УМЕД АЗ «УМЕД»

Хоҷагии паррандапарварӣ дар ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд ҳанӯз соли 1972 ба роҳ монда шуда буд ва дар солҳои охири даврони шӯравӣ – аввалҳои солҳои навад тамоман фатарот гардида, ҳоло чанд сол аст, ки дубора дар шакли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Умед» барқарор карда шудааст.

Ин фабрика, ки дар маҳаллаи Умед ҷойгир шудааст, бо орзуву нияти нек номашро низ «Умед» гузоштаанд.
Бештар аз 350 нафар мардуми маҳаллӣ дар ин хоҷагӣ соҳиби кори доимӣ мебошанд. Ин миқдор кормандон дар айни ҳол то 550 ҳазор сар паррандаро парвариш менамоянд, ки дар ҳалли масъалаҳои таъминоти гӯшти паррандаи бройлер ва тухм дар вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми назаррас дорад.
Ҳокими ноҳия Улуғбек Ялғашев мегӯяд, ки умедамон аз «Умед» калон аст, зеро дар ояндаи наздик дар мурғхонаҳои боқимондае, ки ҳоло дар ҳоли таъмиранд, баъдан бо паррандагони ин хоҷагӣ пур карда мешаванд ва дар он сурат ҳам миқдори гӯшт ва ҳам тухм хоҳад афзуд.
Матн ва сурати Т. ХОВАРӢ.
Вилояти ТОШКАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: