. Маҷидов, ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек А. Мараҳимов, ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд Б. Ходиев ва дигарон таъкид намуданд, ки дар тӯли солҳои охир раванди навсозӣ дар тамоми зинаҳои таълим, аз ҷумла низоми таълими олӣ низ инъикос меёбад.
Имрӯз тамоми саъю кӯшиш ба таъмин намудани баробарӣ ва рушодии таълими олӣ барои шаҳрвандон, пайваста васеъ гардондани фарогирии ҷавонон, мустаҳкам кардани пойгоҳи муассисаҳои таълим, таъмин кардани шаффофият ва холисии ҷараёни қабул ба муассисаҳои таълими олӣ, дар мамлакат созмон додани филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон сафарбар гардонда мешавад. Ихтисос, самтҳои зиёди ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ташкил карда шуда, дар мактабҳои олӣ баробари шуъбаи рӯзона шуъбаҳои шабона ва ғоибона кушода шуда, дар соҳаи таълим дигаргунсозиҳои мусбати сифатнок мушоҳида мегарданд, дар рафти ҷараёни таълим бартарии раванди таълим таъмин карда мешавад, ки ҷолибияти низоми ватании таълими олиро баланд мебардорад. 
Дар рафти форум таҳти мавзӯи «Кадрҳои нав – барои иқтисодиёти нав» таъкид гардид, ки чунин чорабинии бузург дар ҳаёти маърифии Русия ва Ӯзбекистон воқеаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Чи хеле ки сардори Раёсати Президенти Федератсияи Русия оид ба алоқаҳои байниминтақавӣ ва маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ Владимир Чернов таъкид намуд, дар тӯли чоряк асри гузашта байни мамлакатҳоямон дар соҳаҳои сиёсиву стратегӣ дар асоси ҳамкории муфид ва боэътимод муносибат ба роҳ монда шуд. Бо ин, баробари ба имзо расондани созишномаҳои тарафайн, ба ҳаёт татбиқ намудани онҳо муҳим мебошад. Ин ба таҳкими мулоқоти тарафайн бевосита алоқаманд мебошад.
– Форуми мазкур имконияти якҷоя татбиқ намудани нақшаҳои ба ҳамдигар муфидро фароҳам меорад, – мегӯяд вазири  илм ва таълими олии Федератсияи Русия Михаил Котюков. – Имрӯз донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар муассисаҳои таълими олии Русия таҳсил мегиранд. Ҳамкорӣ дар соҳаи таълими олӣ хусусияти шадид ва серқирра пайдо менамояд, ки имкони  аз ҷиҳати сифату миқдор ба зинаи нав бардоштани тайёркунии кадрҳоро медиҳад.
Бино бар суханони Президенти Иттиҳоди ректорони Русия, ректори Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Маскав Виктор Садовничий форуми мазкур дар соҳаи таълими олӣ, илми Ӯзбекистон ва Русия воқеаи муҳим ба ҳисоб меравад. Стратегияи амалиёт, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев ба ҳаёт татбиқ мегардад, ба рушди мамлакат таҳрики нав мебахшад. Дар Ӯзбекистон созмон дода шудани Вазорати таълими томактабӣ бо ҳамоҳангии он ба анъанаҳои миллии халқамон сазовори эътибор мебошад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар мамлакат ташкил карда шудани муассисаҳои махсуси таълимӣ ба номи олимону мутафаккирони бузург, аз ҷумла, мактаби махсуси ба номи Ал-Хоразмӣ лоиқи таҳсин аст. Форуми мазкур барои минбаъд васеъ гардондани ҳамкории байни муассисаҳои таълими олии ду мамлакат имконият фароҳам меорад.
– Ин гуна вохӯрӣ дар доираи бонуфуз имконияти ба роҳ мондани алоқаҳои нави байни муассисаҳои таълими олӣ, татбиқи нақшаву барномаҳои муштаракро фароҳам меорад, – мегӯяд ректори Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав Анатолий Торкунов. – Ба роҳ мондани ҳамкории васеъ бо Донишгоҳи иқтисодиёти  ҷаҳонӣ ва дипломатия ва Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд ба нақша гирифта шудааст.
Дар айни ҳол дар Тошканд филиалҳои чунин мактабҳои олии бонуфузи молики аҳамияти ҷаҳонӣ мисли Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Маскав, Донишгоҳи давлатии нафт ва гази ба номи И. М. Губкини Русия, Донишгоҳи иқтисодиёти ба номи Г. Р. Плеханови Русия,  дар шаҳри Олмалиқ – Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «МИСиС» фаъолият нишон медиҳанд. Дар филиалҳои мазкур кадрҳои соҳибихтисос тайёр карда мешаванд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 июли соли 2018 дар Тошканд филиали  муассисаи давлатии фидералии автономии таълими олӣ «Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроӣ «МИФИ» кушода шуд, ки ҷараёни таълим аз соли таҳсили оянда оғоз меёбад.
1 августи соли 2018 байни Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ва Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроии «МИФИ» дар шаҳри Маскав шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мувофиқи он дар мактаби олии мазкур аз соли таҳсили 2018/2019 барои донишҷуёни ӯзбекистонӣ тайёркунии кадрҳо бино бар чунин ихтисосҳо, мисли «Энергетикаи ядроӣ ва физикаи гармӣ» ва «Физикаи ядроӣ ва технология» ба роҳ монда шуд. 
Моҳи октябри соли ҷорӣ байни Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишкадаи давлатии умумирусиявии кинематографияи ба номи С. А. Герасимов оиди дар Тошканд кушодани филиали институти мазкур ва ҳамкорӣ дар тайёркунӣ, такмили ихтисоси кадрҳо ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи кинематография аҳду паймон шуд. 
Дар форум байни муассисаҳои таълими олии ду мамлакат оиди дар мамлакатамон ташкил кардани факултетҳои муштарак, филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мубодилаи донишҷӯён, такмили ихтисоси педагогҳо, баргузор намудани синфҳои маҳорат ва чорабиниҳои дигари муштарак ҳуҷҷатҳои зиёд ба имзо расиданд. Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Маскав ва Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи миллии ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд, донишгоҳҳои давлатии Бухоро, Фарғона, созишнома оиди такмили ихтисоси хидматчиёни давлатии байни Академияи хоҷагии халқи Русия ва хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, созишнома дар бораи дар Тошканд кушодани филиали Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав байни муассисаҳои таълими мазкур ва Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия аз ҷумлаи онҳост.
Дар рафти сессияҳои шуъбавӣ, ки дар доираи форуми таълим гузаронда шуданд, иштирокдорон таҳти мавзӯи «Забони русӣ – чун омили рақобатпазири соҳаи илмиву маърифатӣ», «Таълими техникӣ дар низоми устувори ҳамкории Ӯзбекистону Русия», «Шаклҳо ва механизмҳои тайёр кардани кадрҳо барои самтҳои муҳими иқтисодиёт», «Илм ва инноватсия дар мактаби олӣ» масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд. 
Дар хотимаи форум бино бар минбаъд васеъ гардондан ва таҳкими алоқаҳои ҳамкории тарафайн дар низоми таълими олии Ӯзбекистон ва Русия изҳороти ниҳоӣ қабул гардид.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: