УМРИ ДУБОРАИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ

Ин қасрро, ки дар ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ сохта шудааст, мардум «клуб» меномиданд.

Ин қасрро, ки дар ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ сохта шудааст, мардум «клуб» меномиданд. Он аз фойе, чандин ҳуҷраи хидматӣ ва толори кино иборат буд.  Яъне дар Чуст ягона буд. Дар он, ғайр аз намоиши кино, боз маҷлису ҷамъомадҳои хоҷагии ҷамоавӣ, вохӯриҳо, намоишҳои театрию консерт ва дигар чорабиниҳои калони мактабҳои деҳа барпо мешуданд.
Баъдтар воқеаи ғайричашмдошт рӯй дод. Ба мақсади бо кор таъмин кардани занону духтарони бекори деҳа хоҷагии ҷамоавӣ фойеи фарох ва хонаҳои клубро холӣ кард, дар онҳо филиали фабрикаи шоҳибофии Чуст дастгоҳу таҷҳизоти зарурии худро гузошта, ба кор шурӯъ кард. Фақат толори кино дар ихтиёри киномеханикон монд. Азбаски дари даромад дар тасарруфи фабрика буд, кинодӯстон аз дарҳои паси бино истифода мебурданд. Дар толор таҳти садои дастгоҳҳои бофандагӣ тамошои филм ва чорабиниҳои дигар баргузор мегардиданд.
Дар солҳои гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ намоиши кино низ дар толор бозистод. Баъдтар кори фабрика ҳам қатъ ёфт, дастгоҳҳои он ғундошта шуданд. Хоҷагӣ оҳиста-оҳиста пароканда шуда, ба ҷойи он хоҷагиҳои фермерӣ ташкил ёфтанд. Клуб куллан «бесоҳиб» ва бенигоҳубин монд. Аз ҷониби рости он ҳайкали инқилобчиро низ гирифтанд, фаввораю гулгаштҳоро вайрон карда, дукону дорухонаи хусусӣ сохтанд. Ошхонаи фабрикаи собиқ «соҳиб» пайдо кард ва чун дигар нуқтаҳои савдо ба аҳолӣ хидмат мекард. Қисми зиёди гулгаштҳо ба боғчаи бачагона дода шуд. Охир клуб аз фаввораю гулгаштҳо ҳам маҳрум гашт. Хонаҳои ҷудогонаи он муддате синфҳои иловагии мактаби наздиктарин шуданд. Баъдан мактаб ҳам аз он ҷо кӯчид. Синфхонаҳоро чанд сол дорухонаи давлатӣ ишғол карду сипас он ҳам пӯшида шуд. «Корчаллонҳо» он ҷоро аввал ба автосервис, баъд ба ошхона, фойеро бошад, ба маркази савдои молҳои бинокорию хоҷагӣ табдил доданд. Пеши клуб ба базаи чӯбу тахта ва дигар маснуоти бинокорӣ мубаддал гардид. Клуб фарсудаю хароб шуда, ҳусну ҳашамати худро бохт. Вай ба назар зишту нозеб метофт. Чунин буд эътибори баъзе роҳбарон нисбат ба фарҳангу зебоӣ!
Қарори Девони Вазирон дар бораи ташкил кардани марказҳои маданӣ ва истироҳатӣ аз 26 июни соли 2013 муҳокима мешуд. Собиқадори  меҳнат, шахси зиёӣ Одилҷон Каримов ба яке аз шабакаҳои телевизион занг зада, аҳволро дар клуби собиқ ба Вазорати маданияти ҷумҳурӣ маълум кард. Аз ҳамон вақт ҷунбиш барои беҳ сохтани вазъияти клуби Варзик оғоз ёфт.
Соли ҷорӣ барои варзикиён ид болои ид шуд. Дар рӯзҳое, ки рӯҳияи наврӯзӣ ҳукм меронд, мардум беш аз ҳарвақта хушҳолу хуррам буданд. Маркази деҳа, атрофу акнофи қаср бо гулу пуфакҳои рангоранг ороста гардид. Ҷамъомадагон таҳти овози карнаю сурнай ва чапакзанӣ вакилони ҳокимиятҳои ноҳияю вилоятро пешвоз гирифтанд. Меҳмонон ва аҳли деҳа ба тадбири кушодашавии қасри эҳёшудаи маданият ҷамъ омаданд.
Ҳокими ноҳия Б.Ҳамдамов ба сухан баромада гуфт, ки имрӯз дар яке аз гӯшаҳои зеботарини Чуст – Варзик шодиёнаи бузург аст. Вазифаҳои пешгузоштаи Президент амалӣ мешаванд. Яке аз онҳо ана ҳамин бинои обод аст. Ба истифода супурда шудани ин маркази таъмирёфта барои аҳли   санъат ва фарҳангдӯстони Варзик мисоли равшани ободониҳо мебошад. Роҳбари ноҳия мардуми деҳаро бо ин навгонӣ самимона муборакбод кард.
Ҷонишини ҳокими вилоят К.Сиддиқов зикр намуд, ки дари ин марказ тӯли 24 соат – шабу рӯз ба мардум кушода хоҳад буд. Дар он фаъолияти 10 маҳфил ба роҳ монда мешавад. Барои бозсозии қаср маблағи зиёд харҷ шуд. Толор бисёр ҷойи нишаст дорад, ҳарчанд ҳанӯз тамоми тамошобинонро гунҷонида наметавонад. Рӯзҳои наздик ҳунармандони театри вилоят барои мухлисон намоишҳои саҳнавӣ мегузоранд. Консертҳо баргузор мешаванд.
Омӯзгори собиқадор Н.Эргашев дар баромади табрикии худ изҳор дошт, ки шамоли ҳақиқии истиқлол оқибат ба ин деҳа ҳам расид. Ин навгониро мардум 30 сол боз мунтазир буданд. Маълум аст, ки дар Варзик нависандагони бузург устод Сотим Улуғзода, Мутеъулло Наҷмиддинов ва дигар шахсиятҳои намоён таваллуд шуда, ба воя расидаанд. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон М.Дадабоева, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Н.Маҳмудов, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Ҳ.Ҷӯраев ва чандин санъаткорони дигар ҳамдиёрони мо мебошанд.
Дар тадбир бинокорони фидоии сохтмони қаср Ғ.Исматов ва Б.Қуллибоев бо туҳфаҳо сарфароз карда шуданд. Қасри фарҳанг алҳол ба боргоҳи маданияту маърифат табдил ёфтааст.
– Дар ин ҷо кори маҳфилҳо ба роҳ монда шуд, – нақл кард роҳбари қасри маданият Анварҷон Мираҳмадов. – Аз ҷумла, ҳоло маҳфилҳои сураткашӣ, сарояндагии миллӣ, рақсҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва ҳайкалтарошӣ кор мебаранд, шумораи онҳо минбаъд меафзоянд. Маҳфили кулолгариро ҳам ба роҳ мегузорем. Ният дорем, барои афзудани маҳорати сарояндагону тарзи иҷрои сурудҳои тоҷикӣ бо сарварии ҳунарпешаи варзикӣ Матлуба Дадабоева ҳайати доваронро таклиф кунем.
Шубҳае нест, ки қасри фарҳанги Варзик беш аз пеш ба халқ, алалхусус, ба  ҷавонони ҳаводори ҳунару фарҳанг хидмат мекунад.

М. МИРШАРОФ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: