УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД...

15 апрел – рӯзи таваллуди устод Айнӣ

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин   Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи  Ғиждувони вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Ў дар деҳа  хату савод гирифта, пас аз он барои такмили дониш ба шаҳри Бухоро омад. Касалии вабо падару модари Садриддини хурдсолро аз байн бурд. Баъд аз ин бори зиндагӣ ба сараш афтод, ки дар ин бора дар “Ёддоштҳо” бисёр   бадард қисса намудааст. Устод соли 1954 дар Душанбе вафот кард.

Асарҳои гаронбаҳои устод Айнӣ  «Дохунда», «Ғуломон»,   «Ёддоштҳо», «Марги судхўр», «Одина», «Қаҳрамони халқи  тоҷик Темурмалик» ва ғайра хазинаи адабиёти тоҷикро ғанитар гардониданд.

Устод Айнӣ на танҳо нависанда, балки забоншинос,   фарҳангнигор, адабиётшинос ва таърихшиноси мумтоз  буд  ва доир ба ин соҳаҳо асаҳои пурарзиш иншо кардааст.

Ӯ дар тараққӣ ёфтани забони тоҹикӣ хизмати бузург кардааст . Агар таърихи имрўзаи забонамонро аз назар гузаронем, мебинем, ки вай ба осонй ба ин шакл надаромадааст. С.Айнӣ ба муносибате аз ин хусус ёдоварӣ карда, навиштааст:   «…Ин забон дар муддати ин сайри таърихии кўтоҳи баъди инқилобии худ бисёр моҷароҳо ва мунозираҳоро аз сар гузаронид. Гурўҳе ба майдон баромада, кўшиш мекарданд, ки забони адабии тоҷикро дар кўчаи бунбастаи забони матбуоти Эрон дароварда фиристанд, гурўҳи дигар забони адабии ҳазорсолаи тоҷикро ба ҳамаи меросҳои адабиаш тамоман инкор карда мехостанд дар асоси забони кўчагӣ забони «нави адабӣ» созанд ва ба он «забони нав» грамматикаи аҷоибу ғароибе ҳам тартиб диҳанд».

Устод Айнӣ дар ҳама маҳфилҳо, мунозираҳои адабӣ далерона иштирок карда фикрҳои худро баён мекард. Ӯ бо суханҳои оташини худ барои муҳофизат кардани забон муборизаҳо бурдааст.  Барои пешгирӣ ва бартараф кардани муаммоҳои забон ӯ бисёр кӯшиш кардааст, ки мисолҳои назарраси он дар осори пурмуҳтавояш  ба назар мерасад.

С.Айнӣ дар назм  пештар, вале дар наср нисбатан дертар ба содданависӣ майл намуд. Сабаби асосии тағйироти сабк дар ў мутолиаи бузургтарин ва муҳимтарин асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» будааст. Айнӣ кори саркардаи Аҳмади Донишро идома дода, ба комёбӣ расидааст.

Корнамоии таърихии дигари устод Айнӣ ин таърихи пурмуҳтавои халқи тоҷикро нишон додан аст, инро мо дар баъзеҳои асарҳои ӯ дида метаваонем.  Аз ҷумла, дар асари “Намунаи адабиёти тоҷик” устод Айнӣ оиди ҳасби ҳол ва намунаи эҷодии зиёда  аз дусад шоироне, ки бо забони тоҷикӣ эҷод кардаанд,  маълумот додааст.

Устод С. Айнӣ барои халку миллати худ бисёр рӯзҳои вазнинро паси карда, забони соддаи тоҷикиро аз нав эҳё намудааст.

Бозор Собир беҳуда нагуфтааст:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд!

АКРАМҶОН АМИНҶОНОВ, омӯзгори мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: