УМЕДИ ЭКОҲАРАКАТ АЗ ХУРДСОЛОН

Сабинаи даҳсола аз дасти намояндаи Ҳаракати экологии ҷумҳурӣ ифтихорнома ва ҳадяҳои таълимӣ ва дастуриро гирифта, ончунон хушҳол буд, ки мисле бори аввал ба чунин қадрёбӣ мушарраф мегардад.

Мисли ӯ боз даҳҳо нафар бачагон барои кори муфиду савобашон бо чунин ифтихорот шарафёб гардиданд.
Даҳсолаҳо инҷониб Ҳаракати экологии ҷумҳурӣ дар доираи озмуни ҳунарии «Садои Чимён» бо барномаи худ ширкат менамояд. Ба озмун, ки бори 40-ум барпо гардид, маъмулан аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва Русия овозхонони усули «бард» ҳозир мешаванд. Дар мавсими чилуми он аз чор мамлакат иштирок намуданд.
Дар ин ҷашни ҳунар, ки аз рӯйи анъана дар кӯҳсори Чимён – идомаи Тёншони Ғарбӣ барпо мегардад, пеш аз рӯзҳои истироҳат дар адирҳо хаймаву мошинҳо ҷой мегиранд ва берун аз озмун низ дар сари ҳар хайма одамон бо дастгоҳҳои мусиқӣ, махсусан гитор, барои худ маҳфилҳо ташкил мекунанд ва ин чанд шабу рӯз, табиист, ки барояшон хотирмон мегузарад.
Аммо ҷанбаи дигари масъала ин аст, ки он гурӯҳу сайёҳоне, ки дар ин пуштаву ёнаҳои сарсабзу нотакрор хайма мезананд ё чанд лаҳза дами беғам мезананд, аз худ партов ҳам мегузоранд. Яке аз мақсадҳои Ҳаракати экологӣ низ дар байни онҳо ташвиқот намудани покӣ ва иффати табиати нозанину намуди аслии он аст.
– Азбаски ин одамону сайёҳон солҳои сол ба ин ҷо меоянд, аллакай унс гирифтаанд, ки дар ин ҷо партови худро нагузоранд ва ҳатто баъзеашон онро насупорида ба маҳалли зисти худ бурда, ба партовхонаҳои махсус месупоранд, – мегӯяд муовини роҳбари Ҳаракати экологии ҷумҳурӣ, профессор Саидрасул Сангинов. –  Мақсади мо ҳам аз ташкили ин гуна чорабиниҳо ба ғайр аз давлату ҷамъият ҷалб кардани ҳар як шаҳрванд ба ҳифзи муҳити зист аст, ки онро чун вазифаи худ шуморанд.
Аз таҷрибаам медонам, ки солҳои пешин вақте халта гирифта, ба ёнаҳои атрофи ин маҳал ҳангоми ҳамин гуна чорабиниҳо мебаромадам, барои як бор то доманҳои кӯҳ рафта омадан як-ду халта кифоя намекард. Аммо ҳоло манзара тамоман дигар аст. Воқиан одамон идрок кардаанд, ки пас аз буду бош дар табиат ҷойи худро пок бояд гузошт.
То ин ки рӯз ба нимаи худ расид, бачагони синни гуногун аз хонаводаҳои ин хаймазадагон ва меҳмонони дигар халтаҳои партови ғункардаи худро оварда, ба масъулон супурда, бо бордони мошини партов меандохтанд ва онҳо низ мисли Сабина ифтихорномаву ҳадяҳояшонро ба даст медароварданд.
Экоҳаракат дар одамон ташаккул додани маданияти экологӣ, тарбия намудани ҳисси ҳарчи бедортар ва фаъолтарро аз вазифаҳои асосии худ гузоштааст, аз ин рӯ ба роҳ гузоштани чунин ташвиқот дар чунин ҷамъомадҳои одамон дар ҳавои кушод ҷойи хеле муносиб ва ҳадафрас аст. Бо ин масъала дар адир роҳбари ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратии «Родничок» Людмила Кашалапова машғул буд, ки он дарсро ба таври рамзӣ «Экомактаби зери осмони боз» номидаанд.
– Мавзӯи асосии дарсамон маънидод кардани гуногунии биологӣ ва муҳофизати он мебошад, – мегӯяд Людмила Викторовна, – азбаски ҳамаи инҳо бачагонанд, машғулотро ба тариқи бозӣ ва озмуну мусобиқа мегузаронем.
Бо вуҷуди ин ки макон ҳамеша серодам асту аз ҳар ҷиҳат назорат ҳам пурзӯр, баъзе масъалаҳои кӯҳнашуда ва ба чашм ноаён солҳои сол ҳалли худро пайдо намекунанд.
Аз давуғеҷи намояндаи Экопартия дар Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Тошканд Фурқат Аҳмадҷонов дар ғурфаву нуқтаҳои савдову хӯрокхӯрии ин маконҳои серодам маълум буд, ки ӯро чун депутат маҳз ҳамин кӯҳнадардҳо нигарон намудааст.
– Аз фурсат бояд босамар истифода кунам. Ҳудуди вилоят калон, ба ҳама гӯшаи он расидан мушкил ва бинобар ин масъалаҳои доғе ҳастанд, ки пас аз пурсуҷӯ ва аниқ кардан роҳҳои аз тариқи қонунгузорӣ ҳал кардани онро бояд биҷӯем, – мегӯяд вай.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: 
Фирӯз ХУШВАҚТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: