Ҳар гоҳ ки ба ин муаллима рӯ ба рӯ оям, ҳисси аҷибе вуҷудамро фаро мегирад, мехоҳам соатҳои дароз бо ӯ ҳамсуҳбат шавам.
Ҳар гоҳ ки ба ин муаллима рӯ ба рӯ оям, ҳисси аҷибе вуҷудамро фаро мегирад, мехоҳам соатҳои дароз бо ӯ ҳамсуҳбат шавам. Бале, меарзад бо ӯ соатҳо ҳамсуҳбат шавӣ, зеро лафзи ширину шево, илму дониши қавӣ, шукуфарӯӣ ва табассуми ҷаззоби зебояш касро ба худ ҷалб месозад.
Ӯ зодаи деҳаи Қизилойи ноҳияи Узун аст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намудааст. Ҳанӯз ҳангоми мактабхонӣ бо дониши баланду меҳнатқариниаш сазовори ҳурмату эҳтироми умум гашта, борҳо бо ифтихорномаҳои вилоятӣ сарфароз гардонида шудааст.
Соли 1980 барои муаллима соли фаромӯшнопазирест, зеро ӯ бо холи аз ҳама баланд донишомӯзи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (ҳозира ДДОТ) гашт ва шомил гардид ба сафи омӯзгорон, ки орзуи деринааш буд. Барои ҷавондухтари 21-сола ҳам донишомӯз, ҳам арӯси хонадон, ҳам модари мушфиқ будан хеле душвор буд, аммо иродаи қавӣ ва ақлу заковати бепоёни ӯ ба ҳамаи душвориҳо тоб овард ва соҳибэҳтиром намуд.
Ҳамаи гуфтаҳои боло ба яке аз муаллимаҳои пешқадами ноҳия Мусаллам Наҷмиддинова мутааллиқанд. Ин муаллимаро на фақат дар ноҳия, балки дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ низ чун муаллимаи пешқадам мешиносанд. Ӯ устоди ҳақиқии фанни худ буда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Дарсҳои кушоди ғайрианъанавии ӯ ҳанӯз солҳои 90 оммавӣ гардонида шуда буданд. Борҳо шудааст, ки муаллима дар синф не, балки дар толорҳо дарсҳои навинашро пешкаши умум гардонидааст. Нисбати шогирдон сахтгиру серталаб аст. Натиҷаи ин аст, ки шогирдонаш борҳо дар озмунҳои фаннии ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ғолиби мутлақ гардидаанд. Тайи 28 соли охир, яъне аз соли 1992 то имрӯз соле нашудааст, ки шогирдонаш дар вилояту ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нагашта бошанд. Эътибор Толибова, Азиза Ҷамшедова, Моҳрӯ Ҳисомиддинова, Маҳина Абдураҳимова, Зурафо Файзуллоева барин шогирдонаш дар озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои фахрӣ гардида, бо роҳхат донишҷӯ гардидаанд. Аз соли 2011 ин ҷониб озмуни «Санҷиши дониш» гузаронида мешавад. Дар ин озмун ҳам шогирдони муаллима болодастанд. Рафоат Умедуллоева, Нилуфар Абдуҳомидова, Гулрухсор Ҳасанова, Муниса Абдуллоева аз зумраи онҳоянд. Аз ин номбурдагон Рафоат Умедуллоева ва Нилуфар Абдуҳомидова дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷои фахрӣ гаштаанд. Бо ёрии беғаразонаи муаллима ҷамоаи мактаб дар озмунҳои гуногуни ноҳиявӣ ба гирифтани ҷойҳои ҷоизанок муваффақ гаштаанд. Солҳои тӯлонӣ духтарони соҳибистеъдоду соҳибиқтидорро ба озмуни духтарони «Зулфияхонум» омода месозад ва, албатта, онҳо соҳиби ҷой мегарданд. Саида Абдураҳимова, Муборак Гадоева, Мадина Ҳакимова, Саломат Раҷабова, Зулфия Бекмуродова ба ин рӯйхат шомиланд.
Борҳо ба зарбаи сарнавишт рӯбарӯ гаштааст, вале ҳамеша давом медиҳад роҳро. Борҳо шудааст, ки ҳамкасбонаш нисбаташ кинаварзиҳо намудаанд. Шунида бошад ҳам, ба ношунид, фаҳмида бошад ба нофаҳмид меандохт худро, намехост касе аз дасту забонаш озор ёбад. Баъзан хиҷил мешавад аз каҷравиҳои рӯзгор, озурда мегардаду мегӯяд: «балки ба ҷои ман касе дигар мебуд, борҳо соҳибмукофот мегардид», вале лаҳзае нагузашта табассуме намуда «ба ҳамин ҳам шукр, ки дар эъзози шогирдону мардум мебошам», мегӯяд ва шеъри Лоиқи бузургворро мехонад:
Шукр гӯям зиндагиро бо
ҳама ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо
ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо
ҳар он чи ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо
омаду ноомадаш.
Соли хониши 2019-2020 барои муаллима соли муваффақиятҳо буд, зеро шогирдонаш З.Файзуллоева ва Н. Абдуҳомидова дар озмуни фаннии вилоятӣ бо холҳои баланд сазовори ҷои фахрӣ гардиданд ва Зурафо Файзуллоева дар озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои дуюм гашта, шаҳодатномаи донишҷӯиро ба даст овард. Шогирдаш Муниса Абдуллоева дар озмуни «Иншои беҳтарин» ду маротиба сазовори ҷои якум гашт. Дар озмуни фаннии ноҳиявӣ ду шогирдаш — Фарида Рашидова, Нилуфар Абдуҳомидова соҳиби ҷои якум гаштанд.
Лутфулло РАҶАБОВ,
муаллими мактаби рақами 13-уми ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.