УМЕД ҲАСТ...

Ин гуна ҳавои сард, ки аз ҳафтаи дуюми моҳи январи соли равон оғоз ёфт ва то имрӯз ҳукмрони вақт аст, тайи 40-50 соли охир мушоҳида нашуда буд.

Он бештар ба боғбону деҳқонҳо ташвиш овард.
Бояд гуфт, ки Самарқанд аз азал бо боғпарпарӣ ва токдорӣ машҳур аст.
Боғи баланд, Боғи дилкушо, Боғи тилло, Боғи майдон, Боғи зоғон, Боғи Фирӯза ва ғайра далели ин гуфтаҳои мо мебошанд. Дар замони ҳукмронии Соҳибқирон баробари рушду равнақи меъморӣ, илму дониш, санъати тасвирӣ, кишоварзӣ низ ривоҷ ёфтааст. Мувофиқи фармони Амир Темур дар Самарқанд 14 боғи таърихӣ бунёд шудаанд, ки дар ҳудуди ҳар кадоми онҳо вобаста ба иқлимашон дарахтони гуногун месабзиданд.
Аз ҷумла, дар мавзеи Боғи баланд  анҷир парвариш карда мешуд.
Олими самарқандии 85-сола, узви Иттифоқи нависандагон, дилдодаи табиат Талъатбобо Абдуллоев китоби шавқангезу ҷолиби «Анҷири Самарқанд»-ро навишт, ки дар бораи парвариш ва хусусиятҳои фоидаоварӣ ин мева нақл мекунад.
Мо бо  ин  боғбони соҳибтаҷриба дар бораи ҳифзи дарахтони мевадор аз сармо суҳбат кардем.
– Талъатбобо, агар хотираам фиреб надиҳад, зимистони солҳои 1969 ва 2008 чунин сард омада, бинобар бепарвоӣ ва лоқайдии баъзе танбалон дарахтони бисёрсолаи анҷир, анор ва хурмо, инчунин токро сармо зада буд... Боғбонҳои соҳибтаҷриба, дурандешу пухтакор дар фасли тирамоҳ анҷир ва токро ба  хошок печонда гӯр мекунанд.
–Боз як усули кам кардани таъсири хунукӣ ин дар боғҳо дуд кардани шоху барг, таппак, коҳ ва ғайра мебошад, – мегӯяд боғбон. Дарахтони себ, гелос, шафтолу, чормағз низ ба сармои сахт тобовар нестанд. Ба боғбонони ҷавон, фермерҳои навкор тавсияи ман ҳамин, ки дар фасли зимистон боғи дарахтони меваро яхоб диҳанд. Ин усул хеле фоидабахш аст. Аммо дар иҷрои ин амал бояд ҳарорати об аз ҳарорати ҳаво баландтар бошад.
—  Талъатбобо, оё аз ҳозир ба дарахтони мева  осеб расонидани ҳавои хунукро донистан имкон дорад?
– Афсӯс, ки не, – бо табассум мегӯяд мусоҳиби мо. – Ин чиз баъди расидани фасли баҳор маълум мешавад. Ҳаво гарму офтобӣ шуда рустаниҳо, ки нашъу намо карданд, маълум хоҳад шуд, ки кадом дарахтро хунук задааст.
Воқеан дар баҳор ҳам хавфи ҳавои сарду сербориш ҳаст. Мақоли: «Ҳут агар ҳуттӣ кунад, кампира дар қуттӣ  кунад»-ро фаромӯш накунед. Ноумед шайтон. 
– Барои суҳбати дилнишину муфид ташаккур! 
– Саломат бошед!

З. ҲАСАНЗОДА,
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: